Нашрияи Омӯзгор

Китоб ва хислатҳои неки инсонӣ

Сана: 2020-12-11        Дида шуд: 38        Шарҳ: 0

Имрӯз мақоми китобхона ҳамчун муассисаи тарбиявӣ - иттилоотӣ ва фарҳангӣ беш аз пеш меафзояд. Беҳтар кардани сатҳи дониши хонанда, пеш аз ҳама, аз мавҷуд будани китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ вобаста аст.

Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгорон, ин баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон нисбат ба китобхонӣ аст, вале саволе ба миён меояд, ки чӣ тавр ин шавқу ҳавас дар хурдсолӣ дар кӯдакон пайдо мешавад?  Хондан дар қарни 21 бештар диққати таҷрибаомӯзонро ба худ ҷалб кардааст. Бесабаб нест, ки Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2003-2013-ро даҳсолаи саводомӯзӣ эълон намуда буд. Агар дар асри гузашта 80%-и кӯдакон дар хона китоб мехонда бошанд, айни ҳол ин нишондиҳанда 7%-ро ташкил медиҳад.

Агар омӯзгор дар мактаб ва волидайн дар хона китобхонии фарзандонро назорат кунанд, кори тарафайн осон мегардад. Барои ҷалби хонандагон ва дӯстдорони китоб ҳар гуна озмуну чорабиниҳо ва барномаҳои телевизионӣ баргузор мегарданд, ки ин яке аз роҳҳои шавқманд намудани онҳо ба китобхонӣ аст. Масалан, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Китобхони беҳтарин”, “Библиомарафон”, барномаи телевизионӣ дар шабакаи Баҳористон «Беҳтар аз дӯст», дар шабакаи Тоҷикистон «Ирфон” ва ғайра. Дар давлатҳои хориҷа, ба монанди ИМА, Шветсия, Олмон Норвегия, Британия Кабир ва Колумбия барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд: “Шаби китоби дӯстдоштаи ман”, “Ҳафтаи китобхонии наврасон” ва ғайра. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши китоб машғул бошад, чизеро аз даст намедиҳад, баръакс, китоб инсонро бо олами пурасрор ошно месозад, ҷаҳонбиниаш васеъ ва дунёи маънавияш бой мегардад. Мо, омӯзгоронро зарур аст, ки бо бештар баргузор намудани чорабиниҳо ба хонандагон инро фаҳмонем. Танҳо дар ҳамкории ҳамаҷонибаи китобдорон, омӯзгорон, волидайн ва худи хонанда шавқу ҳавас нисбат ба китобхонӣ пайдо мешавад. Чуноне ки Расул Ғамзатов  мегӯяд: “Доғистон аз сабаби қафомонии ҷаҳолат ва бесаводӣ басо чӯҷаҳои худро нобуд кард. Барои худро шинохтан китоб лозим аст. Халқи бекитоб мисли одамест, ки оина надорад, вай  рӯйи худро дида наметавонад”.

Ш.Авалова,

омӯзгори алифбо ва матни ниёгони

литсейи №1,  шаҳри Бӯстон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш