Нашрияи Омӯзгор

Ҳувияти миллӣ аз нигоҳи устод Айнӣ

Сана: 2020-12-18        Дида шуд: 24        Шарҳ: 0

Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ аз мавзӯоти мубрам маҳсуб ёфта, омӯзишу таҳқиқи ин мавзӯъ дар шинохти бештари худшиносии миллӣ саҳми босазо мегузорад. Шоистаи таъкид аст, ки солҳои охир ба ин мавзӯъ муҳаққиқони ҷавон таваҷҷуҳ намуда, пажӯҳишҳои арзишмандро ба сомон расонидаанд.
Сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Эҳсон Сафарзода аз ҷумлаи он муҳаққиқонест, ки масъалаи худшиносиву худогоҳии миллиро мавриди пажӯҳиши амиқ қарор додаанд.  

Ӯ соли 2019 дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳувияти миллӣ дар публитсистикаи Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва муаллифи асарҳои  «Устод Айнӣ ва ҳувияти миллӣ» ва «Ҳувияти миллӣ дар осори публитсистии Садридин Айнӣ»  мебошад. Инак, китоби нави муҳаққиқи ҷавон бо номи «Нақши Сад-риддин Айнӣ дар ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон» («Роль Садриддин Айнӣ в становлении национального самосознания таджиков», бо забони русӣ) ба нашр расид, ки фарогири мақолаву навиштаҳои пурмуҳтаво дар масъалаи ҳувияти миллӣ дар осори пуб-литсистии устод Айнӣ мебошад.
Воқеан, устод Садриддин Айнӣ дар давраи бисёр ҳассосу муҳим баҳри шинохти миллати тоҷик асарҳои таҳқиқотиву  публитсистӣ эҷод намудаву таърихи пурифтихори миллати тоҷикро бо далелҳои муътамад собит намуд.  Ҳамин корномаву фаъолияти пурсамари устод Айнӣ буд, ки дар  замони соҳибистиқлолӣ ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор  гардид. Доир ба фаъолияти адабию осори Садриддин Айнӣ пажӯҳишҳои зиёде анҷом пазируфтаву дар ин масир таҳқиқотҳо идома доранд. Дар таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни осори Садриддин Айнӣ ҳанӯз ҳам мавзӯъҳои зиёде мавҷуданд, ки таҳқиқи онҳо амри зарурист. 
Эҳсон Сафарзода  бо таҳқиқу пажӯҳиши доманадор тавонистааст, ки масъалаи ҳувияти миллиро дар осори Садриддин Айнӣ ба таври муфассал мавриди омӯзиш қарор бидиҳад, ки асари «Нақши Садриддин Айнӣ дар ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон»  далели ин гуфтаҳост. 
Ба таъкиди муҳаққиқ, вобаста ба масъалаи ҳувияти миллӣ  дар осори Садриддин Айнӣ донишмандони соҳа мақолаҳо навиштаанд, вале ба таври консептуалӣ мавзӯи мазкур таҳқиқ нашудааст. Аз ҷумла, дар асарҳои Р. Фиш, Р. Ҳошим, С. Улуғзода, А. Деҳотӣ, М. Турсунзода, Р. Ҳодизода, С. Табаров, Ш. Ҳусейнзода, Х. Мирзозода, Ҷ. Икромӣ, А. Сайфуллоев, И. С. Брагинский, К. Айнӣ, М. Шакурӣ, А. Маниёзов, Х. Айнӣ аҳамияти он ба таври умумӣ нишон дода шудааст. 
Муҳаққиқ  ҳангоми омӯзиши мавзӯи мазкур масъалаҳои ҳувияти миллиро дар осори Садриддин Айнӣ ҷӯё мешавад, ки аз пажӯҳиши фарогири ӯ шаҳодат медиҳад. Масъалаи мавриди назар аз чанд ҷиҳат аҳамияти баланди илмӣ дорад. Аввалан, мавзӯи номбурда бори нахуст дар шакли консептуалии илмӣ пажӯҳиш шудааст.  Дуюм, муҳаққиқ кӯшидааст, ки бо такя бо маъхазҳои муътамад  ва осори зиёди илмӣ мавзӯи мазкурро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бидиҳад.  Ҷиҳати илмии асари Э. Сафарзода қавӣ буда, баррасиҳо атрофи масъалаҳои мавриди баҳс дар доираи осори устод Айнӣ ва асарҳои илмӣ ба вуқӯъ пайвастаанд.  Китоб аз муқаддима ва навиштаҳои «Фаъолияти илмӣ ва эҷодии Айнӣ» («Исследовательские деятельность и творчество Айни»),  «Ташаккули мафҳуми «тоҷик» дар контексти таърихӣ («Формирование понятия «таджик» в историческом контексте»), «Саҳми С.Айнӣ дар ташаккули забони адабии муосири тоҷик» («Вклад С. Айни в становление современного  литературного таджикском языка»)  ва хулосаву рӯйхати манбаву адабиёт иборат аст.
Дар китоб мақолаи алоҳида  ба калимаи «тоҷик» дар контексти илмӣ бахшида шуда,  ба таври илмӣ  мафҳуми  «тоҷик» собит гардидааст.  Муаллиф дар ин масъала ба осори устод Айнӣ ва ҳамчунин, маъхазҳои муътамади илмӣ такя кардааст, ки бисёр омӯзанда мебошад.  Воқеан, оид ба мавзӯи матраҳгардида имрӯз низ дар матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёд вуҷуд дорад. Муҳаққиқ ба ин мавзӯъ низ дар асар аз чанд зовия наздик шудааст. Ба таъкиди Э. Сафарзода, «Ба андешаи устод Айнӣ, дар асарҳои нависандагону муҳаққиқони тоҷику форс шакли асосӣ, аввалин ва аслии ин калима «тоҷик», бо мадди зерин аст, шакли бе мадди зерини ин калима бошад, бо айби котибон ё ин ки барои дар вазн ғунҷондан бо хоҳиши шоирон пайдо шудааст. Дар қисматҳои баъдии мақола устод исбот менамояд, ки ин калима ба тарзи «тоҷик» бо мадди зерин дар қадимтарин дастнависҳои тоҷикӣ навишта шудааст».
Муҳаққиқ масъалаи ҳувияти миллиро дар «Ёддоштҳо», «Таърихи инқилоби Бухоро», «Таърихи амирони манғитӣ», «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ», «Шайхурраис Абӯалӣ Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Алишер Навоӣ», «Мирзо Абдулқодири Бедил», «Зайниддин Восифӣ ва «Бадоеъ-ул-вақоеъ», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» таҳқиқ кардааст. 
Ба таъбири ӯ, «Ёддоштҳо»-ро ёди таърихии миллат, роҳи душвори бедории миллӣ, замони душвори худшиносии миллӣ фаро гирифтааст. Устод ба таври бадеӣ он маъниро ифода кард, ки дар хотираи  хонанда бузургӣ, қадимӣ ва сокини бумиву асосии шаҳри Бухорову Самарқанд будани тоҷикон таъкид гардад». Асари номбурда аз як тараф, дар шинохти бештари масъалаи ҳувияти миллӣ дар осори устод Айнӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, дар шинохти бештари худшиносиву худогоҳии миллии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.  Бояд гуфт, ки масъалаҳои миллӣ тамоми  эҷодиёти устод Айниро фаро гирифтаанд, ки аз  марому маслаки ӯ дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ дарак медиҳад.
Китоби «Нақши Садриддин Айнӣ дар ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон»  асари арзишманди таҳқиқотӣ дар масъалаи шинохти миллат  буда, мутолиаи он барои муҳаққиқон ва аҳли илму адаб судманд мебошад. Дарвоқеъ, Эҳсон Сафарзода нақшаҳои зиёде вобаста ба омӯзиши фаротари илмии масъалаи ҳувияти миллӣ дар соҳаҳои гуногуни илмро дорад, ки бешак, амалест хайру корест мондагор, ки дар ин самт барояш комёбиҳои бештар таманно дорем.

Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш