Нашрияи Омӯзгор

Зи дониш сарфарозӣ метавон ёфт

Сана: 2020-12-17        Дида шуд: 19        Шарҳ: 0

 7-15 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар  ин даври озмун  269 нафар довталаб  аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. 

Озмун аз рӯйи 5 номинатсия сурат гирифт: номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ.
Бо мақсади шаффоф баргузор гардидани озмун масъулони он барои волидон ва иштирокдорон дар макони баргузории ҳар як номинатсия мониторҳо гузоштанд, ки ҷараёни он  пурра мустақиман пахш ва аз ҷониби тамошобинон назорат карда мешуд.
Бояд гуфт, ки дар озмун дов-талабон аз рӯи номинатсияҳои интихобкардаашон рӯйхати асарҳои хондаашонро ба ҳакамон пешниҳод мекунанд.   7 нафар узви ҳайати ҳакамон аз ҳамон рӯйхати пешниҳодшуда  бо довталабон суолу ҷавоб карданд.   Тавре ҳакамон иброз медоранд, омодагӣ нисбат ба  соли пешин  хубтар аст, вале ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар пешниҳоди рӯйхати асарҳо ба назар мерасад, ки аз надонистани низомномаи озмун дарак медиҳад.
Озмуни имсола  аз соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, ҳар номинатсия  ба се гурӯҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд гардидааст.
Раиси ҳайати доварон дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон Муртазо Зайниддинзода гуфт, ки имсол иштирокдорон бо тайёрии ҷиддӣ омадаанд. Ҳар камбудие, ки соли гузашта буд, имсол бартараф шудааст. Онҳое, ки соли дуюм иштирок мекунанд, хеле суҳбаташон озод аст, ба ҳар чизе, ки соли аввал ҳакамон эрод гирифта буданд, онро ислоҳ кардаанд, теъдоди асарҳои мутолианамудаашон ҳам зиёд шудааст. Як чизи фарқкунандаи озмуни имсола  тарзи суҳбату забондонӣ, баёни андешаи озод, ба баҳсҳо ворид шудану ҷасорати довталабон  мебошад, ки ростӣ, моро хеле хурсанд мекунад. 
Ба иттилои мавсуф, довталабоне ҳастанд, ки аз рӯйи номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон китобҳои адибони Ғарбро бо забони асл мутолиа намудаанд ва  бо забони англисӣ атрофи асари хондаашон  озод суҳбат мекунанд, муҳтавои асосии асарашонро бо ҳамин забон баён месозанд. Ҳамзамон, русидонии  довталабон ҳам шоистаи таҳсин аст.
Дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 61 нафар довталаб баромад кард. 
Яке аз иштирокчиёни хурдсоли озмун Муродҷон Бойсаризода аз шаҳри Исфара аз рӯйи номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон дар рӯзи дуюм назди доварон баромад дошт. Мавсуф давоми як соли охир 93 китоб мутолиа намуда, аз рӯи онҳо бо доварон баҳс дошт. Ӯ гуфт, ки дар ин муддат асарҳои адибони Ғарб, Шарқ, рус ва ғайраро  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мутолиа кардааст.
Дар озмун шахсони касбу кори гуногун иштирок карданд, ки аз ин байн хонандагону донишҷӯён истисно нестанд. Яке аз иштирокчиёни хурдсол аз шаҳри Хуҷанд, ки ҳамагӣ 5 сол дорад, дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик назди доварон бо лаҳни шевою ширин баромад намуда, ҳамагонро дар ҳайрат гузошт.  Хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова, ки дар даври вилоятии озмуни мазкур  сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд, зимни суҳбат гуфт, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як имтиҳон ва  озмоиши одӣ нест, балки  ин аз доираи озмуни одӣ берун аст, муаллими сахтгирест, ки имрӯз  ҷавонони моро аз ҳар ҷиҳат, ҳам аз тамаддуни тоҷик ва  ҳам аз  тамаддуни ҷаҳонӣ санҷиш мекунад. “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сарчашмаи бузурги маънавиёт ва тавоноии беандоза пурқудратест, ки идроку маънавиёти моро тақвият мебахшад.
Узви ҳайати ҳакамони озмун,  адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон иброз дошт, ки аз пурсиши довталабон дар рӯзи аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба хулосае омадам, ки имсол рақобат ҷиддӣ хоҳад шуд. Сатҳи омодагӣ баланд ва номгӯи осори хондаву даркшуда даҳҳо варақ аст…
Ҳоло чизи мушаххасе гуфтан имкон надорад, аммо аз тарзи гуфтор ва фаҳму дарки ду нафар аз иштирокдори озмун дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон – яке Шарифамо Одинамамадова (хонандаи синфи 11-уми литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ) ва Муродҷон Бойсариев (хонандаи синфи сеюм аз шаҳри Исфара) хеле хушнуд шудам. Инҳо асарҳои зиёде (ҳатто берун аз низомнома) хондаанд ва дар посух гуфтан лаҳзае таъхир намекарданд. Ақлашон расову зеҳнашон гиро! Офаринашон!
Чизи зиёде аз ин гуфтан наметавонам, чунки яке аз доваронам, аммо дар 9-солагӣ огоҳ будан аз осори Гёте, Лермонтов, Айтматов, Киплинг, Марк Твен ва… азёд донистани беш аз 2000 байт аз ашъори ба русӣ тарҷумашудаи бузургони сухан, ба забони русӣ бенуқсу тозаву озод такаллум кардани хонандаи синфи сеюм маро ниҳоят ба ваҷд овард. Сипоси беандоза ба волидонаш, ба муаллимонаш, ба мактабаш, ба пайвандонаш!
Ташкили озмун дар сатҳи олӣ буд, сипос ба Вазорати маориф ва илм, ба масъулин ва ризокорон!
ҳамчунин, иштирокдорони даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Зимни суҳбат вазири маориф ва илм  М. Имомзода ба довталабон барои иштироки фаъол дар озмун баҳои баланд дод ва дар ҷодаи омӯзишу мутолиа барояшон комёбиҳо таманно кард. Дар рафти суҳбат иштирокдорон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даври ҷумҳуриявии озмун изҳори сипос намуданд.
Шоистаи таъкид аст, ки даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 7-уми декабри соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардид ва  то 15-уми декабр идома ёфт. Дар озмуни  мазкур 10 нафар аз ВМКБ, 60 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 58 нафар аз шаҳри Душанбе ва 62 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок карданд. 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш