Нашрияи Омӯзгор

Тантанаҳо ба ифтихори 5500-солагии Саразм

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 35        Шарҳ: 0

 

Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500 - солагии Саразм, ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ин мавзеи бостонӣ рамзи Саразмро, ки дар болои сутунпоя бо баландии 27 метр қомат афрохтааст, ифтитоҳ карданд. Баъди садо додани гимни Саразм тантанаҳо ба муносибати 5500-солагии Саразм оғоз ёфтанд.

Дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии дарвозаи Саразм сурат гирифт. Дарвозаи ин гӯшаи таърихи зиндаи миллати тоҷик бо сангҳои қиматбаҳои ороишӣ нақшбандӣ шуда, дар он рамзҳо ва акси асбобу ашёи аз ин минтақа дарёфтгардида таҷассум ёфтаанд.

Баландии дарвоза 12 метр ва паҳноии он 45 метр мебошад. Дарвозаи мобайнӣ бошад, бо баландии 13 метр ва паҳноии 8 метр бо сифати баланди меъмории миллӣ бунёд ёфтааст.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳафриёти Саразм боздид ба амал оварданд.

Баъд аз анҷоми боздид аз ҳафриёт, Пешвои миллат аз хонаҳои саразмиёни қадим дидан намуданд. Ин хонаҳо бо фарогирии фарҳангу суннат ва расму оинҳои хос ба шаҳрнишинони Саразми бостонӣ бунёд ёфтаанд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамин макони таърихӣ Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм бо тарҳ ва намои зебо ва бо риояи меъёрҳои сохтмонии хос ба арзишҳои меъмории миллӣ  қомат афрохт ва ифтитоҳи он низ бо иштироки Пешвои муаззами миллат сурат гирифт.

Дар Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм, инчунин, барои муаррихону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ, ки ба омӯзиши бештари ёдгориҳои шаҳри қадимаи Саразм таваҷҷуҳ доранд, меҳмонхонаи муосир ба истифодабарӣ дода шуд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш