Нашрияи Омӯзгор

«Муаллим» - филми диданӣ ва ибратомӯз

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 67        Шарҳ: 0

 

Кино аз ҷумлаи санъатҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Солҳои охир кинои тоҷик бештар рушд ёфта, ба масъалаҳои умдаи рӯзгор дахл менамояд ва ба ин васила дар нигоҳдошти ҳофизаи таърихии миллат саҳми босазо мегузорад.

Ҳамасола, 16 – уми октябр дар ҷумҳуриамон Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Дар иртибот ба ин фархундарӯз бо   раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов оид ба муҳтаво ва аҳдофи офаридани филми «Муаллим», ки номбурда муаллифи ин филмнома мебошад, ҳамсуҳбат гардидем.

- Хоҳиш мекунам, бигӯед, ки ҳадаф аз эҷод ва офаридани  филми «Муаллим»  аз чӣ иборат буд?

- Ҳанӯз солҳои мактабхонӣ (солҳои 1970 – 1980) ба ин масъала таваҷҷуҳи калон доштам.  Он солҳо омӯзгор дар ҷомеа мавқеи калон дошт ва ӯ дар ҷомеа ҳамчун зиёӣ, равшанфикр шинохта мешуд. Мартабаи иҷтимоӣ, таъмини рӯзгораш  аз ҳама ҷиҳат баланд буд. Яъне, ба муаллим эътибори калон дода  мешуд ва дар баробари ин, ҳама ба вай ниёз доштанд. Мардум ба муаллим кумак мерасонд, ӯ маоши хуб ҳам дошт. Ҳароина, муаллим барои дигарон як навъ намуна буд. Мутаассифона, баъдтар ин мартаба то андозае коста гардид. Солҳои навадуми асри гузашта буд. Ба зиёрати омӯзгори аввалинам рафтам, ки дар бисоташ фақат як гов дошт ва  ба ин хотир навбати  пода мерафт, аммо ба ҳар ҳол,  маълум буд, ки аз ин кораш шарм мекунад. Охир, замоне буд, ки аз чизе камӣ надошт, беҳтарин либосро  мепӯшид… Ва ҳамаи ин сабаби навиштани филмнома гардид. Муаллим то дараҷае нангу номуси баланд дошт, ки дар зинадагиаш қабри худашро канд, ки ин манзара дар филм инъикос ёфтааст. Ин ҳам ишораест, ки омӯзгор намехоҳад, ки баъд аз мурданаш кандани манзили охирини ӯ боиси миннат шавад. 

- Дар филм баъзе лаҳзаҳое  ҳастанд, ки образи қаҳрамонон ба дараҷаи даркорӣ кушода нашудааст…

- Дуруст аст, шояд мо то дараҷае нисбат ба худамон сензураро раво донистем. Аммо ишораҳо ҳаст ва ҳадаф маълум. Дигар ин ки, қоидаи филмсозӣ чунин аст, муаллиф ва коргардон вазифадор нестанд, ки ҳар як амали қаҳрамони филмро то охир манзури бинанда намоянд. Тамошобин бояд худ хулосабарорӣ намояд. Бубинед, қаҳрамони марказии филм муаллим Зардодхонов (Марат Орифов) мегӯяд, ки «дар деҳа, умуман, ҷойе, ки муаллим нест, ҷомеа пеш намеравад». Зери ҳамин мафҳум аллакай андешаҳо сари шуғли муаллимӣ, зарурати он дар ҷамъият падид меоянд. 

- Иҷрои нақшҳо аз тарафи ҳунарпешаҳо хеле диданист. Оид ба интихоби онҳо чанд сухан мегуфтед. Барои интихоби нақшҳо озмун (кастинг) гузарондед ё интихоб тахминӣ буд?

- Ростӣ, дар интихоби қаҳрамони асосӣ (Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон Марат Орифов) ҳеҷ дудилагӣ надоштем ва ба фикрам, хато ҳам накардем. Зеро тамошобинон ӯро аз нақшҳои Рӯдакӣ,  Абӯалӣ ибни Сино ва ғайра хуб дар хотир доранд ва танҳо вай метавонист дар кушодани образи омӯзгори ҳақиқӣ дастболо шавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ногуфта намонад, ки барои ҳунарпешаи ҳаштодсола, албатта, иҷро кардани нақш ва азбар намудани матн хеле душвор буд, аммо ӯ саъй кард, ки талаботи коргардонро ба хубӣ иҷро намояд. Дар натиҷа дунёи ботинии қаҳрамонро кушода тавонист. Мо  тавассути ин образ ва шахсияти худи актёр ба тамошобин таъсир карда тавонистем. Охирин бозии М.Орифов нақши муаллим аз ҳамин филми мост.

Нақши писари муаллим Зардодхоновро низ ҳунарпешаи ҷавони умедбахш Абдукарим Машрабов басо табиӣ бозидааст.  Дар интихоби дигар нақшҳо кастинг гузарондем ва ба фикрам, муваффақ ҳам шудем.

- Дар филм нақше ҳаст бо номи Ҳадия, ки онро ҳунарпешаи эронӣ иҷро кардааст. Ин ҷо чӣ зарурат буд, оё ҳунарпешаҳои тоҷик натавонистанд, ки аз уҳдаи иҷрои он бароянд?

- Не, ин тавр нест. Нақши Ҳадияро ҳунарпешаи шинохтаи эронӣ Маҳнози Афшор хеле ҳунармандона бозид. Воқеан ҳам, вай дар ватани худ дар соҳаи кино хеле дастболост ва мо ҳам ба хотири омӯхтани таҷрибаи ҳаммаслакон,  шуҳрат ёфтани филм ва як навъ амалӣ кардани таҷрибаи замони Шӯравӣ, ки  ҳунармандони дигар ҷумҳуриҳоро ба кинои тоҷик ҷалб мекарданд, ин корро амалӣ намудем. Нақши эпизодии шавҳари ӯро ҳунарпеша Суҳроб Ҷанҷолов иҷро кард. Бубинед, коргардони овоз Ҳусейн Маҳдавӣ, наворбардор Георгий Дзалаеви осетин аст. Коргардони филм Носир Саидов тавонист, ки труппаи эҷодии мукаммалро гирдоварӣ намуда, филмро чунин диданӣ офарад. Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Раҳмондӯсти Қурбониён (директори  мактаб, ҳамзамон, раиси маҳалла), Қурбони Собир (муллои деҳа) ва Аловиддин Абдуллоев (корманди мақомоти қудратӣ) нақшҳои ба зимма доштаашонро  самимӣ офариданд.

- Мавзӯи  филм  хеле умда ва рӯзмарра аст. Чаро маҳз мавзӯи муаллимро интихоб кардед?

- Дар ин масъала каме болотар ишора кардам ва воқеан ҳам, мушоҳидаатон дуруст аст. Муаллим роҳнамои ҷомеа аст, дар ҳар куҷое  бошад, ба маслиҳату машварати ӯ ниёз доранд. Муаллим (М. Орифов) шахсияти шинохта аст, бар ивази фаъолияти чандинсолаи омӯзгориаш бо ордену  медалҳо  сарфароз гардидааст.    Ӯ дар охир мебинад, ки писараш Самандар (А. Машрабов)-ро ҳам  туҳмат мекунанд. Нангу номуси азалии муаллим боло мегирад, дилаш аз зиндагӣ сард гашта, бо дастони худ қабрашро канда, аз писараш тақозо мекунад, ки ин «шармандагӣ»-ро тоқати таҳаммул кардан надорад. Умуман, муаллим касби пурифтихор аст. Месазад, ки ӯ бо имтиёзҳо чун замони Шӯравӣ таъмин гардад. Имрӯзу ояндаи мутахассисони варзида аз заҳмати онҳо вобастагӣ дорад. Ҳадафи мо низ нишон додани заҳмати омӯзгор аст.

- Аз рӯйи шунидамон, филми «Муаллим» дар чандин кинофестивал соҳибҷоиза гардидааст, ҳамин тавр не?

- Оре, филм соли 2016 рӯйи навор омад ва соли 2017 якбора дар ду фестивал – дар Даҳаи фаҷри ҶИЭ аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин нақши мардона» ва дар шаҳри Инсбруги давлати Австрия ҷоизаи «Беҳтарин филм» - ро соҳиб гардид.

Мусоҳиб

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш