Нашрияи Омӯзгор

Баррасии масоили муҳим дар суҳбати онлайнӣ

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 70        Шарҳ: 0

 

5-уми июни соли равон суҳбати онлайнии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода бо вазири маорифи Федератсияи Россия С. Кровтсов баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим вобаста ба соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз вазъи кунунии ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки бо вуҷуди дар аксари кишварҳои олам бемории сироятии коронавируси нав – COVID-19 ҳукмрон будан, робита ва ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф ва илм бештар тақвият ёфт.

Дар рафти суҳбат, инчунин, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо изҳор доштад, ки раванди корҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои сохтмони муассисаҳои мазкур анҷом ёфтаву корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик оғоз хоҳанд ёфт.

Дар ҷаласа таъмини муассисаҳои таълимии русзабони кишвар бо китобҳои дарсӣ, баргардонидани донишҷӯёни тоҷик, ки донишгоҳҳои Федератсияи Россияро дар соли ҷорӣ хатм намуданд, таҳсили донишҷӯён, ки барои соли таҳсили 2020-2021 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия дохил шудаанд, аз зумраи масъалаҳои мубраме буд, ки атрофи он изҳори назар карда шуд. 

М.Имомзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии русзабон бо китобҳои дарсӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, раванди таҳия ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ бо забони русӣ ва чопи онҳо бомаром идома дорад.

-Яке аз роҳҳои дигари ҳалли масъалаи мазкур, ки нисбатан муносиб ва дархӯри замон дар давраи вазъи эпидемиологии минтақа мебошад, таъсис додани китобхонаи муштараки ягонаи электронии таълимӣ мебошад,-пешниҳод намуд М.Имомзода.

Суннатуллоҳи МИРЗО,

корманди Маркази

матбуоти  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш