Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти иқтисодии Роҳи абрешим

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 78        Шарҳ: 0

Омӯзгорони таърих метавонанд ҳангоми омӯзонидани мавзӯъҳои таълимӣ дар раванди дарс аз таърихи маҳалли хеш истифода кунанд.

Аз ҷумла, дар замони ҳозира барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳуриамон ба ҳисоб меравад, сохтмони роҳҳо, пулу нақбҳо аҳамият пайдо мекунанд. Амалӣ шудани ин лоиҳаҳо имкон медиҳад,ки рафтуомади аҳолӣ ва ҳамлу нақли бор, таъмини бозорҳо бо мол хеле беҳтар шуда, табодули молу коло бо кишварҳои ҳамсоя афзоиш ёбад.

Яке, аз чунин роҳҳо ин Роҳи бузурги абрешим ба ҳисоб меравад.

Доир ба пайдоиш ва аҳамияти таърихии ин роҳ омӯзгор метавонад дар раванди дарс ба шогирдон маълумот диҳад. Инро дар мисоли ноҳияҳои вилояти Суғд низ метавон истифода кард. Дар ноҳияи Исфара қариб 50 км-и ин роҳ сохта ба истифода дода шудааст, ки он аз сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ибтидо гирифта, аз дохили чанд деҳаи ноҳия гузашта, то ҳудуди ноҳияи Конибодом мерасад. Аҳолӣ ба худ Роҳи абрешим ном гирифтани роҳро медонад, вале таърихи пайдоиш ва аҳамияти онро ба хонандагон омӯзонидан аз аҳамият холӣ нест.

Шоҳроҳи абрешим дар давраҳои пеш аз милод аз силсилаи роҳҳои корвонгарде иборат буд, ки дар Ғарб ба Руми қадим ва дар Шарқ то ба дарбори салтанати Чин тӯл кашида, Осиёро тавассути роҳҳон корвонгард бо Аврупо мепайваст. Ин роҳ, ҳамчунин, тавассути Эрону Бохтар ва Суғди қадим мегузашт. Ташаккулёбии Роҳи бузурги абрешим асосан ба асри I пеш аз милод рост меояд. Бо сабаби он ки яке аз молҳои асосии тоҷирон - ин матоъҳои абрешими чинӣ, махсусан, атлас ё худ шоҳӣ ҳисоб меёфт, бинобар ин, он роҳ минбаъд аз тарафи тадқиқотчиён «Роҳи бузурги абрешим» ном гирифт.

Намудҳои асосии нақлиёт, ки ба воситаи онҳо молҳои тоҷирон ба нуқтаҳои нисбатан дур кашонида мешуд, шутурҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дар баъзе самтҳо тоҷирон аз асп, фил, қутос ва ғайра истифода мебурданд.

Роҳи бузурги абрешим ҳанӯз дар ҳамон давр натанҳо роҳҳои гуногуни хушкигард, балки роҳҳои обиро низ дар бар мегирифт. Аз ҷумла, яке аз роҳҳои асосии обӣ ба воситаи уқёнуси Ором аз Ҳиндустон ба халиҷи Форс тӯл кашида буд.

Дар ҳазораи 2 пеш аз милод, роҳҳои тиҷоратӣ аллакай аз шаҳрҳои Байнаннаҳрайн ба воситаи Эрон, Туркманистони Ҷанубӣ то Фарғона расида буд. Роҳи дигар аз Фарғона ба воситаи мулкҳои Қаротегину Олой ба сӯи Чин мегузашт.

Дар он давр тоҷирон молҳоеро, ки барои муомилот мекашонидаанд, сангҳои қимматбаҳо, устухони фил, ҷавоҳирот, асбобҳои оҳанӣ, ғалла, чорвои хурд буданд, ки чун эквиваленти мол хизмат мекарданд. Аз нимаи дуюми ҳазорсолаи якум сар карда, чун эквиваленти мол, пул-танга мақоми асосиро ишғол мекард.         

Суғди қадим дар ин шоҳроҳ мақоми асосиро доро буд ва онҳо тамоми минтақаҳои тиҷоратиро дар ин шоҳроҳи бузург зери назорати худ нигоҳ медоштанд. Ҳатто забони суғдӣ дар ҳамаи минтақаҳои шоҳроҳ чун забони муоширатӣ ба шумор мерафт. Роҳи абрешим дар давраҳои гуногун инкишоф ёфтааст. Дар давлатҳо ва шаҳрҳои ҷудогона, ки Роҳи бузурги абрешим аз онҳо мегузашт, нуқтаҳои ивази асъор низ вуҷуд дошт. Дар бозорҳо курсӣ гузошта, ба чунин фаъолият машғул мешуданд.

Барои инкишофи муно-сибатҳои тиҷоратӣ давлатҳо кӯшиши зиёд мекарданд. Масалан, ҳукумати Чин дар асрҳои 6-8 и милодӣ тангаҳоро бо ду забон: чинӣ ва суғдӣ мебаровард. Ҳукумати Суғд бошад, тангаҳои худро ба тангаҳои чинӣ монанд, яъне доирашакли дар марказаш шикофии чоркунҷадор сикка мезад.

Ҳамин тариқ, омӯзгор метавонад дар равиши дарс хонандагонро ҳам бо таърихи маҳал ва ҳам таърихи Роҳи абрешим шинос кунад.

Ҳабиба ШАРОФИДДИНОВА,

корманди ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш