Нашрияи Омӯзгор

Истиқлол ва истилоҳшиносӣ

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 10        Шарҳ: 0

 

Дар доираи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратии ҷумҳуриявӣ баргузор намуд, ки дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот Саодатшоҳ Матробиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулмаҳмадзода, директори Академияи ВАО Зинатуллоҳ Исмоилзода, олимону донишмандони соҳаи забон ва рӯзноманигорон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон дар ибтидо доир ба болоравии нуфузи забони давлатӣ дар давраи Истиқлол чанд сухан гуфта, диққати асосиро ба масъалаҳои истилоҳшиносӣ ва истилоҳнигорӣ, гиромидошт ва дастовардҳои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлоли кишвари азизамон ҷалб намуд. Дар робита меҳмонон, ҳамчунин, раиси Шӯрои миллии забоншиносӣ, доктори илми филология Сайфиддин Назарзода, мудири шуъбаи истилоҳнигории кумита Раҳим Зулфониён ва чанд донишманди дигари забон аз сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ, дастовард ва мушкилоти мавҷуда дар ин самт андешаронӣ намуда, доир ба ислоҳи нуқсонҳо ва рушду тозагии забони давлатӣ пешниҳодҳо намуданд. Баромади устоди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Абдулло Юсуфов низ ҷолибу шавқовар буд. Ба таъкиди ӯ, истилоҳро забоншиносон бе маслиҳати мутахассисони соҳа сохта наметавонанд.

Дар анҷом ба кормандони фаъоли кумита ва як қатор рӯзноманигороне, ки дар роҳи ҳифзи забон ва тарғиби сиёсати давлат дар ин самт хидмат доранд, Ифтихорномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

 

Ҳадияи МУЗАФФАР


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш