Нашрияи Омӯзгор

Порчаҳои шеърӣ дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

 

Дар матнҳои китобҳои дарсӣ воситаҳои образноки забон фаровон истифода мешавад, ки шарҳу эзоҳи он аз тарафи омӯзгор ногузир аст, зеро мазмуни шеърро бе шарҳу эзоҳи калима ва ибораҳои мазкур дастраси хонандагон намудан мумкин нест.

Дар китобҳои дарсии забони модарии синфҳои ибтидоӣ, алалхусус, дар синфи 4 зиёда аз 245 порчаи шеърӣ оварда шудааст, ки тамоми паҳлуҳои тарбияро дар бар мегирад. Мисол:

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

(Абулқосим Фирдавсӣ)

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

(Абдураҳмони Ҷомӣ)

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба дониш ҳама дасти некӣ барем

(Абулқосим Фирдавсӣ)

Мазмун аз «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус ҳикояи «Қадри падар», (синфи 2, саҳ 29)

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,

Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.

Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,

Зинда бо фарзанд монад номи мард.

(Абдураҳмони Ҷомӣ)

Дар шеърҳое, ки дар китоби дарсии «Забони модарӣ»-и синфҳои ибтидоӣ  ҷой дорад, воситаҳои образноки забонро ҳанӯз дар байти аввали он дида метавонем, ки тавассути тавзеҳи ибораҳои таркиби он мазмуни байт, аз ҷумла, маънои шеърро дастраси хонандагон кардан имконпазир аст.

Ханда  кард офтобу шуъла  бирехт,

Абр, гӯё ки  қаҳр карду гурехт.

Дар байти мазкур  таркибҳои  «ханда кардан»,  «қаҳр  карда гурехтан»  нисбат ба   «офтоб»   ва  «абр» истифода  шудааст  ва онҳо ҳамчун ашёи ҷондор тасвир  карда мешаванд.

Ин таркибҳои  образноки забонро ба талабагони синфҳои ибтидоӣ чӣ тавр ва бо кадом роҳу усулҳо шарҳ додан  мумкин аст, ки он бо шогирдон фаҳмо бошад?

Мо дар таълими  таҷрибавӣ бо маслиҳати  устод   Э. Шарифов  усули зеринро  истифода намудем:

Шеърро хонед. Феълҳои  таркиби онро ҷудо  намоед. Он  таркибҳои феълӣ кадоманд?

«Хандид»,  «шуъла  рехт»,  «қаҳр кард»,  «гурехт»

Ин феълҳо бо кадом калимаҳо алоқаманданд? Онҳо амали кадом ашёянд?  Савол гузошта муайян намоед.

Ин феълҳо амали  «офтоб»  ва  «абр» мебошанд.

Оё офтоб хандидаву абр қаҳр карда метавонад?  Кадом амали  офтобро  дида он хандид мегӯянд?  Ин  манзараро шумо дар табиат мушоҳида кардаед?  Онро сода карда гӯем, чи тавр иброз  менамоем?

Агар офтоб  аз таги  абрҳо намоён шавад  ва баргашта оламро мунаввар созад,  «офтоб хандид» мегӯянд.

Қаҳр карда  гурехтани абрро чӣ тавр  мефаҳмед?

Вақте ки офтоб аз таги абрҳо намоён мешавад, абрҳо бо зудӣ пароканда мешаванд ва шоир онро ба қаҳр карда гурехтани абрҳо шабоҳат додааст. Ин аст, ки  ин ҳолат ба  қаҳр кардан ва гурехтани абр монанд  карда шудааст.

Канӣ, кӣ ба «офтоб»   ва  «абр» амали хоси онҳоро оварда,  аз нав ҷумлаҳо тартиб медиҳад?

Офтоб  аз паси  абрҳо  намоён шуд

Абрҳо ба тезӣ пароканда шуданд.

Сипас,  ҳар ду  варианти   ҷумлаҳо  дар тахта навишта  шуда, муқоиса карда мешаванд. Талабагон   муайян  мекунанд, ки кадоме аз онҳо образнок  ва ё хушрӯйтару  шево  садо  медиҳад.

Офтоб  ханда  кард. (Офтоб аз таги абр намудор  шуд.)

Абр  қаҳр  карду гурехт. (Абрҳо ба тезӣ пароканда шуданд.)

Дар таълими ибтидоӣ хонандагон дар коркарди асарҳои бадеӣ бо калима ва ибораҳои ба маънои маҷозӣ омада дучор мешаванд, ки шарҳу эзоҳи он кори муаллим аст.  Аз тарафи дигар, шогирдон низ бояд маънои аслии ин гуна калима ва ибораҳоро омӯзанд. Ба фикри мо, барои нишон додани маънои  аслии калима ва таркибҳои  маҷозӣ иваз кардани онҳо бо калимаҳои ба маънои аслӣ омада  дуруст аст. Сипас, онҳоро дар таркиби ҷумлаҳо овардаву муқоиса кунонида, фаҳмонидан лозим меояд, ки кадоме  ба маънои  маҷозӣ омададасту кадоме  ба маънои аслӣ.

Калима  бидуни матн ва ё ҷумла набояд мавриди таҳлил қарор ёбад, зеро маҳз тавассути луғат, ки вазифаи асосии он кушодани образ, тарафҳои гуногуни он ва ғояи асари бадеӣ мебошад, таҳлили амиқу ҳаматарафаи мазмун ва мундариҷаи асар воқеӣ мегардад.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки шарҳу тавзеҳи ифодаҳои фразеологӣ дар синфҳои ибтидоӣ кори бисёр заҳматталаб буда, на ҳама  омӯзгорон ба эзоҳи онҳо даст мезананд.

 

Кӯчибой  Кӯчибоев,

омӯзгори мактаби №12, ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш