Нашрияи Омӯзгор

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: Шоҳҷоиза ба Раъно Насриддинова

Сана: 2020-12-24        Дида шуд: 31        Шарҳ: 0

7-15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он  269 нафар довталаб аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. 

Озмун аз рӯйи 5 номинатсия - хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин, 17-уми декабри соли равон барои дарёфти “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 5 нафар - Рухшона Норова - хонандаи синфи 8, Раъно Насриддинова – хонандаи синфи 11 (ҳарду аз шаҳри Панҷакент), Сарфарозиддин Иморуддинов – омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд, Гулбаҳор Раҳимова – омӯзгор аз ноҳияи Мастчоҳ ва Нӯшофарин Хидирова – омӯзгор аз шаҳри Истиқлол иштирок карданд.
18-уми декабри соли равон (нимаи аввали рӯз) як қатор кормандони Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни мазкур бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. 
Шоми 18-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Ғолибон бо ҷоизаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар ҷамъбасти озмун Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ҳакамон, иштирокдорони озмун,  волидайни иштирокдорон  ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин, аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.
Дар оғоз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки «ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»   баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки дар ҳақиқат, мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошанд.
Шоистаи таъкид аст, ки озмуни имсола аз соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, номинатсияҳо ба се гурӯҳ – миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) ҷудо ва теъдоди ҷойҳои якуму дуюму сеюм зиёд гардид.
Ҳамин тариқ, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Рухшона Норова (хонандаи синфи 8, шаҳри Панҷакент) соҳиби ҷойи якум, Рухшона Афзалзода (ноҳияи Айнӣ), Саидамир Боқиев (шаҳри Душанбе), Шукрона Хуҷамқулова (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Раҷабалӣ Абдусаломзода (ноҳияи Данғара), Меҳронаи Абдулло (ноҳияи Ховалинг) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Сарвиноз Саидова (донишҷӯи курси дуюми ДМТ, шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Ҷавоҳир Ашӯрова (шаҳри Хуҷанд), Сулаймони Аҳтам (ноҳияи Тоҷикобод), Султон Каримов (ноҳияи Ёвон) соҳиби ҷойи дуюм, Фархунда Шодиева (шаҳри Бохтар), Шаҳло Ёрмуҳамедова (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Сарфарозиддин Иморуддинов (омӯзгор, шаҳри Хуҷанд) соҳиби ҷойи аввал, Оқил Осимӣ (шаҳри Бӯстон), Сиратулло Зоиров (шаҳри Душанбе), Дилафзун Раҳмонова (шаҳри Панҷакент) соҳиби ҷойи дуюм, Раҳима Ҳидоева (ноҳияи Мастчоҳ), Меҳринисо Сатторова (ноҳияи Ёвон) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи аввал Диплом ва 30 000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом, 20 000 ва 15 000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Рухшона Бобозода (хонандаи синфи 11, ноҳияи Файзобод) соҳиби ҷойи якум, Собирҷон Саидзода (шаҳри Душанбе), Наргис Абдуллоева (шаҳри Ҳисор), Гулзода Шералиева (ноҳияи Айнӣ) соҳиби ҷойи дуюм, Муҳаммад Шарипов (шаҳри Душанбе), Зебунисои Азизиён (ноҳияи Деваштич) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Шероз Бобохонов (донишҷӯи курси 2, ДМТ, шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Гулафзо Пирова (шаҳри Душанбе), Парвина Самандарзода (шаҳри Душанбе), Мадина Зоирова (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Хосияти Шаҳобиддин (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Моҳинов Аҳмадзода (шаҳри Бохтар) соҳиби ҷойи дуюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Гулбаҳор Раҳимова (омӯзгор, ноҳияи Мастчоҳ) соҳиби ҷойи якум, Далерҷони Бозор (ноҳияи Муъминобод), Азамат Шамсиддинова (шаҳри Душанбе), Бахтинисо Низомова (шаҳри Турсунзода) соҳиби ҷойи дуюм, Нилуфар Одинаев (ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ), Хайрулло Ғафуров (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом, 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом, маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Шоина Мабатқадамова (хонандаи синфи 5, ВМКБ) соҳиби ҷойи якум, Муҳиба Шарифова (ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), Сурайё Саидзода (шаҳри Душанбе), Нигора Раҳмонова (ноҳияи Файзобод) соҳиби ҷойи дуюм, Ҳадиса Муъминова (шаҳри Истаравшан), Мутриба Қурбонова (шаҳри Ваҳдат) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Фарзона Восиева (донишҷӯи курси сеюми ДМТ, шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Саёҳат Маҳмадавлатова (ноҳияи Данғара) соҳиби ҷойи дуюм, Сорбон Бобоева (шаҳри Бохтар), Малика Мавлонова (ноҳияи Рӯдакӣ) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Фарзона Темурзода (ноҳияи Ёвон) соҳиби ҷойи дуюм, Маҳмурод Раҳмонов (шаҳри Бохтар), Тоҷинисо Давлатова (шаҳри Бохтар) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом, маблағҳои 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон, дар гурӯҳи тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ – Нозанин Саидзода (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи якум, Мадинаи Ҷамолиддин (шаҳри Душанбе), Самина Саидова (шаҳри Душанбе), Сайидо Шарапов (шаҳри Душанбе) соҳиби ҷойи дуюм, Шарифамо Одинамамадова (шаҳри Хоруғ), Муродҷон Бойсаризода (шаҳри Исфара) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ – Шабнам Одинаева (донишҷӯи курси дуюми ДМТ, шаҳри Душанбе), Хуршед Қурбонов (шаҳри Кӯлоб) соҳиби ҷойи якум, Дилфуза Аҳмадҷонова (шаҳри Душанбе), Нодира Ханҷарова (шаҳри Турсунзода) соҳиби ҷойи дуюм, Мавлуда Атаджонова (шаҳри Левакант), Дилбар Тошматова (ноҳияи Рӯдакӣ) соҳиби ҷойи сеюм, дар миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун – Нӯшофарин Хидирова (омӯзгор, шаҳри Истиқлол) соҳиби ҷойи якум, Рӯзигул Боякова (шаҳри Душанбе), Олга Ҷӯраева (ноҳияи Ҷаббор Расулов), Маликахон Очилова (ноҳияи Дӯстӣ) соҳиби ҷойи дуюм, Аҷикулло Ҳусейнов (ноҳияи Данғара), Зумрад Абдуллоева (шаҳри Ҳисор) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар номинатсияи шоирӣ Мафтуна Назарова (корманди нашрияи “Зарафшон”, шаҳри Панҷакент) соҳиби ҷойи якум, Шобегим Маликова (шаҳри Душанбе), Шаҳноза Пирова (шаҳри Норак) соҳиби ҷойи дуюм ва Малоҳат Толибова (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолибони ҷойи якум Диплом ва маблағи 25000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм Диплом 20000 ва 15000 сомонӣ тақдим гардид.
Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон соҳиби “Шоҳҷоиза”-и “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2020 Раъно Насриддинова (хонандаи синфи 11, шаҳри Панҷакент) гардид. Ба ғолиби “Шоҳҷоиза” Диплом ва 60000 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
Дар баробари ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 100 нафар иштирокчии фаъоли озмун ифтихорнома ва туҳфаи молӣ ба маблағи 1000 сомонӣ супорида шуд. Ҳамзамон, ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, бо пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 нафар иштирокчии фаъол, ки хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошанд, роҳхат барои бе имтиҳон қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода шуд ва  бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон се нафар бо нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Дар охир  Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷиҳати дар сатҳи баланд  ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин, дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайти доварон  изҳори сипос намуд.
Зимни суҳбат адабиётшинос ва узви ҳайати ҳакамон аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон Ҳафиз Раҳмон зикр намуд, ки дар рӯзи 9-уми озмун бовар кардам, ки дар ниҳоди бархе ҷавонон дигаргуниҳои фикрӣ ба амал меояд: ононро дигар асарҳои “зинда бод”-и реализми сусиёлистӣ ба ваҷд намеорад, мехоҳанд он асарҳоеро бихонанд, ки ба замони нав, ба зиндагии имрӯза ва арзишҳои башарии кунунӣ мутобиқате доранд. Ҳамин навъ ҷустуҷӯҳои фикрист, ки бархе дар номгӯйи асарҳояшон адибонеро ворид кардаанд, ки “дигаргуна” менависанд, роҳу равиши инъикоси зиндагӣ ва сарнавишти одамӣ дар онҳо куллан дигар аст… Барои ҳамин ҳам, банда муфассал дар пешниҳодам ба раёсати озмун аз такмил додани низомнома сухан гуфтам: аз даврони пешин як миқдори кам бас аст, бояд адибони замони нав, нависандагони равияҳои гуногун ва методу ҷараёнҳои нави адаби ҷаҳонӣ ба низомнома ворид шаванд, то шавқу завқи китобхонӣ маҳсул бидиҳад, андеша пайдо шавад.
Аз сарсарӣ хондани асар чӣ фоида, ки чун чӯби хушке дар майна фикри солим ба вуҷуд наояд…
Бояд гуфт, ки номинатсияи адабиёти ҷаҳон аз дигарҳо бо он афзалият дорад, ки чашми наврасону ҷавононро ба олами садранги китоб ва гуногунрангии зиндагӣ аз дидгоҳи адибони модерн бозтар намуда, ду чизи ниҳоят лозим – қиёс ва андешаро ташаккул медиҳад. Муҳимтарин рисолати ин озмун бояд ҳосил намудани андеша бошад ва андеша дар навбати худ асоси ташаккули шахсиятҳост. Ба ин андешаам, ки озмуни мазкур ҳамон вақт рисолати худро иҷро хоҳад кард, ки ҳар иштирокчии ин номина хуб бифаҳмад: мақсад аз хондани китобҳои адибони дигар кишварҳо аз онҳо чун оруи асал шаҳди ақлу андеша ба худ гирифтан аст, тавассути китоб аз фарҳангҳои гуногун беҳтарин фазилату арзишҳоро ба арзишҳои худӣ зам кардан аст…
Дар умум, ягон адабиёт аз адабиёти дигар бартарӣ надорад, аммо аз нигоҳи ҳунари нависандагӣ ва ҷойгоҳи ин ё он асар дар раванди адабиёти ҷаҳон тафовутҳо зиёданд. Аксарияти адибоне, ки дар низомномаи ҳозира ҳастанд, дар замони Шӯравӣ зиста, арзишҳои ҳамон давраро таҷассум кардаанд ва ба ташаккули тафаккури созанда ва эҳсоси зебоишинохтии насли имрӯза, хусусан ҷавонон, мувофиқат намекунанд.
Дар даҳлезу роҳравҳо ба гӯшам мерасид, ки “чаро осори адибони давраи нави адабиёти ҷаҳонро намепурсанд, чаро эҷоди он нависандагонеро намепурсанд, ки дар ҷаҳони имрӯза шуҳрати беназир пайдо кардаанд…”. Духтараке ба саҳифаи банда дар фазои маҷозӣ навиштааст, ки соли дароз аз эҷодиёти беҳтарин адибони ҷаҳонӣ – Рэй Бредбери, Митчелл, Паул Коэлйо, Холид Ҳусайнӣ, Хулио Кортасар, Мигел Астуриас ва… хондаму аз ягонтои онҳо суол нашуд…
Сеюмӣ мегӯяд: “Чаро дар низомнома аз адабиёти рус ақаллан Достоевский, Солженитсин, Набоков нест, ҳол он ки инҳо дар рейтинги даҳ адиби бузурги ҷаҳон қарор доранд…”. Ростӣ, дилам ба онҳое месӯзад, ки бешу андак ба фаҳми хондаашон мерасанд.
Андешае ҳоло ба сарам меояд: рӯйхати ҳатмии адибонро таъйин кардан аз фоида дида, зарараш шояд бештар бошад: як бонуе гуфт, ки “магар мешавад, ки маҷбуран асареро бихонӣ, бояд аввал шавқи хондан бошад”, ки ба назари банда, дуруст аст. Вақте рӯйхат озод шуд, ҳар касе мувофиқ ба завқаш китоб хонда, таассуроте мебардорад. Агар ин кор ғайриимкон бошад, пас, феҳрасте таҳия кардан лозим, ки ҳадди ақал аз дусад адиби маъруф ва шоистаи ҷаҳонӣ иборат бошад: ҳам қадимиёнро (классикҳоро) дар бар гирад ва ҳам адибони имрӯзаи шуҳратёри ҷаҳониро… Он гоҳ барои шикоят кардану норозӣ будан имкон намешавад… Дар ибтидо, яъне барои соли оянда бигзор ин рӯйхат аз 100 нависандаи бузурги ҷаҳон бо зикри асарҳои беҳтаринашон бошад (фарқ надорад, аз кадом кишваранд…).
Роҳу равиши пурсиш аз ҷониби ҳакамон ҳам бояд дигар бошад: ҳоло маҷбурем аз номи қаҳрамону ҷойи воқеа бипурсем, акнун мебояд таассуроти хонандаи китобро дар мадди аввал гузорем: хулосаи китобхон чист, чӣ бардоште кардааст, муаллиф чӣ мехоҳад ва оё ба ҳадафаш расидааст… Хулосаи батафсили хонандаи китоб чист. Чӣ андешае баъди китоб хондан ҳосил шуд ва ғайра. Чунин тарзи санҷиш ба ҳосил шудани андешаи мустақил дар мағзи иштирокчии озмун мусоидат хоҳад кард. Муҳим аст, ки хонандаи китоб биандешад, тафаккур кунад, ки чӣ хондааст ва бо ягон асари дигар онро қиёс карда тавонад.
Маҳз тавассути ҳамин озмун ҷавонон фаҳмидаанд, ки ягона роҳи наҷоташон аз ботлоқи беҳудагиву беандешагӣ китоб аст.
Узи ҳайати ҳакамон аз номинатсияи шоирӣ, адиби номвар Рустами Ваҳҳоб иброз дошт, ки имсол барои ширкат дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз номинатсияи шоирӣ аз саросари Тоҷикистон 23 нафар довталаб иҷозаи ширкат дарёфт намуданд. Аз ин 23 нафар 20 нафар ширкат карданд ва 3 нафар бо сабабҳои гуногун ҳузур надоштанд.
Довталабон ба далели шумораи камтари онҳо, ҳамчунин, имкони бисёр хуберо барои ҳарчи муфассалтар ироа кардани маводи пешниҳодии худ дар анвою ақсоми гуногуни каломи манзум дар ихтиёр доштанд.
Муносибати ҳайати ҳакамон бо осори арзашуда бодиққат, холисона ва бо мувофиқати комили андешаву назарҳо сурат гирифт. Мавридҳое мешуд, ки ҳакамон аз мубоҳисаҳои назариву илмӣ байни худ сарфи назар намекарданд, вале дар ҳар ҳоле ба нуқтаи назари воқеъбинонае, ки баҳои аслии осори арзашуда дар он хулоса мегардид, ба мувофиқат мерасиданд. Эҳсос мешуд, ки довталабон аз донишу таҷрибаи ҳакамон ҳамеша қаноатманд мегардиданд. Дар ин зимн аз тавсияҳои амалӣ ва назарӣ барои пешбурди кори эҷодии довталабон дар оянда низ сарфи назар намешуд. 
Ҳайати ҳакамони номинатсияи шоирӣ бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳое, ки дар ин давра аз ҷараёни фаъолияташон дар озмун ба даст омадааст, барои беҳбуди кор дар ин бахш ва такмили он баробари дигар номинаҳои озмун чанд пешниҳодро лозим шумурданд:
1. Тақсими бахшҳои номина ба эътибори синну соли ширкаткунандагон ба се гурӯҳ: хонандагон; донишҷӯён; марҳалаҳои баъдӣ.
2. Тақсими бахшҳои номина ба асоси навъҳои адабӣ: жанрҳо ва навъҳои суннатӣ (анъанавӣ); нав (мудерн, масалан, шеъри нав ва сафед); адабиёти кӯдак, насру драма; тарҷума. Бояд гуфт, ки ҳамаи мавридҳои мансуб ба забонҳои хориҷӣ аз номинаҳои дигар, беҳтар аст, бардошта шуда, ба як бахши махсус дар таркиби ин номина (бахши тарҷумаи бадеӣ) табдил дода шавад, то ҳайати босалоҳияти мутахассисон чун як ҳайати алоҳидаи ҳакамон дар он доварӣ намояд ва ба ин восита донандагони забонҳои хориҷӣ на танҳо як хонанда, балки чун тарҷумон низ парвариш шаванд.
3. Дархости тақриз барои асарҳое, ки ба давраи ниҳоии озмун роҳ меёбанд. Ин тақризҳо бояд аз тарафи мутахассисони босалоҳият, адабиётшиносону мунаққидону адибони шинохта дода шаванд. Зеро дар як муддати кӯтоҳи баргузории озмун ба таври муфассал баррасӣ кардани ҳамаи осори бадеии пешниҳодӣ кори душвор аст. Ҳамчунин, ин кор метавонад, мусоидат намояд, то осори номуносиб ба даври ниҳоӣ роҳ наёбад.
4. Агар ин пешниҳодот қобили қабул дониста шавад, дар он сурат унвони ин номина бояд фарогири маънои куллитаре бошад ва онро метавон Номинаи “Эҷоди бадеъ” ё “Эҷоди бадеӣ” номид.
Дар суҳбат Раъно Насриддинова қайд кард, тамоми саволҳое, ки аз ҷониби аъзои ҳакамон дода шуд, дар доираи он чизе буд, ки ман хонда будам. Дар доираи оне, ки як иштирокчии номинатсияи «Хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон»  бояд донад. Имсол доварон ҳангоми пурсиш аз адабиёти рус оғоз мекунанд, мегузаранд ба адабиёти ғарб баъд мегузаранд ба адабиёти Амрико, мераванд ба Шарқи Дур,  мераванд ба минтақаи Қафқоз, нимҷазираи Арабистон, Австралия, Амрикои Ҷанубӣ ва ғайра. Умуман, ҳар нафаре, ки адабиёти ҷаҳонро хуб мехонад, гӯё ҷаҳонро ҷаҳонро давр мезанад.
Ҳар касе мегӯяд, ки ҳама чизро медонам, вай хато мекунад. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирокчие нест, ки аъзои ҳакамонро пурра қонеъ гардонад. Ҳар саволе, ки аз ҷониби аъзои ҳакамон шуд, посух додам, вале шояд дар ҷараёни суҳбатҳои дароз саволеро беҷавоб гузошта бошам, ки  ин, албатта, камбудии ман аст. Аммо то ҷое, ки ман мушоҳида кардам ва аз ҷараёни суҳбаташон низ эҳсос мешуд,   аъзои ҳакамон аз ҷавоб доданҳои ман розӣ ё хурсанд буданд.
Муҳаммади Ҳиҷозӣ мегӯяд, ки барои муваффақият се зина аст: якум истеъдод, дуюм устод ва сеюм ирода. Агар ирода набошад, на истеъдод ба кор меояд, на устод. Барои ҳамин ман ба худ бовар дорам. Ҳамин боварӣ маро то даври ниҳоӣ овард. Ба дониши худ, ба он чизе, ки хондаам, боварии комил дорам.
Аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳои озмун агар шуморам, шояд бештар аз 700 ё 800 асар бошад. Ин ҳамон асарҳоеянд, ки ман онҳоро дӯст медорам. Аз 58 нафар адибе, ки дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон тавсия шудааст, ду нафарашро ном бурдан мумкин аст, ки ман шояд аз онҳо яктоӣ асар мутолиа кардаам. Аз боқимонда аз 10 то 12 асарӣ мутолиа кардам ва рӯйхати адабиёте, ки ман дар ин номинатсия пешниҳод кардам, бештар аз 300 асари адибони ҷаҳонро фаро мегирад.
Р. Насриддинова тассуроту бардошти хешро баъди ба даст овардани шоҳҷоиза чунин иброз дошт: – Ҳатто ба сарам ҳам чунин фикр наомада буд, ки сазовори шоҳҷоиза мегардам. Ба сарнавишт такя кардам ва  бубинед, ки имрӯз дар ин саҳнаи барҳавову зебанда тавонистам соҳиби чунин мақоми арзишманд гардам. Ин мақоми баланде, ки бароям сазовор донистанд, як масъулити бузургу сангинест, ки аз ман фаъолияти беҳтареро дар оянда талаб мекунад ва бояд бештар  ва хубтар ин масъулияти базиммаам гузоштаро дарк кунам ва ба ояндаи миллату давлати худ  омодаи кор бошам. Вақте шумо вазнинии ҳамин ҷомро ҳис мекунед, дастонатон, чашмонатон, вуҷудатон, баданатон ба дард ба ҳаяҷон меояд, ки шабҳои бехобӣ ба ёдатон меояд, устодоне, ки маро роҳнамоӣ мекарданд, падару модарам пеши назарам меоянд. Хуллас, ҳаяҷонам беинтиҳост…
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», алалхусус, барои ман боварӣ ба ирода, масъулият, дониш, шиносҳои нав, бардошт ва тассуроти наве, ки дар он сухан оҷиз ҳастанд ва қуввату тавоноӣ дод. Ҷоизаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ман на танҳо шоҳҷоиза, балки заҳмату талоши устодони ман аст, ин заҳматҳои падарам ҳаст, ки маро ба ин саҳна расонданд ва дӯстоне, ки ман дар ин озмун бо онҳо ошноӣ пайдо кардам.
Дар мавриди дар куҷо сарф намудани маблағи шоҳҷоиза Раъно Насриддинова чунин гуфт: – Тавре ман пеш ҳам дар баромадам гуфта будам, ҷоизаи пулиеро, ки аз озмун ба даст овардаам, барои сохтани китобхона дар зодгоҳам – деҳаи Сории шаҳри Панҷакент сарф хоҳам кард. Китобҳоеро ҷамъ меоварам, ки ба ҳамдеҳагонамон дастрас нестанд. Кӯдаконро ҷамъ мекунам, дар он ҷо маҳфилеро роҳандозӣ месозам. 
Оянда ният дорам, ки таҳсиламро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома диҳам. Албатта, нақшаҳои эҷодӣ низ дорам, ки пас аз шомил шудан ба донишгоҳ онҳоро  амалӣ хоҳам кард.
«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш