Барномаҳои давлатӣ иҷро мешаванд

Рушди маориф омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати ояндаи дурахшони миллат аст. Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардида, корҳои назаррас ба анҷом расидаанд.

Зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мақсудзода таъкид намуд, ки ҳадафи асосии қабули барномаи мазкур таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим барои ҳалли масъ­алаҳои методӣ, шавқовар гузаронидани дарсҳо бо истифода аз воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти лабораторӣ, рушди тафаккури техникиву эҷодкории хонандагон ва гузаронидани дарсҳои амалӣ маҳсуб меёбад.

— Мақсади асосии барнома аз таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо, беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни омӯзиши фанҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад, ки дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст ва барои амалӣ гаштани барномаҳои соҳавӣ ҳамвора ҷаҳду талош менамоем, — гуфт ӯ.

Соли 2024 бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар шаҳри Хуҷанд 49 адад кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки 122,5%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Инчунин, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соли таҳсили 2024-2025 муассисаҳои таълимии №№5, 6, 9, 11, 12 бо як ада­дӣ кабинети фаннии математика, муассисаҳои таълимии №№17, 18, 22, 31 бо кабинети география ва кӯдакистони №30 бо кабинети суруд ва мусиқӣ муҷаҳҳаз карда шуд.

Тибқи талаботи барнома, дар муассисаҳои таълимии шаҳр бояд 3 адад озмоишгоҳ ва 202 адад кабинети фаннӣ дар муддати 5 сол харидорӣ ва таҷҳизонида шавад. Дар семоҳаи аввали соли 2025 чор адад кабинети фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ дар кабинетҳои фаннӣ, беҳтар намудани сифати омӯзиш, беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни омӯзиши фанҳои таълимӣ ва такмили низоми таълимию методӣ, рушди маҳорати фаъолияти касбии омӯзгор озмуни «Беҳтарин кабинети фаннӣ» байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд. Дар озмун 30 муассиса дархост пешниҳод намуда, аз онҳо кабинетҳои замонавию беҳтарин, мутобиқи замимаҳои барномаи мазкур МТМУ№№8, 22 ва гимназияи №24 беҳтарин ҳисобида шуданд. Роҳбарони муассисаҳои таълимие, ки кабинетҳои фаннияшон бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буданд, аз тарафи шуъбаи маориф бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Барои иҷрои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар 52 муассисаи таълимии шаҳр 86 кабинети фаннӣ, 2580 адад компютер, 365 адад принтер, 441 адад проектор ва 375 адад тахтаи электронӣ мавҷуд аст. Кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизоти техникӣ ва маводи таълимӣ буда, дар ҷараёни таълим ба таврӣ васеъ аз онҳо омӯзгорони истифода мебаранд.

Сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Моҳира Темирова зимни суҳбат зикр кард, ки эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани дарсҳо, истифодаи васеи аёниятҳои таълимӣ мусоидат менамояд. Аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва эҷодкори муассисаҳои таълимӣ оид ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ зиёда аз 75 дастури методӣ тартиб дода шудааст.

Баҳри баланд бардоштани сифати омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои «Математикони ҷавон», «Химикони ҷавон», «Техникони наврас», «Барномасозон», «Ихтироъкорони ҷавон», «Табиатдӯстони ҷавон» ташкил карда шудааст.

Соли равон озмуни шаҳрии «Техникони наврас» аз рӯйи 10 номинатсия гузаронида шуд, ки дар он аз 35 муассисаҳои таълимӣ хонандагон ширкат варзиданд.

Раванди иҷрои «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад.

Нуъмон Раҷабзода,
«Омӯзгор»