Нашрияи Омӯзгор

Соҳиби номи наку

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 7        Шарҳ: 0

 

Абдулҳамид Шарифов омӯзгор буд. Хурду калон аз рӯи хислатҳои наку ва меҳнати ҳалолаш ӯро ҳурмат мекарданд. Гузаштагони омӯзгор Абдулҳамид Шарифов ҳама одамони бофарҳанг, гули сари сабади маъракаҳо ва намунаи ибрати ҳамагон ҳисоб мешуданд. Абдулҳамид дере нагузашта касби пурифтихори муаллимиро интихоб намуд.

Баъд дар деҳа мактаб ташкил намуданд ва Абдулҳамиди ҷавон ҳамчун шахси босавод ба фарзандони мардум таълим медод. Азбаски синфхонаҳо танг буданд, кӯдакони синфҳои 1-4 дар басти якум ва кӯдакони синфҳои 2-3 дар басти дуюм мехонданд. Бегоҳиҳо калонсолони деҳаро хату савод меомӯзонд. Новобаста аз он ки солҳои сиюм нахустин омӯзгорону шогирдони мактабҳо зери ҳадафи тири туфанги босмачиён қарор мегирифтанд, Абдулҳамиди ҷавон бо рафиқонаш Валӣ Набӣ ва Подабон Гадоев бо дастгирии ҳокимияти Шӯравӣ соҳибмаълумот гашта, дар курсҳои маҳви бесаводӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Солҳои 1930-32 курси муаллимтайёркунии омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намуда, ҳамчун муаллим ба кор дар деҳаҳои Чагам, Учқул, Бодомту, Шӯрообод ва Туғмагӣ ба таълиму тарбияи насли наврас оғоз мекунад. Ташаббускориву кордонияшро ба назар гирифта, ба яке аз мактабҳои калонтарини Ҷамоати деҳоти Чагам ӯро директори мактаб таъйин мекунанд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1941-1945) яке аз ташаббускорони ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон дар деҳот буда, баҳри корҳои деҳқонӣ дар баробари кормандони ҳизбӣ супоришҳои давлатиро иҷро мекард. Омӯзгори ҷавон хост, ки ихтиёран ба муҳофизати Ватан равад. Ӯ якчанд маротиба бо аризаи ихтиёрӣ ба коммиссарияти ҳарбии ноҳия муроҷиат кард. Мутаассифона, ҳама вақт аз тарафи кормандони ҳарбӣ ҷавоби радро мешунид ва ба ӯ мегуфтанд, ки дар ақибгоҳ ҳам шахсони меҳнаткашу босавод лозим аст. Ҳамин тавр, баъди ба охир расидани ҷанг Абдулҳамиди ҷавон тамоми ҳаёти худро ба таълиму тарбия ва рушду нумӯи мактабу маориф бахшид.Солҳои 1950-1954 маъракаи кӯчонидани мардуми деҳаҳои кӯҳсор бо мақсади обод намудани ҳамвориҳои дашти Арал оғоз гардид ва якумин шуда, ӯ бо ҳамдеҳагони худ бо корвони мошинҳо ба дашти ноободи туғайзори Хоҷамуъмин омад. Соли 1954 аввалин мактаб дар деҳаи навбунёди Навобод ташкил карда шуд ва Абдулҳамид Шарифов ба фаъолияти омӯзгорӣ идома бахшид. Худи ҳамон сол ба душвориҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба факултаи забон ва адабиёти тоҷик (шуъбаи ғоибона) дохил шуда, онро бо муваффақият хатм намуд ва дар мактаби таҳсилоти миёнаи №12 ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик кор кард.  Устод Абдулҳамид Шарифов дар яке чорабиниҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар бораи рушди забони тоҷикӣ маърӯза мекунад ва суханронии ӯ ба аҳли толор писанд меояд. Баъди ба итмом расидани чорабинӣ писари устод Садриддин Айнӣ Камол Айнӣ ӯро ба наздаш даъват намуда, барои суханони пурмазмунаш изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ китоби «Ёддоштҳо»-и падарашро тақдим мекунад.

 Абдулҳамид Шарифов баъди ба нафақа баромаданаш ҳамчун ҷонишини директор оид ба корҳои хоҷагии мактаби №12-и ноҳияи Восеъ фаъолияташро идома дод. Дар ин давра хонандагон баъд аз дарсҳо дар майдони боғи мактаб бо роҳбарии устод меҳнат мекарданд. Соли 1968 намунаи ҳосили баланди боғи хонандагон дар шаҳри Москва (ВДНХ) ба намоиш гузошта шуда, сазовори дипломи дараҷаи 1 гардид. Ин дастоварди меҳнатӣ ӯро рӯҳбаланд намуд ва омӯзгорону кормандони мактаб номи ӯро ба эҳтироми самимӣ Мичурини тоҷикон меномиданд. Шогирдони ин шахси соҳибилму таҷрибаманд имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи кишвар соҳибобрӯ гардидаанд. Бояд қайд намуд, ки муаллим Абдулҳамид Шарифов барои хизматҳои бисёрсолааш дар рушди соҳаи маориф бо ордену медал ва ифтихорномаву мукофотҳои зиёд қадр карда шудааст. Аз ҳама муҳимтар, устод ба ҳурмату эъҳтироми халқ сазовор гаштаааст. Имсол ба зодрӯзи устод Абдулҳамид Шарифов 107 сол пур мешавад.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш