Нашрияи Омӯзгор

Набояд побанди усулҳои куҳнаи таълим буд!

Сана: 2020-11-01        Дида шуд: 9        Шарҳ: 0

О мӯзиши забони тоҷикӣ дар синфҳои ибтидоӣ натанҳо оғоз мешавад, балки такмил меёбад. Таълими ин фан дар синфҳои ибтидоӣ роҳу усулҳои хоси худро дорад ва тавассути таълими «Алифбо» дар синфи якум ва ба воситаи фанҳои забони модарию хониш дар синфҳои 1 – 4 амалӣ мегардад. Ин зинаҳо вазифаи муайяни худро доранд. Мавҷудияти чунин зинаҳои таълим худ шаҳодати он аст, ки забони модариро мо дар мактаб мувофиқи талаботи грамматикӣ меомӯзем. Вақте аз хусуси таълими забон ҳарф мезанем, 
мувофиқкунии нутқи шифоҳӣ бо хаттӣ пеши назар меояд. Зеро дар ҷумҳурии мо лаҳҷаю шеваҳои гуногун мавҷуданд, ки ба забони адабӣ таъсир мерасонанд. Агар таълими забони модарӣ дуруст ба роҳ монда шавад, фарқи байни нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ барҳам хоҳад хӯрд. Ба фикри мо, дар инкишофу рушди нутқи хонандагон саҳми омӯзгори синфҳои ибтидоӣ басо бузург аст. Вале таълими ибтидоӣ дар мактабҳои ҷумҳурии мо то ба дараҷае ҷавобгӯйи талабот набуда, шогирдон ба азхуд кардани меъёри имло ва хониш ба мушкилиҳои пайдарҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Мисоли инро мо дар ҳар як синфи ибтидоӣ мушоҳида карда метавонем. Дар саҳифаҳои китобҳои дарсии мо маълумот оид ба инкишофи нутқ, ҳуҷҷатгузорӣ, навиштани табрикнома, мактубу ариза ва ғайра кам ба чашм мерасанд. Илова бар ин, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд худаш забонро хуб донад. Агар омӯзгор забондон бошад, дар ҳалли масъалаҳои математикӣ  низ душворӣ   намекашад. Чунки барои ҳалли масъала, пеш аз ҳама, мазмуни онро хуб фаҳмидан даркор аст. Сабаби дигари паст шудани сифати дарсу таълими мавзӯъҳо ба маводи таълим ва дарки талаботу супоришҳо вобаста аст. Аз ҳад зиёд мураккаб шудани мазмуни китобҳои дарсӣ ҳам ба беҳбудии таълим халал мерасонад. Аз як тараф душворфаҳмии китобҳои дарсӣ омӯзгорро ба эҷодкорӣ ва ҷӯяндагӣ маҷбур созад ҳам, аз тарафи дигар аксарияти му аллимон  ба муҳтавою ҳадафи баъзе мавзӯъҳо сарфаҳм намераванд. Пас, онҳо чӣ гуна метавонанд ба шогирдон ҳамон маводро фаҳмондаву шарҳ диҳанд? Мо инро дар мисоли машқҳои китобҳои дарсии забони тоҷикии синфҳои поёнӣ мушоҳида мекунем. Муаллифон бояд дар интихоби матнҳо фаъол бошанд, машқҳоеро интихоб кунанд, ки моҳияти тарбиявиашон баланд бошад, аз рӯзгори имрӯзаи мо маълумот бидиҳанд, зиндагии хонандагони  ҳамон синну солро ифода созанд, дар баробари ин, ҷаҳонбинии илмии наврасон ро такмил диҳанд. Машғулиятҳои забони тоҷикӣ ва хониш бояд аз истифодаи усулу шеваҳои бемаврид, аз қабили бозиҳои ноҷо, варақчаҳои грамматикии барзиёд ва маводи таълимии ба мавзӯъ вобаста набуда озод бошанд. Таълими забони тоҷикӣ бояд аз омӯзиши қоидаву қонунҳо ва ба хонандагон  додани маводи барнома иборат бошад, на ин ки ба рӯйбардории машқҳо ва диктантҳои таълимию санҷишӣ побанд бошад. Натиҷаи чунин саҳлангориҳост, ки шогирдони синфҳои поёнии мо ба навиштани нақли хаттӣ, иншо аз рӯйи расм он қадар қодир нестанд. Имрӯзҳо дар машғулиятҳои хониши синфҳои поёнӣ бисёр масъалаҳои муҳими ташаккул додани нутқ барҳам хӯрдаанд. Баъзе омӯзгорон ҳатто тартиб додани нақшаи матни хондашуда, кор бо луғат, нақли мазмуни нақли хондашударо дар дарс фаромӯш кардаанд, ҳол он ки онҳо воситаҳои асосии инкишофи нутқи мураттабанд. Баъзеҳо ба дарсҳо хуб тайёрӣ бинанд ҳам, ҷиҳатҳои илмию методии машғулиятҳои онҳо дар савияи хеле паст қарор доранд. Зумрае аз омӯзгорон худомӯзиро фаромӯш кардаанд ё побанди дастурҳои методии кӯҳнаанд. Вақти он аст, ки аз шакли таълиму тарбияи қолабӣ берун баромада, ин равандро дар сатҳи муайян мувофиқи талаботи таълим инкишоф диҳем. Нурбибӣ НАЗАРОВА, омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №136, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш