Нашрияи Омӯзгор

Сездаҳбадар – суннати дунявӣ

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 32        Шарҳ: 0

 

Мусалламан, ҷашни Наврӯз ва соири ҷашнҳои бостонии миллӣ, мисли Тиргон, Меҳргон, Ялдо ва Сада ба гурӯҳи ҷашнҳои дунявӣ дохил мешаванд, ҳарчанд ки тайи таърихи тӯлонӣ ба онҳо рангубор ва тобишҳои динӣ додаанд, вале то имрӯз бо мушаххасоти секулории худ боқӣ мондаанд. Ин аст, ки дунявият асл ва асоси силсилаи ҷашнҳои миллии моро ташкил медиҳад.

Бо гузашти чанд рӯзи тадоруку такопу дар таҷлили маросимоти Наврӯзӣ ба марҳилаи ниҳойии ҷашнӣ, ки дар силсилаи ойинҳои мунҳасир ба Наврӯзи бостонӣ “Сездаҳбадар” унвон гирифтааст, мерасем ва ба истилоҳ, Соли нави аҷдодиро хушомадед мегӯем. Дар миёни маросимоти Наврӯзӣ “Сездаҳбадар” ба унвони суннати ҷамъбастӣ ё ба истилоҳ, кулминатсионии ин ҷашни бошукӯҳи аҷдодӣ шинохта мешавад.  Расми “Сездаҳбадар”, қабл аз ҳама, бо зиндагии рӯзмарра ва ҳаёти воқеии мардумӣ вобастагӣ дорад ва барои танзими муносибатҳои мутавозини иҷтимоӣ созмон ёфтааст.  Он маҷмӯаи маросимоти Наврӯзиро ҷамъбаст мекунад ва омодагиро ба ҷараёни минбаъдаи зиндагӣ ба мардум илқо менамояд. Ин аст, ки тибқи одоти маросимӣ, мардум ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ дастаҷамъона берун аз шаҳр мераванд ва дар муҳити кӯҳсору саҳро бо хушию  хушҳолӣ ва саргармиҳо бо табиат ҳамоғӯш мешаванд.

Мардум, бо баромадан аз шаҳр худро ба муҳити бози табиат, ки инсон ҷузъи ҷудонопазири он маҳсуб меёбад, мезананд ва як навъ гармония ва тавозунро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд меоваранд. Дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ тобишҳое аз ин маросим ба исми «Сайри Гули Лола» ва «Сайри Ширбадан» тасвир шудааст ва ишороти фавқ баёнгари онанд, ки дар муҳити тоҷикӣ маросимоти ҷашнҳои миллӣ на танҳо дар ҳофизаи таърихӣ, балки дар зиндагии хусусӣ ва ҷамъӣ низ ҳифз шудаанд. Нуктаи муҳим дар ин замина ин аст, ки Наврӯз ба сифати ҷашни миллӣ ва фаромиллӣ маҳз бо Замин – яке аз чаҳор унсури ҳастӣ иртибот дорад ва Замин (хок-гил) дар баробари аносири дигари табиӣ - Обу Боду Оташ дар вуҷуду ҳузури Ҳастӣ даст дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада бо ҷавҳару аносири табиат пайвастагӣ доранд. Ҳадафи тавлиду таҷлилу тарғиби ин ҷашнҳо, ки аз хамираи ҳувиятии мардум офарида шуда, собиқаи тӯлонии таърихӣ доранд, шинохти табиат, арҷгузории ҷавҳар ва аносири табиӣ, воқеияти ҳастӣ ва билохира, ҳамоғӯшӣ бо табиат мебошад. Аз ин ҷост, ки мардум аз қадим то имрӯз ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба иҷрои маросимоти Наврӯзӣ, Тиргонӣ, Меҳргонӣ, Ялдоӣ ва Садаӣ пардохта, ҳалқаи васли наслҳои пешину пасинро таъмин намудаанд. 

Аз як давра ба давраи дигар, аз як марҳила ба марҳилаи дигари таърихӣ ва аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол ёфтани силсилаи маросимоти Наврӯзӣ ва соири ҷашнҳои миллӣ гувоҳи он аст, ки фарҳанги ҷашнӣ ва маросимии мо маҳдуду локалӣ набуда, характери тавсеавӣ ва глобалӣ дорад. Дар доираи фарҳангу маросимоти ҷашнии мо арзишҳои умумимиллӣ ва умумиинсонӣ инсиҷом ёфтаанд, ки ин хусусиятҳои арзишмеҳвар боиси фарогирии намояндагони нажоду миллият ва халқияту диниятҳои гуногун дар ҳалқаҳои идона мегарданд. Ба ин манзур, эҳё ва ба таври боистаю шоиста тарғиб намудани маросимоти ҷашнҳои миллию  мардумӣ  сатҳи буҳрони ҳувиятиро, ки ҳамакнун ҷомеаҳои моро таҳдид мекунад, пойин мебарад ва роҳро барои расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ – ташаккули биниши илмӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти низоми дунявӣ ва сохтмони давлати ояндадори миллӣ ҳамвор месозад.  

Одатан, табақаҳои иҷтимоӣ ва нафарони алоҳидае, ки ойини “Сездаҳбадар”-ро ба унвони суннати дерини аҷдодӣ берун аз фазои шаҳр дар муҳити кӯҳсору табиат таҷлил мекунанд, дар ҷараёни гардишҳои идона бозори суҳбату гуфтугӯҳои ширину созандаро дар заминаи таърихи пуршукӯҳи аҷдодӣ, қаҳрамонҳои устуравию таърихӣ, достону ҳамосаҳои миллӣ, шеъру ҳикмати Фирдавсӣ гарм нигоҳ медоранд. Ба ин тартиб, сайругашти идона дар тавъамӣ бо суҳбатҳои ҷолибу шуниданӣ дар робита бо ҷашнҳои миллӣ, маросимоти наврӯзӣ, таърихи миллӣ, фарҳанги инсонсозӣ, мароҳили худогоҳию худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои умумиллӣ ва ҷаҳонӣ, ба ҳукми анъана даровардани иҷрои маросимоти миллӣ бо мақсади беҳбуд бахшидани фазои сайёҳию гардишгарӣ дар кишвар ойини “Сездаҳбадар”-ро ба унвони ҷашни ҷамъбастии миллӣ шукӯҳу шаҳомати хосса мебахшанд. Иҷрои расмиёти Наврӯзӣ (манзур маросими Сездаҳбадар) ва дар ҳошияи он анҷом додани  суҳбату мунозираҳои самимонаю беғаразонаи ширкаткунандагони сайри Сездаҳбадарии Наврӯзӣ, ки ҳамагӣ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба фарҳанги ойинию маросимӣ, мероси гаронмояи аҷдодӣ, тадовум ёфтану амри суннатӣ гирифтани ҷашнҳои мардумӣ анҷом дода мешаванд, умри ойину суннатҳои миллиро дар мисоли расми Сездаҳбадар дароз карда, ҳофизаи таърихии миллиро қавӣ месозад.

Бар асоси таҷрибаи андаки гаштугузори идона, ки ду-се соли ахир дар партави суннати Сездаҳбадар анҷом додаем, метавон натиҷа бардошт, ки муҳити кӯҳсор - тамошои талу теппаҳо, хамгаштҳо, сабзаю дарахтҳо, фазои атрогини баҳорӣ ва наврӯзӣ, воқеан, ҷисму рӯҳи сайркунандагони маросими Сездаҳбадарро як навъ навозиш медиҳад. Ширкат дар маросими Сездаҳбадар ба унвони як дарси омӯзандаест ва моро ба сӯйи татбиқи арзишҳои фарҳангӣ дар сатҳи иҷтимоӣ таҳрик медиҳад. Дарсе, ки дар доираи суннати Сездаҳбадар дар домани сабзаю гулҳо, дар муҳити дӯстону ҳамдиёрони фозил, дар ҳамоғӯшӣ бо табиати зебои диёр баргузор мегардад, воқеан, дарси зебоипарастӣ, табиатшиносӣ, инсонгаройӣ ва арзишписандист. Иштироки фаъол ва густариши ин навъ маросими фарҳангӣ (Сездаҳбадар дар назар аст), ки асрҳо мардуми мо ба муносибати анҷом ёфтани тадорукоту суннатҳои ҷашнии Наврӯз баргузор мекарданд ва имрӯз низ дар баъзе нуқоти кишвар мутадовил аст, тақозои замон ва шароити ҳассоси бархӯрдҳои тамаддунист. Наврӯз ва маросимоти Наврӯзӣ, минҷумла Сездаҳбадар, дар маҷмӯъ, як тамаддуни тому тамоманд, ки миллат ва фарҳанги моро дар паҳнои таърихи башарӣ аз қадим то имрӯз намояндагӣ мекунанд. Бошад, ки ин гуна маросимоти миллию мардумӣ байни  ҷомеа густариш ёбанд ва сол ба сол зеботару хотирмонтар ҷараён бигиранд. 

Қатъи назар аз он ки дар пешорӯйи таҳдиду хатарҳои глобалию бемориҳои сироятию вирусӣ бо шумули коронавирус қарор дорем, ҳифзу нигаҳдошт ва муҳимтар аз ҳама, иҷрои боэҳтиёту боназокати маросимоти миллию мардумӣ, ки покию тозагии равонию ҷисмӣ ва ботинию зоҳирии ҷомеаро тараннум ва тақозо менамоянд, вазифа ва рисолати интеллигенсияи миллӣ мебошад. Воқеан, имрӯз замоне расидааст, ки суннату маросимоти фаромӯшшудаи миллию мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати қаблӣ эҳё шаванд. Масъулияти фардӣ ва рисолати иҷтимоии мо тақозо мекунад, ки дар раванди зинда ва мавриди таҷлил қарор додани маросимоти Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада саҳми муносиб бигирем. Зимнан, ҳар яки мо бо амалкардҳои муфиди инфиродӣ ва даста-ҷамъӣ метавонем ҷашнҳои бузурги миллиро дар якҷоягӣ бо маросимоти аҷдодӣ ба сатҳи иҷтимоӣ ва мардумӣ бирасонем ва умри онҳоро барои садсолаҳо дароз намоем.

Сездаҳбадар муборак, ҳамватанони гиромӣ!

 

Нозим Нуров,

устоди ДДФСТ

ба номи М. Турсунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш