Нашрияи Омӯзгор

Ба навраси душвортарбия чӣ тавр ёрӣ расонем?

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 101        Шарҳ: 0

 

Баъзан фарзанд аз роҳи дурусти таълиму тарбия берун шуда, ба қавле, «душвортарбия» мегардад, яъне, шахсе мешавад, ки майл ба ҳаракатҳои манфӣ дорад. Дар вуҷуди ин гуна фарзанд оташи қаҳру ғазаб аланга мезанад, дар ҳама кор якравӣ нишон медиҳад. Ҳамчунин, табъаш  зуд-зуд хира шуда, ноорому беқарор асту якрав. Бар замми ин, аз иртиботи наздик бо атрофиён дурӣ ҷуста, аз одамон кумак гирифтанро ба худ ор медонад ва дар таҳсил мушкилӣ мекашанд.

Воқеан, чаро дигаргуниҳои манфӣ дар рафтору гуфтори кӯдак мушоҳида мешавад? Кӯдаки як замон шоду хурсанд ба навраси хашмгину бадмуомила табдил меёбад. Аксар вақт вазъият дар оила то ҳадде муташанниҷ мегардад, ки дигар таҳаммули он барои аҳли хонавода сангин ва номумкин мешавад.

Дар ин вазъ, агар волидон  аз хусусиятҳои физиологии кӯдакон огоҳ бошанд, мушкилашон камтар мешаванд. Падару модарон бояд донанд, ки ин ҳолатҳо бештар дар марҳилаи гузариши синнусолии бачаҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Гузариши синнусолии кӯдакон марҳилаи муҳимми ҳаёташон буда, барои аксари онҳо бо душворӣ паси сар мешавад. Зеро дар натиҷаи таъсири ҳормонҳо дар организми наврасон дигаргуниҳои ҷиддӣ рух медиҳанд. Фаъолияти баъзе қисматҳои мағзи сар аз ҳад зиёд мегардад, аз ин рӯ, бача беқарор, аз андоза зиёд серҳаракат мешавад. Марҳилаи ташаккули шахсияти кӯдак оғоз гардида, ӯ ба ҷустуҷӯи “ман”-и хеш шурӯъ мекунад. Ба атроф бо диди нав нигариста, ба андеша меафтад. Дар намуди зоҳирии кӯдак низ дигаргуниҳои куллӣ ба чашм мерасанд. Ин давра-давраи мушкилтарини рушди кӯдак ба ҳисоб меравад, ки ӯ ҳар як дигаргунии манфии дар ҷисмаш рухдодаро бо ҳассосият қабул мекунад, ғам мехӯрад, дар баъзе мавридҳо аз ҳад зиёд  якрав мешавад. Волидон бояд донанд, ки хусусиятҳо натиҷаи дигаргуниҳои синнусолии кӯдак аст, ки аз он ҷои гурез нест. Дар ин марҳила падару модарон бояд ба фарзанд кумак расонанд, маслиҳатгараш бошанд.  Дар ҳамин давраи тақдирсоз кӯдак агар аз мадди назар дур монад, мумкин аст, ки ба роҳи хато рафта, ба “навраси душвортарбия” табдил ёбад. Истилоҳи “наврасони душвортарбия” мазмуни васеъ дошта, бо тарзҳои гуногун шарҳ дода мешавад. Аммо дар умум, зери ин мафҳум наврасоне дар мадди назаранд, ки идоранашавандаанд, суханони волидону омӯзгорон дигар барояшон эътибор надорад ва таъсир намерасонанд. Сараввал бояд дақиқ кард, ки наврас барои чӣ ва чӣ тавр душвортарбия шуд ва дар ин маврид кӣ гунаҳкор аст?

Дар натиҷаи мушоҳидаву баррасиҳо коршиносони соҳа ба ин хулоса расидаанд, ки дар тарбияи нодуруст гирифтани насли ҷавон дар бештари маврид муҳити оила гунаҳкор аст, зеро кӯдак тарбияи аввалинро дар оила мегирад. Муносибатҳои носолими байни аъзои хонавода ва бетаваҷҷуҳӣ ба наврас сабабҳои душвортарбия шудани ӯ маҳсуб мешавад. Ҷудоӣ ва ё ҷангу ҷанҷолҳои беохири волидон ба фарзанд таъсири бад мерасонад ва дар ӯ ҳисси нобоварӣ ба худро бедор мекунад. Кӯдак худро як каси зиёдатӣ эҳсос намуда, аз зиндагӣ дилсард мегардад. Баъзе волидон набудани худро бо харидани туҳфаҳои қиматбаҳо ҷуброн карда, бо фарзандашон робитаҳои дӯстонаю самимӣ барқарор карда натавонистаанд ва наврасро дар тарбияи бобову бибияш вогузоштаанд.  Наврас аз ин гуна муносибат ба танг меояд ва чун бо забон нороҳатияшро изҳор карда наметавонад (шояд дарк намекунад, ки бо гуфтан ҳам баъзе мушкилотро метавон ҳал кард), бо рафтори ғайримаъмулӣ аз худ дарак медиҳад, гӯё гуфтан мехоҳад, ки “ман ҳам одамам, ба ман таваҷҷуҳ кунед, маро танҳо нагузоред, дар мушкилоти пешомада ёриям намоед”.

Дар ин марҳила бояд фарзандро танҳо нагузошт, дар ҳар мавзӯъ ҳамроҳаш суҳбат бояд намуд, то дилашро холӣ кунад. Агар мо ҳарфи дилашро гӯш накунем, ӯ назди касоне меравад, ки гӯшаш мекунанд. Мутаассифона, маҳз дар ҳамин давра аксари волидон бепарвоиро пеша мекунанд.

Ҳамчунин, сомонаҳои муассисаҳои таълимии кишвар низ фаъол бояд бошанд, то волидон аз тариқи интернет бо мактаб робита барқарор кунанд. Фарҳанги техникии ҳамаи омӯзгорон бояд баланд бардошта шавад. Муаллим шояд дар фанни худ мутахассиси хуб бошад, вале чун компютер ва технологияҳои иттилоотиро намедонад, дар назари хонандаи имрӯза, ки аксарашон аз кӯдакӣ бо технология сару кор доранд, “бесавод” менамояд. Дар тарбияи наврас аз хидмати мутахассис-равоншинос истифода бурдан ба манфиат аст.

Имрӯзҳо мутахассисони соҳаи маориф дар мавриди истифодаи вожаи “душвортарбия” розӣ набуда, вариантҳои гуногун, аз қабили “саркаш”, “каҷрафтор”, “оворагард”, “бадрафтор”, “авбош”, “қонуншикан”, “ҷинояткор”-ро пешниҳод кардаанд, ки ҳоло дар марҳалаи баррасӣ қарор доранд. Албатта, хуб аст, ки истилоҳи хубу муассир ва нишонрас аз ҷониби коршиносон интихоб шавад ва мавриди истифода қарор гирад, зеро шунидани калимаи “душвортарбия” барои наврасону ҷавонон гӯшхарош ва таҳқиркунанда аст.

 Дилафрӯз ҚУРБОНӢ,

 “Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш