Нашрияи Омӯзгор

Мактаб барои 640 хонанда

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 30        Шарҳ: 0

 

Барои сохтмони бинои муассисаи таълимии рақами 8-и шаҳри Хоруғ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аллакай 85 фоизи корҳо ба итмом расонида шудааст. Он барои 640 хонанда бо тамоми шароити зарурӣ пешбинӣ гардида, аз се ошёна ва се бинои асосии таълимӣ иборат мебошад. Дар марҳилаи якум аз рӯи лоиҳаи пешбинигардида, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардид.

 

Тақвиятбахши малакаи зеҳнӣ

Дар доираи омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар китобхонаи вилоятии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хоруғ ҷамъомад баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 2, 6, 7, 8-и шаҳри Хоруғ, рақами 20 - и ноҳияи Шуғнон, литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ иштирок намуданд. Хонандагон аз рӯи номинатсияҳои осори адибони классики тоҷик, осори бачагона, хондан ва аз ёд кардани адабиёти муосир, адабиёти хориҷӣ ва ғазалсароӣ баромад намуданд. 

Ба иттилои Гулдаста Орумбекзода, директори китобхонаи вилоятӣ ба номи А.Рӯдакӣ даври якуми озмун моҳи июн гузаронида шуда, дар он 575 нафар аз ҳисоби хонандагони китобхонаҳои вилоят иштирок намуданд, ки аз онҳо 195 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Ванҷ аз 80 нафар 50 нафарашон ба даври дуюм, Рӯшон аз 66 нафар 31 нафар, Шуғнон аз 281 нафар 35 нафар, Роштқалъа аз 69 нафар 33 нафар, Ишкошим аз 45 нафар 25 нафар ва Мурғоб аз 34 нафар иштирокчӣ 21 нафар ба даври дуюм гузаштанд.

Даври вилоятии озмун нимаи дуюми моҳи сентябр баргузор мегардад. 

 

50 квотаи иловагӣ

Одинашо Мардов, сардори раёсати маорифи ВМКБ  иттилоъ дод, ки  дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 152 адад квотаи Президентӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ҷудо гардида, иловатан 40 квота барои Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва 10 квота ба ноҳияи Роштқалъа дода шуд. Аз 2701 нафар хатмкунанда, 2275 нафар аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ гузаштанд, ки ин дар маҷмӯъ, 82, 4 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 3,3 фоиз зиёд мебошад.

 

Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш