Нашрияи Омӯзгор

Озмун барои беҳтарин реферат ва иншо

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 31        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ озмуни ҷумҳуриявии фосилавӣ баргузор мегардад. Озмуни мазкурро Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ташкил ва баргузор менамояд.

Ба таъкиди директори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илм   Умедҷон Сафарзода мақсад аз баргузории озмун дар ниҳоди хонандагон бедор кардани эҳсоси худогоҳиву худшиносии миллӣ, ошноӣ ва арҷ гузоштан ба мероси миллии таърихию фарҳангӣ, шинос шудан бо ҳунари волои зироатпарварӣ, ҳунармандӣ, шаҳрсозию шаҳрдории ниёгон, бардошти бештар аз таърих ва фарҳанги қадимаи аҷдодӣ, рушди ҷаҳони маънавию неруи зеҳнии таълимгирандагон ва дар рӯҳияи ифтихор аз Ватан, миллат, кишвар, таъриху фарҳанг ба камол расонидани хонандагон  маҳсуб меёбад.

Дар озмун хонандагони синфҳои 5-11-и ҳамаи намуди муассисаҳои таъсилоти умумӣ ва иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.

Озмун дар ду давр аз рӯи се номинатсия гузаронида мешавад:

Даври якуми озмун фосилавӣ буда, аз 25 июл то 20 август сурат мегирад, ки бояд маводи довталабон аз тариқи Интернет ба воситаи почтаи электронии Мdmjmti-vm@mail.ru,ё рақами вайбер, имои 988.57.52.59  бо нишондоди талаботи зерин қабул карда мешаванд;

-ному насаб, синну сол, хонандаи кадом синф;

-муассиса, шаҳр (ноҳия), вилоят;

-рақамҳои телефон, почтаи электронӣ, вайбер, имо;

Дар озмун довталабон аз 5 минтақаи ҷумҳурӣ: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва инчунин, онҳое, ки берун аз ҷумҳурӣ қарор доранд, ҳуқуқи иштирокро доранд. Аз ҳар як шаҳру ноҳия ба 4 нафар ғолиб вобаста ба бартарияти холҳои бадастоварда ба даври дуюм роҳхат дода мешавад (ба ятимони кулл, ки иштирокчии озмун мебошанд, бартарият дода мешавад).

Даври дуюми озмун нимаи аввали моҳи сентябр дар шаҳри Панҷакент (Саразми бостонӣ) баргузор мегардад, ки  шартҳои он аз навиштани реферат, иншо ва ҳалли  саволномаи тестӣ иборат мебошад.

Дар идома У. Сафарзода қайд кард, ки пешниҳоди реферат аз рӯи мавзӯъҳо дар ҳаҷми аз 8 то 12 саҳифа бо истифода аз сарчашмаҳо ва адабиёти илмӣ доир ба мавзӯи интихобнамуда ва бо тасвири возеҳи таърих, замони пайдоиш, кашф ва таҳқиқу омӯзиш, арзиши таърихию фарҳангии ёдгорӣ, нуқтаи назари муаррихон доир ба он сурат гирифта, дар даври хотимавӣ ба шакли мухтасар мазмуни он муаррифӣ мегардад.

Иншо аз рӯи мавзӯъҳо дар ҳаҷми аз 6 то 10 саҳифа эҷодкорона, дар заминаи асосу далелҳои воқеӣ, бо нишон додани арзиши таърихию фарҳангии мавзӯи интихобшуда ва нақши он дар ҳаёти имрӯзаи кишвар ва рушди худшиносию ҳувияти миллии ҷавонон навишта мешавад. 

Инчунин, дар вақти муайяншуда пешниҳод кардани ҷавоби мушаххас ба саволҳои тестии пешниҳодшуда муҳим аст.

Барои ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯи шартҳои пешниҳодгардида як ҷойи аввал, як ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюм муайян гардида, онҳо бо Ифтихорнома ва  туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

 

Номгӯи мавзӯъҳои иншо бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ

1. Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодири таърихӣ

2. Саразм - нодиртарин ёдгории аҳди бостон

3. Саразм - ибтидои тамаддуни кишоварзӣ

4. Саразм - нахустшаҳри Варорӯд

5. Саразмиён - нахустин муҳандисони Варорӯд

6. Саразм - шаҳри ҳунармандон

7. Тоҷикон  - мардумони шаҳрдору шаҳрсозанд.

Номгӯи мавзӯъҳо барои реферат

1. Тоҷикистон - осорхонаи ҷовидонаи таърих

2. Нақши Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ

3. Мо аз табори ориёием

4. Панҷакент - порае аз сарзамини аҷдодӣ (ҳар як ширкаткунандаи озмун метавонад доир ба зодгоҳи худ, масалан, Истаравшан, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Бадахшон ва ғайра бо ҳамин ном реферат нависад)

5. Абдуллоҷон Исҳоқов - кашшофи Саразм

6. Бобоҷон Ғафуров - муаррихи таърихи рангини миллат

7. «Маликаи Саразм» – бозёфти нодири замон

8. Панҷакенти қадим - идомаи Саразм

9. Таърих ва худшиносии миллӣ

10. Саразмиён – нахустин меъморони аҳди бостон

11. Саразмиён – аввалин кишоварзон дар Варорӯд

12. Дину оини саразмиён

13. Ҳунари кулолгарӣ дар Саразм

14. Фарҳанги маъдангудозӣ дар Саразм

15. Саразм – оғози тамаддуни тоҷикон

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш