Нашрияи Омӯзгор

Бинои нави коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

1 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бинои нави муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшида шуд.

Бинои нави коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Ин боргоҳи маърифат таърихи 85-сола дошта, ҳанӯз соли 1935 таъсис ёфтааст. Бо дарназардошти ҷавобгӯ набудан ба талаботи замон соли 2014 сохт-мони бинои нави коллеҷ оғоз шуд. Инак, муассисаи таълимӣ соҳиби бинои наву замонавӣ гардид, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад.

Аснои шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулонро барои омода кардани мутахассисони баландихтисос ҳидоят намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бинои навсохти коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дорои 28 кафед-ра, 146 синфхона ва 8 толори барҳавои лексионӣ буда, бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва муосиртарин технология, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз мебошанд ва барои таҳсили 3 ҳазору 500 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.

Дар ин коллеҷ аз рӯи 12 ихтисос аз ҷумла, кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори ҳамширагӣ дар косметология, кори дандонсозӣ, кори табобати дандон, кори тиббӣ – офиятӣ, кори фарматсевтӣ, корҳои тиббӣ – ташхисӣ, корҳои тиббӣ-профилактикӣ, истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ, ташхис ва табобати нурӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Соли ҷорӣ дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси нав - “Кори ҳифзи иҷтимоӣ” низ дар ин муассисаи таълимӣ ба роҳ монда шуд.

Синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои омӯзгорон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва хати интернет пайваст мебошанд. Дар китобхонаи коллеҷ наздики 65 ҳазор номгӯи адабиёти таълимӣ, методӣ, тахассусӣ, илмию бадеӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мавҷуд аст. Илова бар ин, китобхонаи электронӣ бо 15 адад компютер, ки бо шабакаи интернет пайвастанд, муҷаҳҳаз буда, дар хазинаи он зиёда аз 3 ҳазору 200 номгӯи адабиёти гуногун дар шакли электронӣ мавҷуд аст.

Айни замон дар коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 7 ҳазору 569 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 2 ҳазору 19 нафар писар ва 5 ҳазору 550 нафар духтар мебошанд. Ба онҳо 321 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 85 нафар бо дараҷаи тахассуси олӣ, 64 нафар тахассуси якум ва 49 нафар тахассуси дуюм дарс мегӯянд.

Ҷиҳати мутобиқ намудани раванди таълим ва машғулиятҳои амалии донишҷӯён ба меъёрҳои байналмилалӣ дар коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ якчанд маркази таълимию табобатӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла, Маркази таълимӣ - табобатии “Ҷарроҳия”, Маркази таълимӣ – табобатии “Стоматология”, Маркази таълимӣ – истеҳсолии “Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш”, Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Дорусозӣ”, Маркази “Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ”, Маркази “Омӯзиши малакаҳои амалӣ” ва “Осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ” таъсис дода шудааст, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибтахассус фаъолият намуда, ба донишҷӯён машғулияти амалӣ мегузаранд.

Бинои асосии муассиса ҳамчун бинои маъмурӣ пешбинӣ шудааст, ки дар таҳхонаи он маркази тестӣ мавҷуд аст. Дар қабатҳои болоӣ утоқҳои корӣ, бойгонӣ, шуъбаҳои таълим, тарбия, илм ва ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шудаанд. Дар муассисаи таълимӣ ошхона бо 200 ҷой мавҷуд буда, барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳо толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст сохта шудааст. Дар саҳни коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 3 майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бунёд шудааст. Муассисаи навбунёд пурра бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст гардидааст ва раванди таълим тавассути дастгоҳҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаҳои ташаккули тибби тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, изҳори андеша карда, тарбияи мутахассисони баландихтисосро дар ин ҷода аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорон арзёбӣ карданд. Таъкид шуд, ки соҳаи тандурустии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Пешвои миллат ба ҷамъоварӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахши диёр низ диққати махсус равона карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар кабинети фармакогнозия ва истеҳсоли дорувории коллеҷи мазкур 16 намуд маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахш истеҳсол мешавад.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш