Нашрияи Омӯзгор

Чанд мушкили соҳа

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 59        Шарҳ: 0

 

Дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон як қатор норасоӣ ва мушкилиҳо мавҷуд мебошад, ки дар самти сифати таҳсил, иҷрои барномаҳои давлатӣ, таъмин бо кадрҳои омӯзгорӣ ва ғайра аз ҳамин қабил маҳсуб меёбанд. 

Тибқи иттилои раёсати маорифи вилояти Хатлон, мушкилиҳои асосӣ фарогирии кӯдакон ба зинаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, пурра амалӣ нашудани «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020», таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассуси омӯзгорӣ, ба ҷойи кор ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон, иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» мебошад. Ҳамчунин, таъмин намудани Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди  раёсати маориф, муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо бинои алоҳида ва мустақилияти молиявӣ, иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020», амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон», тарғиби бештари интихоби дурусти касб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад. 

 

Ёрмандӣ ба мактаб-интернатҳо

Ба мактаб - интернатҳои вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли равон ба маблағи 226 ҳазору 573 сомонӣ аз тарафи мақомоти маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи саховатпеша кумакҳои пулӣ расонида шуд.

Айни замон дар вилояти Хатлон 15 мактаб - интернат фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли гузашта 2 адад кам мебошад. Сабаб дар он аст, ки фаъолияти мактаб-интернати кӯдакони ятими №1-и ноҳияи Кӯшониён, мактаб - интернати назди мактабии ноҳияи Ховалинг қатъ гардид. Ҳамзамон, бо қарори раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ литсей-интернат ба литсейи хонандагони болаёқат табдил дода шуд.

Масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки дар 15 мактаб - интернати вилоят 2576 нафар кӯдаку наврас ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш