Нашрияи Омӯзгор

Тарбиятгари хислатҳои нек

Сана: 2020-11-27        Дида шуд: 65        Шарҳ: 0

Мураббияҳои соҳибистеъдод ва навовар бар он мекӯшанд, ки дар машғулиятҳояшон аз воситаҳои гуногун бамавриду пурсамар истифода намуда, диққати кӯдаконро ба омӯзиш вусъат бахшанд. Барои самарманд гаштани машғулиятҳо мураббияҳои фаъол аз ҳикояву афсона, шеъру суруд, аёниятҳои гуногун, намоишҳои видеоӣ ва монанди инҳо васеъ истифода менамоянд. Таҷриба бозгӯи он аст, ки дар машғулиятҳо бо кӯдакон истифода аз намунаҳои эҷодиёти мардумӣ фолклор (эҷодиёти шифоҳии халқ) натиҷаҳои дилхоҳ бор меоварад. Эҷодиёти мардумӣ тарғибгари некию накукорӣ, дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, далерию шуҷоат ва зебоию тавоноӣ мебошад. Қаҳрамонони афсонаю шеърҳои халқӣ одамони ватандӯст, хушкирдор ва шарафманданд. Онҳо қувваҳои некиро дастгирию тарғиб менамоянд ва аз неруҳои бадӣ барҳазаранд. Нахустҳадафи эҷодиёти мардумӣ тарбия аст, тарбияи инсони неку хушкирдор. Бисёр намунаҳои эҷодиёти халқ барои бачаҳо гуфта шудаанд ва шавқовару дилчасп, рангину хотирмонанд. Ёд оварем шеъри машҳури кӯдаконаи «Олуча гули бодом»-ро. Ин шеъри равону самимӣ тамоман мувофиқ ба фаҳму дарк ва шавқу завқи кӯдакон аст. Духтараке ифтихор мекунад, ки дар хизмати падар қарор дорад, ӯро эҳтиром мекунад, дӯстдори падари меҳрубону коргараш мебошад: Олуча гули бодом, Ман духтараки додом. Додом шишта чой хӯрад, Ман чойрезаки додом… Тавассути шеъри мазкур дар ниҳоди бачаҳо нисбат ба волидон ҳисси волои муҳаббат парварида мешавад. Мисоли дигар: тавассути шеърҳои мавсимии халқӣ маросимҳои идонаи  мардумӣ, чун наврузӣ, бойчечак, соли нав тавсиф бахшидаву ситоиш карда мешаванд. Ин дар ниҳоди кӯдакон ҳисси муҳаббат ва садоқат ба анъанаҳои халқиро мепарварад, онҳоро ба навъе аз маросимҳои халқи худ огоҳ месозад ва риояи ин анъанаҳоро талқин менамояд. Маълум, ки дар эҷодиёти мардумӣ афсонаҳо мавқеи калон доранд. Ин жанри фолклорӣ ба дарку фаҳми кӯдакон ва ба шавқи онҳо басо мувофиқ аст. Дар афсонаҳо бештар устуворию далерӣ, паҳлавонӣ ситоиш мешавад. Ин хислатҳоро ҳар як кӯдак дар дил мепарварад. Афсонаи машҳури «Эраҷи тилисмшикан» намунаи барҷастаи талқини диловарию шуҷоатмандӣ мебошад ва дар тарбияи маънавии кӯдакон нақши муассир дорад. Чун ин афсона дар эҷодиёти мардумӣ намунаҳои зиёде мавҷуданд. Хушбахтона, солҳои охир шеъру афсонаҳои халқии тоҷикӣ тавассути нашриётҳои ҷумҳурӣ дар шакли китобҳои алоҳидаи ранга бо теъдоди зиёд чоп мешаванд, ки ин кори мураббияҳои кӯдакистонҳоро хеле сабук ва имконияташонро бештар мекунад.

Дилафрӯз ЭЛНАЗАРОВА,

мураббияи кӯдакистони №132-и ноҳия Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш