Нашрияи Омӯзгор

Сарфакориро омӯзонем

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 77        Шарҳ: 0

 

Дар ниҳоди хонандагон омӯзонидани хислатҳои неки инсонӣ - одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми калонсолон, муносибати дуруст ба ашёи синфу мактаб, исроф  накардани хӯрок ва монанди инҳо ҳанӯз аз  синфҳои поёнӣ шурӯъ мегардад.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҳамарӯзаи мо риояи сарфаю  сариштакорист. Масъалае, ки ҳам омӯзгор, ҳам падару модар ва умуман, ҳар нафар бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Бо омад – омади соли нави хониш ҳамасола падару модарон барои фарзандонашон  ашёи мактабӣ ва  сарулибоси тозаю озода харида, онҳоро ба мактаб гусел мекунанд. Албатта, на ҳама волидайн метавонанд барои ду – се нафар фарзанди худ, ки дар мактаб таҳсил мекунанд, сарулибоси дилхоҳ бихаранд, зеро дар шароити имрӯза дарёфти маблағ кори чандон саҳл  нест. Ба ҳар сурат, бо таъмин кардани фарзанд бо хостаҳои ӯ вазифаи  падару модар ба охир намерасад.

 Барои сарфаи маблағ волидон бояд фарзандро ба тоза нигоҳ доштани сару либос пайваста таъкид намоянд. Вақте бача либосашро хуб нигоҳ кард, муҳлати истифодаи он ҳам зиёд мешавад. Дар баробари ин, ба фарзандон фаҳмондани муносибати дилсӯзона ба дигар ашёи рӯзгор низ зарур аст.

Ба ҳамин минвол, тасаввуроти ибтидоии сарфаю сариштакорӣ аз оила сар мешавад. Дар мактаб бошад, ин андеша бо маслиҳатҳои омӯзгорон дар корҳои синфӣ ва беруназсинфӣ  инкишоф дода мешавад. Ба бачаҳо фаҳмондан лозим аст, ки агар онҳо китобҳояшонро тозаву озода нигоҳ доранд, фардо аз онҳо дигар хонандагон ё  додару хоҳарони худи онҳо  бемалол  истифода хоҳанд кард. Бо ин мақсад, агар ҳар як омӯзгор ва роҳбари синф рӯзҳои муайянро барои санҷиши вазъи  сарфакорона истифода бурдани дафтарҳои кории ҳаррӯза, рейди сарфакорона истифодабарии ғизо дар ошхонаи мактабӣ, истифодабарии лампаҳои каммасраф ҷудо намоянд, шояд ин сабаби коҳиши исрофкорӣ миёни шогирдон гардад.

Ин гуна гурӯҳҳои санҷиширо  барои сарфакорона истифода бурдани дафтарҳои корӣ низ гузаронидан ба  мақсад мувофиқ аст. Маълум, ки на ҳама шогирдон саҳифаҳои дафтарҳои кориро ба таври мақсаднок истифода мебаранд. Агар дафтарҳои чанд фанни таълимиро тафтиш намоем, шояд дар муддати як соли хониш, дар як синф  бештар аз сӣ – чил саҳифаи дафтарҳои корӣ холӣ мемонад. Агар ҳамин ададро ба теъдоди умумии хонандагони мактаб, ноҳия, вилоят зам намоем, пас то чӣ андоза муносибати  бепарвонаю  саҳлангории  хонандагон нисбат ба дафтарҳои корӣ маълум мегардад.

Ба андешаи мо,  агар доир ба масъалаи  сарфаю сариштакорӣ   чанд дақиқаи дарс ва ё соатҳои тарбиявиро истифода барем,  аз манфиат холӣ намебуд.         

 Саодат  ҚАРАЕВА,

омӯзгори  синфҳои  ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш