Нашрияи Омӯзгор

Бо амри виҷдон

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 72        Шарҳ: 0

 

Имрӯзҳо аксар вақт мо аз коҳиш ёфтани ахлоқи ҷавонон ва сатҳи пасти маънавияту фарҳанги онҳо дар суҳбату вохӯриҳо ва ҷамъомаду ҷаласаҳо сару садо баланд мекунем, изҳори норизоӣ менамоем. Насли наврасро ба зери тозиёнаи танқид мегирем, мазаммат мекунем. Аммо боре дар ин масъала ба худ суол додаем, ки решаи костагии ахлоқу маънавият аз куҷо об мехӯрад? Ҷавонон фаҳмишу ҷаҳонбинии маҳдуд доранд, китоб намехонанд, завқашон баланд не,-мегӯем ба ҳамдигар.

Чаро суол намегузорем, ки ваҷҳи ин ҳама чист? Устодону омӯзгорон магар ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои тарбиявӣ аз сабку шеваҳои ҷолиб ва тозаю нав, ки барои хонандагон ногаҳонию ғайримуқаррариянд, истифода мекунанд? Оё машғулиятҳои мазкурро, ки ҳафтае як соат дар ҷадвали дарсӣ ҷой дода шудааст, ба таври амиқу муфассал ва дар сатҳи баланд мегузаронанд? Бо итминони комил мегӯем, ки на ҳамеша. Эҷодкорӣ, ҷустуҷӯю худомӯзӣ ва пажӯҳиш дар ин самт аз ҷониби омӯзгорон кам ба чашм мерасад. Онҳо аслан побанди қолабу стереотипҳои маълум, якранг ва дилбазананд. Ҳол он ки метавон аз анъанаю суннатҳои ибратбахшу омӯзандаи тарбияи ахлоқии замони Шӯравӣ огоҳмандонаю навҷӯёна корбурд кард. Ҳоло дар ҷомеа, ба хусус, дар таълимгоҳҳо мафҳуми «виҷдон» тақрибан аз байн рафтааст, фаромӯш шудааст. Замоне буд, ки дар мактабҳо бо сар задани амали номатлуби хонандае роҳбари синфаш дарсоат ӯро ба бевиҷдонӣ гунаҳкор мекард. «Чаро чунин кор кардӣ? Адабат куҷо шуд? Виҷдон дорӣ?- гуфта хонандаро суолборон мекард раҳбари синф. Ва он хонандаи гунаҳкор аз шунидани калимаи «виҷдон» хиҷолат мекашид, сурх мешуд, бахшиш мепурсид, тавба мекард. Таъсири  мафҳуми «виҷдон»-ро мушоҳида намудед? Борҳо, беҳисоб. Бо эътимод мегӯем, ки он ҳангом шогирди мактаб ба моҳияти калимаи «виҷдон» амиқу саҳеҳ сарфаҳм намерафт, ҷавҳари ин вожаро дарк ва тафсир карда наметавонист. Аммо бо ба забон овардани мафҳуми зикршуда тағйироти рӯҳие дар замири хонанда ба зуҳур меомад, ӯ эҳсос мекард, ки гуноҳи вазнине содир кардааст, аз сари иштибоҳ ба рафтори ношоиста даст задааст. Вале имрӯз, дар раванди таълиму тарбия омӯзгорон, то ҷое мушоҳида кардем, аз ин вожа кам истифода мекунанд. Виҷдон. Ба шогирдон бояд тавзеҳ дод, ки маънии ин калима дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин тафсир ёфтааст:

1)         Виҷдон – а. дарёфтан, дарёфт кардан, пайдо кардан; донистан.

2)         Натиҷаи муҳокимаи ақлӣ, ҳисси масъулияти рафтор ва кирдори худ; шуур.

Оре, инсон дар дарозои зиндагӣ ва фаъолияти худ бояд ба таври ҳамеша рафтору кирдори хешро назорат бикунад, ҳар як амали анҷомдодаашро таҳлил, баррасӣ ва натиҷагирӣ намояд. Ба шогирдон фаҳмондан лозим, ки дар ботини ҳар шахс «ман»-е нуҳуфтааст. Ин «ман» ҳамвора ҳаракату кирдорҳои шахсро ба мушоҳида мегирад. Аз ин лиҳоз, фард (шахсият) дар зиндагӣ ва дар ҷомеа муттасил бояд ба садои ботини худ гӯш фаро диҳад. Зиндагӣ аз рӯи виҷдон табъан маънии ба камолоти рӯҳонию маънавӣ расидани инсонро мефаҳмонад. Камолоти рӯҳонию маънавӣ, яъне чӣ? Нахуст, ҳар як шахс бояд дар ҷомеа роҳи дурусти кору фаъолият ва зиндагиро пайдо намояд. Рисолату мавқеи худро дар зиндагӣ дарк кунад, ба шахси хеш чун ба фарди барои ҷомеа зарурӣ баҳо бидиҳад. Ӯ (фард, инсон) ба гунаи доимӣ бояд эҳсос намояд, ки виҷдон тағйирнаёбанда аст, ҳамеша, дар ҳама ҳолат як хел зоҳир мешавад. Яъне,  садои «ман»-и ботини ӯ инсонро ба ҷодаи ҳақ ва рост раҳнамун месозад. Агар  фард (шахс) ба кирдору аъмоли бад даст  занад, он гаҳ маълум мегардад, ки вай умуман ба садои «ман»-и ботинаш гӯш фаро надодааст ва бад-ин васила, виҷдонаш тағйир хӯрдааст, душакла (агар ҳамин тавр гуфтан саҳеҳ бошад) шудааст. Нависанда ва мутафаккири барҷастаи рус Лев Толстой андеша дошт, ки виҷдон дар ду марҳала  зуҳур карда метавонад: маънавӣ (рӯҳонӣ) ва воқеӣ (амалӣ). Аммо ин ҳаргиз  маънои дугонагии  виҷдонро намефаҳмонад. Рӯҳоният ё маънавият ин ҳамон «ман»-и шахсият аст, ки дар ботини ӯ нуҳуфтааст ва хатову гуноҳ кардан ё накардани инсон аз назорату садои ҳамин «ман» вобастагии амиқ дорад. Виҷдони амалӣ (ё воқеӣ) он мафҳумест,  ки инсони оқилу доно медонад, ки дар ҷомеа чӣ тавр зиндагӣ ва фаъолият намояд. Яъне, вай бояд аз амалҳои мавриди накуҳиш қароргирифта, ки тӯли асрҳои зиёд намояндагони адабиёти классикии форсу тоҷик дар осори худ инъикос намудаанд, аз қабили дурӯғу фиреб, дуздию ғорат, қатлу куштор, хабарчинию наммомӣ, шаробхорагию зино, каҷрафторию ҳасудӣ ва амсоли ин парҳезу иҷтиноб варзад. Мутаассифона, дар ҷомеа бахши аъзами одамон виҷдони дугуна доранд. Мазмун, онҳо вобаста ба вазъият рафтор мекунанд. Гоҳ ин тавр  андешаю хулосабарорӣ мекунанд, гоҳ ба тарзи дигар. Қатъият, рост ба чашми ҳақиқат нигаристан ва фикри худро баён кардан ҷасорату иродат мехоҳад аз кас. Аммо устодону омӯзгорон бояд аз шеваҳои гуногуну  муассири тарбия истифода карда, ба шогирдон фаҳмонанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ, дар  ҳеҷ як ҳолату вазъият дурӯғ нагӯянд, аз ҳақиқати воқеӣ чашм напӯшанд. Дудилагӣ, шубҳаву гумон, дар маҷмӯъ, калавандагӣ ба тарбияи маънавии фард (ё насли наврас) латмаи ҷиддӣ ворид мекунад. Вай бо воқеаю рухдодҳои гуногун дар зиндагӣ рӯ ба рӯ шуда, ба садои виҷдон бепарвоӣ зоҳир мекунад. Рафтору амали худро назорат куҷо, идора карда наметавонад. Аз ноилоҷию нотавонӣ ба шахсияти оҷизу роҳгумзада табдил меёбад. Ана, дар ин вазъият омилҳои такондиҳандаи виҷдон бояд буруз намоянд. Омилҳо аз муҳите, ки ин шахсро иҳота кардааст, берун меоянд. Аҳли ҷомеа бетараф буда наметавонанд. Дар ҳолате, ки зикраш дар боло рафт, онҳо нақши «ман»-и ботинии он фарди дар чорсӯи зиндагӣ дар аърофмондаро иҷро бояд кунанд. Яъне, масъулияти рафтору кирдори ӯро дар рӯҳу равони худ эҳсос карда тавонанд. Чун «дард»-и он фардро эҳсос карда тавонистанд, ӯро аз ҷодаи хато ва рӯ ба вартаи хатарзо наҷот дода метавонанд. Агар масъулияти рафтору кирдори ношоиставу нохуши шахсро дар рӯҳу равони худ эҳсос карда натавонанд (аз бепарвоию фориғболӣ, бетарафӣ, амалкард аз рӯйи таъбири «туро газад, маро чӣ ғам?) он гоҳ фард (насли наврас…)-ро на танҳо наҷот дода наметавонанд, балки ба  василаи амали фалокатзою фоҷиабори ӯ оламеро ба балоҳову ташвишҳои тасаввурнопазир гирифтор месозанд. Аз ин рӯ, омӯзгорону устодон вазифадоранд ба шогирдон таъкиду такрор намоянд, ки ба мафҳуми «виҷдон» фиребу дурӯғ, бетарафӣ ва дигар амалҳои манфии инсонӣ бегона буда, ба ин вожа иртиботи маънавӣ надоранд. Инсоне, ки худро покизавиҷдон меҳисобаду дурӯғ мегӯяд, вай виҷдон надорад. Дар ҳар  сурат, он тарзу тафаккуру андеша ва амали шахс виҷдон буда наметавонад. Оре, виҷдон ба ҳеҷ сурат аз ду шоха ё аз ду қисм (тараф) иборат буда наметавонад. Охир, ин тавр намешавад, ки ҷое дурӯғ гӯию ҷои дигар вонамуд созӣ, ки сидқан ростгӯю росткирдорӣ ва аз ҳақиқати кулл пуштибонӣ мекунӣ. Шояд ин гуна виҷдонро виҷдони осебпазир ва соҳиби онро ба инқирози рӯҳӣ дучоромада номгузорӣ намоем?! Чунин шахсиятҳо бо рафторҳои бешармона фоҷеаҳои гӯшношунидро ба бор оварда метавонанд. Ин ҳақиқати бебаҳс аст. Марҳалаҳои инкишофи ҷамъият ва зинаҳои тадриҷии ба давраҳои нав ворид гардидани ҷаҳони муосир ба инсонҳо низ таъсироти гуногуни рӯҳию шуурӣ мегузоранд. Инсонҳои соҳиби тафаккуру шуур, ки ин мафҳумҳо ҳаммаъною ҷойгузини виҷдон маҳсуб меёбанд, набояд ба кирдорҳои ҷинояткоронаю ғайрибашарӣ даст бизананд. Аммо воқеият бозгӯйи он аст, ки дар гӯшаю канорҳои гуногуни олам, ба вижа, кишварҳои Шарқи Наздик инсонҳое оташи ҷангу хунрезӣ ва қатлу кушторро аланга мебахшанд, ки гӯё (!) солимфикру пешрафтаанд. Пас, гуманизм куҷо шуд? Адлу инсоф, самимияту меҳрубонӣ ва ҳамдарду ғамшарики якдигар будани одамон куҷо шуд? Нафрат, қасду кинситезӣ, муқовимату муборизаи ошкоро баҳри бароварда сохтани манфиатҳои сиёсию геополитикӣ ба ҷорӣ гардидани дарёи хун ва бехонаю ҷой, сарсону овора гардидани одамони бегуноҳ сабаб гардидааст. Пурсида мешавад, чаро? Зеро дар ботини ин оташафрӯзони ҷангҳои бераҳмона ва омилони кирдорҳои террористию экстремистӣ кайҳо садои «ман»- садои виҷдон хомӯш гардидааст. Оне, ки аз пушти пардаи маҳҷубу махуфи ақлу шуур, «ман»-и воқеӣ (рафтору кирдори) инсонро таҳти назорат қарор медод, амалан аз фаъолият мондааст. Бедили бузургвор дар «Нукот» басо хирадварзона панд медиҳад, ки «дар чорсӯи кайфияти зуҳур… ҳар фардеро аз  афроди инсонӣ бо ҳақиқати худ садоест пинҳонӣ ва муомилаест виҷдонӣ». Шарофату наҷобат ва фазлу неруи халлоқонаи инсон маҳз ба ҳамин садои пинҳонии ботин ва муомилаи виҷдонии ӯ иртиботи амиқ дорад. Ҳайвонот ва дар маҷмӯъ, ҷумлаи махлуқот  дар нисбати инсонҳо маъзуранд, зеро аз ақлу тафаккур бенасибанд ва мантиқан аз онҳо талаби масъулият ва дар заминаи виҷдон амал ва зиндагӣ намуданро талаб кардан, ба масал, дар биёбони сӯхтаю кавир ҷустани рӯди об асту халос. Воқеан, хандаовару музҳик ҳолатест, ки вақте чорпое ба киштзори сабзу хуррами шахс даромада, ҳосили онро хӯрдаву самараашро помол мекунад ва соҳиби кишта ҳайвони асири нафсро панду андарз медиҳад, ки виҷдонат куҷо шуд? Аммо инсонҳо?! Чӣ шуда, ки нафси эшон бар ақлҳошон тасаллут ёфтаву худназоратии ботинии онон (ҳамон «ман»-и паси парда пинҳон) аз байн рафтааст? Ҷавонон чӣ? Чаро гурӯҳу иддае аз онҳо ба кӯйи гумроҳӣ афтода, аз паси нобихрадони манфиатхоҳ, ки ба ҳеҷ сурат ҳадафҳои созандаю некманишона надоранд ва қатлу кушторро ба хотири хостаҳои сиёсии маҳдуди муғризонаашон ба раванди фалокатбор табдил додаанд, қадам задаву дар чоҳи фано сардаргум шудаанд? Пас, устодону омӯзгоронро дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон, дар кадом зинаи таҳсил нуқсону тақсире сар зада, ки решаю сабабҳои онро маълум ва таҳлилу натиҷагирӣ накардаанд? Бояд такрор ба такрор ба хонандаи мактаби муосир таъкиду талқин кард, ки вай шахсияти ояндасози ҷомеа аст, дорои фаҳмишу биниши хосаи худ (интеллект) аст. Вай дар замири хеш неруи халлоқона дорад, ки аз эъҷози Офаридгор насибаш гардида. Хотирнишон кардан бағоят  муҳим аст, ки ин иқтидори зеҳнии ҳамакнун карахту хуфтаи хонанда  (шогирди мактаб) баҳри эҷоду офариданҳо ба хотири рушду тараққии кишвар хеле-хеле зарур ва омилест ҳалкунанда. Ва рисолати ҳамарӯзаи омӯзгорон аст, ки ин иқтидори зеҳнии хуфтаи шогирдонро ангезиш диҳанд, бедор кунанд. Ӯро ба шахсият табдил диҳанд, ба худаш, ки дар кадом марҳалаи рушди инсонӣ қарор дорад, шиносонандаш. Ба шогирдон ҳамарӯза, ҳар лаҳзаю соат роҳбари синфи ӯ ва дигар муаллимони фаннӣ бояд гӯшзад намоянд:

-Эй шогирд! Ҳар субҳ, вақте ки аз хоб бедор мешавӣ, ба садои ботини худ, ба садои «ман»-и дарунии хеш як он диққат бидеҳ. Чӣ мешунавӣ? Чӣ талқинеро аз марзи замири хеш истимоъ мефармоӣ? Нияти нек, амали писандида, накукорӣ, дасти фитодаеро гирифтан ва ё баръакси он, касеро ранҷондан, ба ҳамҷинси худ кинаю адоват варзидан, писанду қадр накардани калонсолон ва устодону омӯзгорон? Оре, ин ҳақиқати кулл аст, ки масъули ҳар як кирдору амали шахс худи ӯст, на каси дигар ё ниҳоди ҷомеа.

Омӯзгорону устодон, дар замоне ки ҷаҳон ба марҳалаи мураккабу печида ва муносибатҳои норавшану хашини абарқудратҳо ворид гардидааст, танҳо бо суханҳои умумию борҳо гуфташуда, андарзу насиҳатхонии безамина, ки аз қавле, аз ин гӯш даромадаю аз он гӯш баромада меравад ва ҳеҷ таъсиру нақше дар  таҳтушшуури хонандаи мактаб боқӣ намегузорад, набояд иктифо ва истинод варзанд. Барои ба зеҳни хонанда расондани андешаи баланд, ғоя ё маҷмӯи фикрии инсонсоз, яъне консепсияи ахлоқии олӣ, бояд бештар ба худомӯзӣ машғул шуд, бо донишҳои замона мусаллаҳу муҷаҳҳаз гардид. Танҳо дар ин сурат хонандаро бовар метавон кунонд, ки вай ба сифати шахсият метавонад амалҳои бешумори ободгаронаро анҷом диҳад. Вай метавонад кашфиёт кунад, афкори наву ҷолибе пешниҳод намояд, ки ба суду нафъи ҷомеа аст, офарад, эҷод кунад. Вай охир дорои нерую қудрати беинтиҳои зеҳнию ақлонӣ мебошад. Метавонад равандҳои прогрессивии дар ҷомеа оғоз гардидаро такомулу таҳаввул бахшад, ғояи барҷастаи илмиро манзури одамон созад. Одамони донишманду соҳибирода ва некиродаро муттаҳид намояд, алорағми душманони ватану миллат ва  манҳусону бадгавҳарон, ки оромию суботи кишварро таҳаммул карда наметавонанд, мубориза барад. Ва кулли ин ҳадафҳои воло он гаҳ амалӣ мегарданд, ки инсон соҳиби виҷдон бошад, рафтору кирдори худро идора карда тавонад, ҳукмравои кишвари ақлу тафаккури худ бошад. Ҳамеша ва дар ҳама ҳолат «ман»-и ботин ҳамсафару ҳамдами муниси ӯ бошад. Чун ба амали нохушу зиште даст заданӣ шуд, садои «ман»-и ботин ӯро боздорад, ки: - Ист! Андеша намо! Ин кирдори ту метавонад оламеро бар боди фано диҳад. Фаромӯш насоз,ки ту худ як ҷузъи ин ҷомеаву олам ҳастӣ!»

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш