Нашрияи Омӯзгор

Сабақҳои мактаби Ганҷобод

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 52        Шарҳ: 0

 

Ин дафъа дар хусуси мактабе нақл хоҳам кард, ки дар он ба муддати ду сол таҳсил кардаам ва аз сабақҳои рангину шавқовар ва нотак-рори устодону омӯзгоронаш баҳраву судҳо бардоштаам. Гап сари он меравад, ки соли 1981 мактаби он замон ҳаштсолаи №92 (ҳоло муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51)-и ноҳияи Рӯдакиро хатм карда, шаҳодатномаи баҳоҳо дар даст барои гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ ба мактаби №205 (ҳоло рақами 48)-и ҳамин ноҳия равон шудем.

Моҳи сентябр, бо оғози соли таҳсил тақрибан 2 км роҳро тай карда, қад-қади шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе ба шаҳраки Ганҷобод (он замон посёлкаи Нефтяник) ворид гардида, аз байни хонаҳои баландошёна ва мошинсаройҳои сокинони шаҳрак гузашта, ниҳоят ба мактаби номбурда расидем. Атрофи дабистон кушода буду аз чанд фарсанг роҳ биноҳои сурхчатоби хиштӣ, ки сеқабата буданд, ба чашм расиданд. Дарахтони сарсабзу тановар дар ҳошияи роҳи назди таълимгоҳ соя афкандаву назаррабоӣ мекарданд. Саҳни мактаб фарохи сементӣ буда, як ҷӯйи пуроб аз канори он мегузашт. Мо, хонандагони деҳаи Моинкаҷ, ки ҳашт сол дар синфхонаҳои гиландудаи хеле кӯҳна, ки шифти он ҳама қамишпеч буд ва зуд-зуд аз боло ба рӯйи партаю мизҳо ва фарши хокӣ каждуму ғунда ва дигар ҳашароти хавфнок мерехт, бинои хуштарҳи замонавии сеошёнаро аз наздик бо чашми сар дида, лаҳзае ҳайрону тааҷҷубзада ба раҳраву синфхонаҳои тозаю назиф ва мизу курсиҳои  рангмолидашуда чира шуда, гӯё ки дар макону маъвои афсонавие афтида бошем. «Минбаъд дар ҳамин бино, дар синфхонаҳои фаршаш тахтагини рангаш хокистарӣ ва фазояш дилкашу барҳавою равшан таҳсилро идома хоҳем дод, -аз дил гузарондам ман. Дар мактаб, ҳамчунин, толори варзишию маҷлисгоҳ мавҷуд буду ошхонаи озодае дошт, ки нисфирӯзӣ он ҷо метавонистед хӯрок тановул кунед. Китобхонаи дабистон дар ошёнаи якум воқеъ гардидаву дорои китобҳои фаровони бадеӣ буд. Азбаски дар шаҳраки Ганҷобод, дар баробари тоҷикон, асосан русҳо зиндагӣ мекарданд, дар мактаби мазкур фарзандони мардуми русу ӯзбеку тотор бештар ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Рӯзи аввали таҳсил мо, хонандагони мактаби «бегона»-ро дар як синф ҷамъ оварда, директори  таълимгоҳ, марди миёнақади чашмонаш гӯсфандӣ, ки либосҳояш утукардаю шинам буду Бураков номаш мебурданд ва мудири бахши таълимӣ Муллоев, ки тоқӣ ба сар дошту нигоҳаш озмоишкорона менамуд, дар бораи тартибу низом дар таълимгоҳ, талаботу ҳолати нигаҳдории ашёву васоити аёнӣ ва риояи одобу ахлоқ суҳбат оростанд. Аз суханони онҳо маълум гардид, ки қонунҳо дар мактаб ҷиддӣ ва иҷрои талаботи пешниҳодшуда қатъӣ мебошад. Дар воқеъ, дар суханони эшон оҳангҳои ҷиддият ва омирона ба мушоҳида мерасид.

-Талаботи мактаб ва одобу интизомро ҳар нафаре, ки риоя намекунаду супоришу вазифаҳоро дар вақташ ба ҷо намеорад, фаҳмида гирад, ки аз рӯзҳои аввал аз мактаб пеш карда мешавад, - бо овози баланд хитоб кард директор Ҷ.Бураков ва афзуд, ки мактаб муассисаи давлатист ва мо намегузорем, ки он ба бозор табдил ёбад.  Як омилро ба назар бояд гирифт, ки дар ин даргоҳ фарзандони миллатҳои русу тотору ӯзбек низ таҳсил мекунанд. Муносибату муошират бо онҳо бояд эҳтиёткорона ва самимӣ сурат гирад. Аз суханҳои дағал, ҳазлу шӯхиҳои бемаврид, луқмапартоиҳои саридастакӣ ва монанди инҳо худро канор бояд гирифт.

Баъд лаҷоми сухан ба ихтиёри мудири бахши таълимӣ Ш.Муллоев супорида шуд.

-Ман аз шумо дар баробари адабу ахлоқи неку ҳамида, саводу дониши чуқуру ҳаматарафаро талаб мекунам, - фаҳмонд Ш.Муллоев ва таъкид кард, ки шеъру порчаҳои достонҳоро ҳифзу аз бар намоед, бештар асарҳои бадеӣ мутолиа кунед. Адабиёти бадеӣ инсонро  тарбия ва ба ӯ неруи маънавӣ мебахшад, аз роҳи каҷу хато бармегардонад.

Мо, ин панду насиҳатҳо дар гӯш ба таҳсил шурӯъ намудем. Аммо аз рӯзҳои аввал ба моҷарою ҷанҷолҳо рӯ ба рӯ гардидем. Мухтасари вазъи баамаломада он буд, ки дар радифи мо, ҳамзамон, аз деҳаҳои Тезгари Боло, Янгиқӯрғон ва Таги Теппа низ хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаву бояд дар синфи 9-10 дар ҳамин мактаб мехонданд. Ба муҷиби ноошноию ҳамдигарнофаҳмӣ ибтидо зуд-зуд байни мо пас аз дарсҳо ҷанҷолҳо сар мезад, ки гоҳҳо ба занозанию мушткӯбию афту дарафтҳо анҷом меёфт… Табиист, ки  овозаю ҳангомаи ин ҷанҷолҳои, аз қавле «рӯ ба рӯю тан ба тан» ба гӯши маъмурияти таълимгоҳ расида, муҳокимаи ҷиддии мо, хонандагони синфи 9, бо иштироки волидон оғоз шуд. Муҳокимаю натиҷагирӣ се рӯз тӯл кашид ва ниҳоят, директору мудири бахши таълим ва роҳбарони синфҳо ба хулосае расиданд, ки фарзандони мардуми деҳаи Моинкаҷ бо шумули 18 нафар (баъдтар 4 духтар бо мо ҳамроҳ гардид) ба синфҳои алоҳида ва хонандагоне, ки аз деҳаҳои Тезгари Боло, Янгиқурғон ва Таги Теппа меоянд, ба синфи дигар ҷудо карда шаванд. Роҳбари синфи мо, ҳамдеҳаамон, устод Абдурауф Мирзоев таъйин гардид ва аз фанҳои алгебраю геометрия ба мо машғулият мегузаронд. Аз деҳаамон, муаллими фанҳои физикаю астрономия Алихон Зубайдов (равонаш шод бод!) низ ба мо сабақ медод. Роҳбари синфамон А.Мирзоев, бо вуҷуди камгапу ҷиддӣ буданаш, ҳар субҳ моро ба мошини сиёҳранги дарозу бадвоҳимааш, ки ба назарамон нисфи роҳро банд мекард, бо «ЗИМ»-и худ савор карда, ба мактаби шаҳрак меовард. Мо аз он ки савори мошини роҳбари синфамон (8-9 нафар ба ҳузур дар он ҷо мегирифтем), сари вақт ба мактаб расидаву ба дарсҳо ҳозир мешудем, ифтихор мекардем. Ин муҳим буд, ки воқеан ба мо омӯзгорони донишманду варзида дарс медоданд. Директори мактаб Бураков ниҳоят серталаб буда, мавзӯи гузашташударо аз таърих ва ҷамъиятшиносӣ бо тамоми ҷузъиёташ, ба пуррагӣ аз хонандагон пурсидаву нақли онро муҳим меҳисобид. Дӯст медошт, ки харитаро ҳаматарафа аз худ кунему номи мамлакатҳову пойтахти онҳоро аз ёд донем. Дар ҳар як машғулияти худ, қабл аз тафсиру тавзеҳи мавзӯи нав, номи 15-20 мамлакатро бо пойтахтҳояшон ба дафтарамон менавиштем ва барои аз бар кардан дар хона ҳамчун супориши иловагӣ медод. Вақти дар ихтиёраш бударо ҳадафнок истифода мекард. Сабку шеваи гуфтору нақли устод Ҷ.Бураков, хотираю ҳофизаи қавии ӯ, (ибрози маълумоти фаровони таърихӣ, далоилу арқоми санаҳо ва воқеаҳои баамаломада, ному насаби қаҳрамонон, исми муҳорибаю набардҳо ва амсоли инҳо), хитобаҳои баланду буррои муаллим бароямон писанду хотирмон буд. Ҳеҷ гоҳ, беҳуда моҳияти мавзӯи дарсӣ ва ё факту рақамҳоро дар дафтарҳоямон сабт намекунонд ва ин амалро шуғли коҳилону беҳунарон медонист.

-Вақте ки китоби дарсӣ ҳаст, ҳоҷат ба конспекту рӯйбардор ва ройгон гузарондани вақт нест, - панд медод устод ва меафзуд, ки бар ивази ин корҳо китоб ё сарчашмаи иловагиро варақ задан ба манфиати ҳар як хонанда аст, зеро бо мутолиаю омӯзиши чандин маъхаз донишу ҷаҳонбинии шахс васеъ мегардад.

Хонандагоне буданд, ки ба дарсҳо бе тайёрӣ ҳозир мешуданд ва суст ҷавоб дода, соҳиб шудан ба баҳои «3»-ро бахти бузург меҳисобиданд.

- Ман ба ҳеҷ кас (агар фарзандам бошад ҳам)  гузашт намекунам, - хулоса мекард андешаҳояшро директор ва заҳрханде дар лаб ду ангушти миёнаашро ба он хонанда нишон медод: - баҳоят «2». Ин «туҳфа» - ро ба падару модарат бурда нишон медиҳӣ! Фаҳмо?

Ва аммо дар қиёс бо ингуна хонандагон шогирдонеро, ки мавзӯъро хуб аз худ кардаву баромада дар назди харита ҳаматарафа ҷавоб медоданд, дӯст медошт. Мегуфт, ки инҳо ҳам се вақт хӯрок хӯрда метавонанд, бозӣ мекунанд, хоб мераванд, ҳам дарсҳояшонро заҳмат кашида тайёр мекунанд. Зеро виҷдон доранд, виҷдонашон намегузорад, ки дурӯғ гӯянд, фиреб кунанд, коҳилию хоб-ро аз ҳама чиз боло гузоранд. Мо аз ин суханони ҳакимонаю пурҳарорати устод Ҷ.Бураков рӯҳбаланд шуда, хаёл мекардем, як зӯр занему амиқтару ҷиддитар мавзӯъҳоро аз худ кунем, дар як они воҳид мактабро тамом намуда, соҳиби шаҳодатномаи хатм ҳам мешавем. Дар силки директори таълимгоҳ, дарсҳои омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, зиндаёд Ҷ.Носиров низ басо рангину ҷолиб ва хотирмон мегузашт. Ӯ бағоят нармгуфтору хушсухану суҳбаторо буд, табъи шоирӣ дошт, сохту аркону қавонину қавоиди шеър ва вазну қофияро неку медонисту нозукиҳои шеърро дарк мекард. Ҳангоми шеър хондан дар олами хоси худ ғарқ гашта, бо оҳанги латифу нозук ҳар як байтро тафсир мекард. Аз он рӯзгор дар ёдам амиқу равшан мондааст, ки чӣ тавр устод Ҷ.Носиров ҳангоми гузаштани ҳаёт ва эҷодиёти шоирони бузурги  тоҷик Бадриддин Ҳилолӣ, Ҷунайдуллои Ҳозиқ, Камолиддин Биноӣ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар намояндагони адабиёти асрҳои XV-XIX бо тааммуқ дар хусуси зиндагии мураккаби онҳо, фалокату фоҷеаҳои ба сарашон омада, фишору зулми замона нисбат ба эшон, ки озодии гуфторашонро маҳдуд мекард, ҳарф мезад. Ҳарф мезад бо сӯзу гудоз, бо дарду алам ва самои дидагонашро абри ғам фаро мегирифт. Ингуна ба муаллим Носиров, дарси адабиёт ва ашъори шоирони классики форсу тоҷик меҳр пайдо кардему ҳар як ғазал ва порчаҳои достони ин шоиронро бо шавқу завқ аз ёд менамудем. Муҳаббати адабиёт ва забони русиро бошад, бо машғулиятҳои пурмуҳтавою соҳиронаи худ, бонуи хушсухан ва донишманд Алла Петровна Холиқова дар қалбам  бедортар намуд ва мутолиаи осори намояндагони адабиёти русро шиори зиндагиямон қарор дод. Ба  ёдам ҳаст, чӣ тавр ва бо чӣ шӯру шавқи дил ҳикояту қисса, романҳо ва ашъори  Пушкину Гогол, Л.Толстою Ф.Достоевский, Фадееву Шолохов, Тургенев, М.Горкий, С.Есенин, А.Толстой, Лермонтов ва дигаронро мехондему ба сеҳру ҷозибаи каломи ин нобиғагон қоил мешудем. Муаллима Алла Холиқова низ ҳангоми дарсҳо гӯё бо дарду азобҳои шоирону нависандагони рус шарик гардида, бо баёни нақли асарҳои онон, ба хусус, ҳикояи «Баъди базм»-и Л.Толстой, «Тарас Булба»-и Гогол, «Дони ором»-и Шолохов, «Характери рус»-и А.Толстой ва бисёр дигар адибон хомӯшона мегирист. Ҳанӯз ҳам  суханони гӯшнавозу фасеҳи муаллима Алла Халикова (хонаи охираташ обод бод!) тайи гӯшам садо медиҳад. Бад-ин тариқ, тӯли ду сол муаллимон Ш. Муллоев, А. Зубайдов, А.  Мирзоев, И. Абдураҳмонов,  Р. Авғонов, Н. Хокироев бо машғулиятҳои нотакрорашон дар ёду хотирҳо нақш бастаанд. Хусусан, дарсҳои омӯзгори фанҳои химия ва биология Илҳом Абдураҳмонов, ки дар синфхонаи фаннӣ мегузашт, ниҳоят шавқовар ва дар сатҳи баланд роҳандозӣ мегардиданд. Дар кабинети химияву биология тамоми абзору васоити аёнии техникӣ, зарфу радиоактивҳои кимиёвӣ, устухону скелет ва узвҳои бадани одам  ва монанди инҳо мавҷуд буд. Устод Илҳом Абдураҳмонов дарсҳояшро тавъам бо таҷрибаву корҳои амалӣ чун оина дар пеши чашми мо, шогирдон, мегузаронд.  Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Ш.Муллоев дар синфи 10-ум ба мо дарс медод. Аз муаллими соҳибтаҷриба бар иловаи зиндагию эҷодиёти шоирону нависандагони адабиёти муосири тоҷик, ҳамчунин, тарзу шеваҳои навишти нақли хаттӣ ва иншоро омӯхтем. Устод Ш.Муллоев панд медод, ки дар навишти иншо ҳеҷ гоҳ ба касеву чизе умед набандед. Ба китоби дарсӣ умуман нигоҳ накунед. Агар чор ҷумла ҳам нависед, бо фаҳмиши худатон нависед. Ин таъкиди муаллими азизамро то ҳол дар хотир дорам…

Ҳамин буд, ки мактаби №205-ро бо сарбаландӣ хатм карда (дар шаҳодатномаи хатми мактаб аз ҳамаи фанҳо баҳои «аъло» доштам, илло фанни тарбияи ҷисмонӣ, ки муаллими ин фан баҳоямро «чор» гузошта буд) ба факултаи филологияи тоҷики ДМТ  (он вақт УДТ ба номи В.И.Ленин) дохил шудам ва хурсандиямро интиҳо набуд. Ҳамон вақт, (саҳеҳтараш тобистони соли 1981) дар рӯзномаи «Газетаи муаллимон» мақолаи устоди ДМТ, шодравон М.Норматов дар хусуси иншои навиштаи дохилшавандагон ба факултаи филологияи тоҷик чоп гардид. Зимни таҳлилу натиҷагирӣ ва хотирнишин намудани ҳусну қубҳи иншоҳои навиштаи довталабон, дар масъалаи иншоҳои беҳтарин ному насаби ман ва мактаби миёнаи №205-и ноҳияи  Рӯдакӣ (он замон Ленин) зикр гардида буд. Ман нашрияро, ки бародарбузургам ба он обуна буд, гаштаю баргашта мехондаму бо ифтихор ба ҳамсинфонам нишон медодам…

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш