Нашрияи Омӯзгор

Чашми бози лолаҳо

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 93        Шарҳ: 0

 

Дар адабиёт, чи классикӣ ва чи муосир шоирон эҳсосу андешаву тафаккуру фаҳмиши худро, ки аз ҳолатҳои гуногуни мушоҳида ва ангезаҳои рӯҳияашон рӯйи даст омадааст, бо қобилияту нубуғи шоирии хеш дар қолабҳои шеърӣ таҷассум кардаанд.

Равшан аст, ки дар баёну ифода ва бозтоби мушоҳида, аз  аносиру саноеи мухталифи бадеӣ корбурд кардаанд, ки ҳам лафз хубу ҳадафрас баромадаасту ҳам маъно. Ҳароина, диди шоирона ва хусусияти волои  образофарӣ ба онҳо имкон додааст, ки сухани нав, ташбеҳу истиораҳои ноб, таркибу ибораҳои ҷолибу дилангез, ба як сухан, хатти тасвирии хешро бо кашфи ғайримунтазира ошкор созанду пешниҳоди хонанда кунанд. Аммо дар ин навишта рӯйи сухани мо дар боби омӯзишу бардоштҳои шоирон аз муҳтавои шеърҳои якдигар ва бо сабку шеваҳои навин бозгӯйӣ намудани як маъною ифода маҳсуб меёбад. Дар ин росто, адабиёти классикӣ уқёнусест бекарон, ки гавҳарҳои дурахшони ифодаю таркибҳои шоирона ва бозёфтҳои маъноӣ онро олию воло ҷилва додааст. Бигирем, байтеро аз Бедил:

Гар ба шамшерат биронанд

аз адабгоҳи ниёз,

Ҳамчу хун аз захм, Бедил, бо

лаби хандон баро.

Дар ин байт вожаи «шамшер», ибораи «адабгоҳи ниёз» ва «хун баромадан аз захм» ҷавҳари он буда, сабурию виқор ва сарбаландию ғурури шахсро бармало месозад. Мазмун, аз ҷабру ҷафо ва фишорҳои давру замон ва зиндагӣ, ки ба сари шахс таҳвил мегарданд, бо муқовимату пофишорӣ ва ба таъбири ҳазрати Бедил, «ҳамчу хун аз захм баромаданҳо» метавон посух гуфту раҳоӣ ёфт. Ҳамин андешаро дар шаклу наҳваи зоҳиран сода, вале хеле шоиставу барҷаста шоири шинохтаю маъруф, устод Бозор Собир пас аз қарнҳое хеле олӣ ифода намудааст:

Ман тугмаи садоям,

Дар пушти ин дари танг.

ҳар қадр мефишоранд,

Он қадр мезанам занг.

Дар ин порашеър низ ҳамон ҳолу ҳаво ва фазои маъноии Бедил ба мушоҳида мерасад.

Таркибҳои «дари танг», «тугмаи садо» созандаи маънӣ дар шеър буда, бо фишурдани занг ба ҳамон андозаи занг задани он аз ҷилваҳои ботинии шеър аст. Яъне, боз ҳам ба фишорҳои замонаи бераҳм шоир посух медиҳад, ки ҳаросе дар дил надораду хомӯшӣ ихтиёр намекунад. Аз ҳақиқату адолат сухан гуфтаасту мегӯяд.

Мусаллам аст, ки ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз бо салосату балоғати комили худ таъсири пурфайзи худро дар ҳама қарну замонҳо ба шоирон расондаву онҳоро дар радифу пайравии ин нобиғаи ғазалсаро ба навиштани   ашъори ширину марғуб таҳрик бахшидаанд. Бубинед, ки дар бозгӯйии маънои байти ин ғазали Ҳофизи малакутӣ:

Ҳарчанд пиру хастадилу нотавон шудам,

Ҳар гаҳ ки ёди рӯйи ту кардам, ҷавон

шудам.

шоири шаҳири Эрон Нодири Нодирпур чӣ тавр дар қолаби дигар суханро зебу оро додааст:

Маро ишқи ту дар пирӣ ҷавон кард,

Диламро дар ғарибӣ шодмон кард.

Ҳамон  маънӣ, ки Хоҷа Ҳофиз кашф карда, бо бурузи сабку шеваю қолаби дигар ва бас ҳунармандона Нодири Нодирпурро даст дода. Аммо дар ҳавзаи шеъри форсӣ намунаҳоеро низ метавон вохӯрд, ки аз бозёфту кашфи маъноӣ аз ҷониби чи шоирону классику чи муосир шаҳодат медиҳад. Чунонки маълум аст, тасвиру бозтоби гули лола ба сифати унсури меҳварии образсоз (агар ҳамин тавр гуфтан ҷоиз бошад) дар ашъори шоирони гузашта ва низ муосир ҷойгоҳи муҳимму калидиро дорост. Аз Рӯдакӣ шурӯъ гардида, то Соибу Бедилу Ҷомию Ҷалолиддини Балхӣ… аз лола ба василаи ташбеҳу истиора манзараофарӣ намудаанд. Ва то ҷое, ки ман омӯхтаму мушоҳида кардам, ба доғи сиёҳи даруни лола бештар таваҷҷуҳ кардаанд. Ҳатто дар байте аз шоири ҳавзаи адабии Самарқанд, бо исми Яҳёи Себак (асри XVII), ки ба тариқи зайл аст:

Соли гул нест, соли доғи дил аст,

Мо ҳам имсол лола коштем,

маънии баланди ҳакимона офарида шудааст. Вале дар ҳамин байт низ мақсуди шоир ҳамон доғи лола аст. Возеҳу рӯшан аст, ки доғи лола сиёҳ асту дарду андуҳи дилро шоирон ба он шабоҳат додаанд. Аҷиб он аст, ки дар ғазалҳои шоирони сабки ҳиндӣ низ дар ҳама ҳолат ишора ба доғи сиёҳи лола ва ранги сурхи он шудааст.

Шоирони дигар лоларо ба ҷому соғар, қадаҳ ва амсоли ин монанд кардаанд, ки хеле ташбеҳи маъмулист. Дар шеъри  муосир, зиндаёд Аминҷон Шукӯҳӣ содаву  дилрас гуфтааст:

Лоларо ман соғари дастат кунам,

Пас шабе бо бӯйи гул мастат кунам.

Ё Гулрухсор дар тасвири зоҳирии манзара мегӯяд:

Лолаҳо дар ёлаҳо машъал шуданд,

Сабзаҳо дар пуштаҳо махмал шуданд.

Вақте ба мутолиаи ашъори шоири хушкалом, шодравон Ҷамолиддин Каримзода пардохтам, бо як силсила таркибу ибора ва ташбеҳоту истиораҳои нав дучор омадам. Дар зимн, ғазалеро мавриди мутолиа қарор додам, ки мафҳуми «лола» дар он хусусияти ҷамъбастию хулосакунанда дошта, моҳияти фалсафии баландро доро гардида буд.

Ғазал бо байти:

Зиндагиям бо гудоз охир шавад,

Бо лаби нону пиёз охир шавад,

шурӯъ гардида, пас аз  байтҳои тозаву дорои тасвирҳои шигифтангез, бо байти зер ба анҷом мерасад:

Мо магар бо лолаҳо ҳамқисматем?

К-умри мо бо чашми боз охир шавад.

Маро  зуд калимаи «лолаҳо» дар мисраи якум ва таркиби «чашми боз» дар мисраи дуюм ба худ ҷалб намуд. Гуфтам, Ҷамолиддин Каримзода, бешак, дар ташбеҳи лола сухани нав дарёфтаву гуфтааст. Шоири нозукхаёлро на доғи лолаву на ранги он ба худ саргарм намудааст, чунонки дар шеъри классикию имрӯзии мо роиҷ аст, балки ӯ ба косабаргҳои он, ки шакли чашми бозро доранд, таваҷҷуҳ намуда,  маънии барҷаста офаридааст. Бардошт аз ин байт чунин аст, ки мо, инсонҳо, рӯзгоре дорем, ки ба сарнавишти лолаи саҳро шабоҳат дорад. Носозгорию мушкилот, беадолатию ноинсофӣ ва бетарафии одамонро ҳамарӯза ба мушоҳида мегирему хомӯшию сукутро ихтиёр мекунем, ки бас нобахшиданист. Яъне, мо бо чашми боз (мояи ҳайрату тааҷҷуб) ба каҷравиҳо менигарему дар роҳи ислоҳи онҳо талош намекунем.

Воқеан, таркиби «чашми боз»-и лолаҳо, ки маҳсули бозёфти эҷодии шодравон Ҷамолиддин Каримзода аст, маро хуш омад, чун дар ҳама давру замонҳо сухани нав, таркибу ибораороии ноб, истифодаи саноеи бадеии тозаву шодоб шӯру ҷозибае дар ниҳоди фарди шеършинос ба зуҳур меовард воқеан, мафтуну маҷзубу шайдоям кард.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш