Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши фанҳои дақиқ вусъат меёбад

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 19        Шарҳ: 0

 

27-28–уми марти соли ҷорӣ дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои типи нави ҷумҳурӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор гардид. Дар он 498 нафар хонанда, аз ҷумла, аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 243 довталаб ва аз мактабҳои типи нав 255 нафар иштирок намуда, 175 нафар сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. 

Бояд зикр кард, ки хонандагон дар олимпиада аз фанни география ба номи Носири Хусрав, фанни математика ба номи Умари Хайём, фанни физика ба номи Абӯрайҳони Берунӣ, фанни биология ба номи Абӯалӣ ибни Сино, фанни химия ба номи Закариёи Розӣ ва фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ иштирок намуда, 29 нафар соҳиби медали тилло, 49 нафар соҳиби медали нуқра ва 97 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш