Нашрияи Омӯзгор

Таълими тафриқа ва мушкилоти татбиқи он

Сана: 2020-11-03        Дида шуд: 27        Шарҳ: 0

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Сайфиддин Камолзода

- Муаллими муҳтарам, нахуст мехостем дар хусуси моҳияти таълими  тафриқа (аз рӯйи равияҳо ба роҳ мондани машғулиятҳо) ва аҳамияти он маълумот бидиҳед.

-Воқеан, таълими тафриқа яке аз намудҳои самаранок ва сермаҳсули раванди таълим ба ҳисоб рафта, тавассути он амалҳои таъсиррасонии бомақсадро ба роҳ мондан мумкин аст. Мафҳуми тафриқа тамоми кӯшишҳои ташкилӣ ё методиеро, ки барои ба ҳисоб гирифтани истеъдоди фитрӣ, қобилият, майлу таваҷҷуҳи ҳар як хонанда ё гурӯҳи хонандагон дар дохили як мактаб ё як синф равона шудааст, дар бар мегирад. Яке аз шаклҳои тафриқа ташкили синфҳои тағйирёбанда мебошад, ки дар ин хусус мактабшиноси шинохта Файзулло Шарифзода пажӯҳиш анҷом додааст. Хусусияти ин шакли таълим аз он иборат аст, ки дар синфҳои гуногунҳайат, тибқи қобилият ва рағбати шогирдон ба омӯзиши фанҳои алоҳида гурӯҳҳои якхеларо ҷудо мекунанд, аммо баъзе фанҳо, аз ҷумла, математика, забони модарӣ, забони хориҷӣ дар ҳайат ё таркиби гурӯҳҳои якхела омӯзонда мешаванд. Ин ба омӯзгор имкон медиҳад, ки мувофиқи имконоти зеҳнии шогирдони гурӯҳи муайян раванди таълимро ташкил кунанд. Ташкили «синфҳои омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида» яке аз дигар шаклҳои таълими тафриқа (равиявӣ) ба шумор меравад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳангоми ташкили ин шакли таълим бояд натанҳо майлу хоҳиши хонанда, инчунин, қобилияти махсуси маърифатии ӯ низ ба назар гирифта шавад. Барои кори босамари «синфҳои омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида» на як, ду, се, фан, балки силсилаи фанҳои ба ҳам наздикро бояд омӯхт. Дар Тоҷикистон ба таълими тафриқа бори аввал педагоги маъруф, кимиёдони донишманд, шодравон, академик Убайд Зубайдов таваҷҷуҳ зоҳир намуда, соли 1999 дар мавзӯи «Асосҳои назарӣ ва амалияи таълими тафриқа дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Бояд таъкид кард, ки таҳқиқоти анҷомдодаи У.Зубайдов дар доираи фанни химия сурат гирифтааст, яъне таҳқиқотҳои мавсуф ҳам ба илми химия ва ҳам ба соҳаи педагогика иртибот доранд.

-Дар иртибот бо ҷорӣ гардидани шакли таълими тафриқа мегуфтед, ки омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар заминаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар муассисаҳои таълимӣ чӣ тавр амалӣ мегардад?

Бо дарназардошти рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва технологияи муосир нақши маориф дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар ҷойгоҳи хосаро касб карда, ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ вобаста мебошад. Бояд зикр кард, ки тафаккури техникӣ ба донишҳои илмӣ, мантиқӣ ва ақлонӣ (ратсионалӣ) бадастомада такя мекунад. Мутаассифона, ба дараҷаи кофӣ муҷаҳҳаз набудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо, норасоии маводи иловагии таълимӣ ва методӣ, ки ба баланд гардидани завқи наврасон ва азхуднамоии илмҳои зикршуда мусоидат мекунанд, таъсири манфӣ мерасонанд. Ба андешаи мо, барои ҳалли масъалаи мазкур метавон маҷмӯи чорабиниҳоеро роҳандозӣ намуд, ки ба беҳтар гардидани вазъ равона гарданд. Дар робита ба ин, масъалаи муҳимтарин – гузариши синфҳои болоӣ (синфҳои 1011), дар дурнамо синфҳои 1012) ба таълими равиявӣ маҳсуб меёбад. Ин имкон медиҳад, ки масъалаи таъмини  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кабинету озмоишгоҳҳои фаннӣ ҳалли худро ёбанд. Ҳангоми таҷдиди назар кардани стандарту барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ махсусиятҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар самти таълими илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳатман бояд ба эътибор  гирифта шавад.

-Дар ин самт аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, бахусус, шуъбаи шумо чӣ корҳо анҷом дода шудаанд? Мушоҳидаю санҷиш ва таҳлилҳо дар боби татбиқи таълими тафриқа ва вазъи фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ чиро нишон доданд?

-Бо мақсади иҷрои нақшачорабиниҳои раёсати АТТ, инчунин, банди 4-и протоколи маҷлиси машваратии назди вазири маориф ва илми кишвар аз 03.02.2020 ва дар асоси дастури президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон вазъи татбиқи таълими тафриқа дар синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Боиси хурсандист, ки дар назди шуъбаҳои маори фи баъзе ноҳияҳои зикршуда марказҳои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъсис дода шуда, хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шавқу рағбати омӯзиши фанҳои зикршударо дошта, дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзидаанд, ба таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд. Нахустин бардоште, ки дар раванди санҷиш ба мушоҳида расид, ин аст, ки қисми бештари омӯзгорон дар самти ҷалби шогирдон ба курсҳои омӯзишӣ аз фанҳои таълимӣ, хусусан, илмҳои дақиқ диққати зарурӣ намедиҳанд. Ҳамзамон, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз норасоии омӯзгорони фанҳои физика,  алгебра, химия ва биология танқисӣ мекашанд. Натиҷаи суҳбатҳои инфиродӣ бо як қатор хонандагон ифодакунандаи он аст, ки нарасидани воситаҳои ёрирасони техникӣ ва кам истифода шудани васоити аёнӣ боиси рушд наёфтани тафаккури техникии хонандагон мегардад. Аз ин рӯ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро зарур аст, ки ҷалби ҳарчи бештари хонандагонро ба эҷодкорию мустақилона иҷро намудани корҳои амалӣ дар соатҳои омӯзиши фанҳои дақиқ ва риёзӣ, инчунин, технологияи иттилоотӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода, шумораи омӯзгоронро асосан аз ҳисоби кормандони ҷавон, дорои тафаккуру ҷаҳонбинии замони муосир таъмин созанд ва барои ба факултаҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шомил гардидани шогирдони болаёқат чораҳои иловагӣ андешанд. Ба назари мо, хуб мебуд, ки маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии навоҳии шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо олимону устодони кафедраҳои тахассусии донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ба роҳ монда, роҷеъ ба муҳтавои китобҳои дарсӣ ва роҳу шеваҳои аз худ намудани мавзӯъҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон чораҳои зарурӣ меандешиданд.

-Ҳамин масъаларо мушах хастар тавзеҳ мебахшидед. Манзури мо ин аст, ки дар таълимгоҳҳои санҷидашуда бо роҳандозии таълими равиявӣ  чӣ натиҷа ба даст омадааст.

-Масалан, дар гимназияи №74 шогирдон аз рӯйи 4 равия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ташкили гурӯҳҳо бо ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда оид ба ташкили равияҳои таълим мувофиқат мекунад. Тақсими соатҳои дарсӣ дар равияҳо дуруст ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби раҳбарияти гимназия барои таълими равиявӣ омӯзгорони соҳибунвон (унвони илмӣ дар назар аст) монанди С.Саидов аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷалб карда шудаанд. Омӯзгорон дар дарсҳои худ аз воситаҳои техникии муосири таълим-тахтаи электронӣ, компютер, видеопроектор ва ғайра самаранок истифода карда, аз тамоми фанҳои таълимӣ машғулиятҳои иловагӣ ташкил карда шудааст. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 -и ноҳияи Сино тарзи ташкил ва интихоби таълим дар равияҳо ва тақсимоти соатҳои дарсӣ дар ин  бахш мувофиқи нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Чунонки мушоҳида кардем, мутахассисони шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ Шарифова ва С.Исрофилов пайваста фаъолияти синфҳои равиявиро пайгирӣ карда, натиҷаҳои бадастомадаро ҷиҳати баррасӣ ба шуъба ва сарраёсати маорифи шаҳр пешниҳод мекунанд. Хонандагони синфҳои равиявӣ бештар ба курсҳои омӯзиши фанҳои дақиқ ва забономӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Муассисаи таълимии литсейи №2-и ноҳияи Сино аз рӯйи равияи табиӣ-риёзӣ (химия ва биология) фаъолият мекунад. Хонандагони литсей дар як баст таҳсил карда, дар басти дуюм ба машғулиятҳои иловагӣ ҷалб карда мешаванд. Хонандагони ҳашт синфро аз рӯйи равияи табиӣ-риёзӣ сабақ меомӯзанд. Вазъи таълим ва ба равияҳо ҷудо намудани синфҳо дар литсей-интернати хусусии тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» касро, воқеан, хурсанд месозад.

Мехостем андешаи шуморо дар хусуси афзалияти таълими тафриқа (равия)-и дар литсейю гимназия ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бифаҳмем. Дар кадоме аз ин таълимгоҳҳо таълими тафриқа хуб ба роҳ монда шудааст?

-Санҷиш бозгӯйи он аст, ки таълими равиявӣ дар литсей ва гимназияҳо ба қадри имкон хубтар ба роҳ монда шудааст. Ба ин сатҳи дониши баланди хонандагон ва иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд. Аз ҷониби дигар, ба литсей ва гимназияҳо омӯзгорони болаёқат ва дорои таҷрибаи ғании омӯзгорӣ тариқи озмун ба кор қабул карда мешаванд. Ҳамзамон, дар литсей ва гимназияҳо барои омӯзгорон ва хонандагон шароити нисбатан беҳтар мавҷуд мебошад. Мутаассифона, дар баъзе муассисаҳои таълимии муқаррарӣ равияҳои таълимӣ ташкил шуда бошанд ҳам, пурра ба талаби рӯз ҷавобгӯ нестанд. Дар мактабҳо заминаи хуби моддӣ-техникӣ мавҷуд нест. Дар озмоишгоҳу кабинетҳои фаннӣ таҷҳизоти таълимии замонавӣ намерасанд. Маоши омӯзгорони дар равияҳо фаъолият намуда, аз дигар омӯзгорон фарқ намекунад. Ҳавасмандгардонии омӯзгорон кам ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки баҳри омода намудани дастур, моделҳои таълим, таҳияи барномаҳои таълимии фанҳои мушаххас, маводи ёрирасон ва китобҳои дарсӣ барои таълим дар равияҳо барои хонандагон ва омӯзгорон мутахассисонро сафарбар намоянд. Ҳамчунин, масъалаи маблағгузории фаъолияти роҳбарони шӯро, иттиҳодияҳои методӣ, гурӯҳи сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таваҷҷуҳ ба коркарди нусхаҳои нақшаҳои таълим, риояи тавозуни соатҳои дарсӣ вобаста ба равияҳои таълим, таҳияи барномаю китобҳои дарсии гуногунсатҳ бештар равона карда шавад. Дар барномаи такмили ихтисоси омӯзгорони фаннӣ, ки ба таълим дар равия фаро гирифта шудаанд, дар бораи хусусияти таълим ва интихоби маводи таълимӣ мавзӯъҳои зарурӣ ворид карда шавад. Ҳамзамон, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ва директорони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки вобаста ба шароит ва имконот, бо дарёфти роҳҳои фарогирии хонандагон ба таълим дар равияҳо бештар таваҷчуҳ зоҳир кунанд, дар раванди ташкили таълим дар равияҳо майлу хоҳиш, қобилият, тамоили пурраи инфиродии хонандагонро ба эътибор гиранд, ҷиҳати таъмини китобхонаҳои мактабӣ бо маводи иловагӣ оид ба таълим дар равияҳо чораҷӯйӣ намоянд.

Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш