Нашрияи Омӯзгор

Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 178        Шарҳ: 0

 

Кохи адабиёти ҷаҳонгиру овозаманди мо аз он устувору муҳташаму бегазанд аст, ки Меъмори бузургу тавоно нахустхиштҳои зарандудаи онро дурусту мувофиқ гузоштааст. Ӯ худ неку гуфта: «Лодро дар бинои муҳкам неҳ, Ки нигаҳдори лод бунлод аст». Яъне, асоси  пойдории  ҳар бино иртибот  бо вазъи таҳкурсии он дорад.

Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бунёдгузории кохи адабиёти тоҷик ҳунару истеъдоди муқтадиру беназир нишон дода,  дар назмгоҳ он кореро кардааст, ки дар размгоҳ Рустами Дастон карда. Ва аз ин ҷост, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш ситоишаш мекарданду арҷгузориаш менамуданд. Ин гуна эътирофи устод Рӯдакӣ дар дарозои асрҳо идома ёфтаасту дар айёми мо вусъати тоза пайдо кардааст. Қофиласолори адабиёти тоҷикро ҳанӯз дар садаи ёздаҳ Муҳаммад Авфии Бухороӣ «наводири фалакӣ» номидаасту Маъруфии Балхӣ «устоди шоирони ҷаҳон» эътирофаш бинмудааст. Алқисса, он чӣ дар васфу ситоиши Одамушшуаро дар марҳилаҳои таърих аз ҷониби аҳли илму адабу хирад гуфта шудааст,  баробар ба чанд ҷилд китоб бувад. Ҳасрати дерин ва пурдарди халқи адабпарвари тоҷик аст, ки аз ашъори фаровони устод Рӯдакӣ («Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор, Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд, бишмарӣ») то ба мо миқдори андаке (бештар аз 1200 байт) боқӣ монда. Вале аз ҳамин миқдор ҳам тавонмандию бузургии устод ба таври рӯшану барҷаста дарку эҳсос мешавад. Садсолаҳост, ки аҳли таҳқиқ перомуни ашъори бозмондаи Одамушшуаро сухан мегӯянду тафсиру тавзеҳ ба миён меоваранд, пажӯҳишгарон аз ҳар нигоҳ эҷодиёти ӯро ташреҳ мебахшанд, саррофони каломи бадеъ асрори ҷозибаи сухани устодро мегӯянд, аммо боз ҳам ҷаҳони назму қиссаи рӯзгорони пири адабиёти форсигӯёни дунё ниёзманд ба таҳқиқу бознигарии бештар монда. Ҳамбаста ба ин нукта дар айёми мо низ омӯзишу пажӯҳиши рӯзгору осори устод Рӯдакӣ идома дорад ва аз ин лиҳоз тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо ва дар китобҳои алоҳида пайваста мақолаву рисолаҳои донишмандон ба нашр мерасанду фазои маънавии осори устодро мунаввартар мекунанд. Хушбахтона, имрӯз мо дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ даста–даста китоб рӯи даст дорем ва ба василаи онҳо ба ҷаҳони назми ӯ амиқтар ворид гашта, чароғи дил фурӯзон мекунем. Барҳақ гуфтааст шоире:

Замири Рӯдакӣ кони сухан буд,..

Ҳаме шеъраш чароғи анҷуман  буд.

Инак, дар ин ҳумоюнмавзӯъ боз як китоби тозае ба даст овардем, ки «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…» ном дораду аз 57 (!) ҷузъи чопӣ ва 456 сафҳа иборат аст. Ин китоб, ки бешак, яке аз фарогиртарину пурмуҳтавотарин китобҳо дар силки рӯдакишиносист, бо эҳтимоми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба нашр расидааст ва мураттибонаш донишмандони варзида Муаззамхон Ансорӣ ва Шодмон Воҳидов мебошанд. Китоб 74 мақолаи арзишманди пажӯҳишгарони мумтози осору омоли устод Рӯдакиро дар бар гирифтааст. Мураттибон дар сарсухани китоб иттилоъ додаанд, ки бо ибтикори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аз соли 2018 ҳамасола дар ин шаҳри бостонӣ ба ифтихори солгарди зодрӯзи устод Рӯдакӣ анҷумани пажӯҳишгарони шеъри Одамушшуаро баргузор мешавад, ки дар он дар қатори донишмандони тоҷик олимон аз хориҷи ҷумҳуриамон низ ширкат меварзанд. Яъне ин анҷуманҳо мақоми байналмилалӣ доранд, дар сатҳи баланданд. Соли гузашта (2019) анҷумани Рӯдакишиносон дар Панҷакент дар мавзӯи «Рӯдакӣ ва адабиёти араб» баргузор гашт, ки  дар он сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  дар Тоҷикистон Абдулазиз ал-Бодиъ иштирок ва суханронӣ намуд.

Мураттибони  китоби «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…» мақолаҳоеро, ки ба анҷуманҳои мазкур пешниҳод шудаанд ва барчидаи мақолаҳоро дар бораи рӯзгору осори устод Рӯдакӣ аз саҳифаҳои маҷаллаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ-«Садои Шарқ» ва «Адаб» ба ҳам оварда, хидмати шоиставу арзишмандеро фарҷом бахшидаанд.

Мақолаҳо, ки ҳама дар сатҳи баланд нигоштаву таҳрир шудаанд,  мавзӯъҳои гуногунро фаро мегиранд, аз ҷумла, ба мавзӯъҳои мазмуну муҳтавои ашъори Рӯдакӣ, шуҳрати ҷаҳонии Одамушшуаро, сеҳри сухани устод ва нақши ӯ дар рушду такомули забони тоҷикӣ, таъсири каломи устод ба шоирони баъдӣ, шеъри Рӯдакӣ дар сарчашмаҳои гуногун, корбасти саноеи бадеӣ аз ҷониби устод, тарҷумаи ашъори устод ба забонҳои дунё, тараннуми хисоли ҳамида ва мавқеи андарз дар эҷодиёти устод, мақому мартабаи устод дар дарбори Сомониён, нуктаҳои баҳсбарангез дар мероси адабии устод, рӯдакишиносӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ташреҳи ашъори устод аз нигоҳи нав, баррасии китобҳои ашъори устод, муаррифии осори бадеӣ дар бораи устод, Рӯдакӣ дар ситоиши шоирон… бахшида шудааст. Хонандагон – ҳаводорону алоқамандони ҳаёту эҷодиёти султони шоирон, ба вежа, аз мутолиаи навиштаҳои пурдалелу муассири донишмандони маъруф  Аҳмад Абдуллоев, Субҳон Амирзода,  Расул Ҳодизода, Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмад, Қодири Рустам, Замира Ғаффорова, Шарифмурод Исрофилниё, Шодӣ Шокирзода, Вафо Элбоев, Ҷамолиддин Саидзода… накҳати тоза дар гулистони маънавии хеш хоҳанд дарёфт ва симои тобноки устод Рӯдакиро пеши назар мунаввартар хоҳанд дид, ба ҷаҳони пурфурӯғи осори устод сайре хотирмону фараҳафзо хоҳанд кард.

Шаҳомати чеҳраи адабӣ ва паҳнои шуҳрати устод Рӯдакӣ дар мақолаҳои Бердимурод Атаҷонов «Великий шёлковый путь: Рудаки в Туркменистане», Мизробшо Ғаффоров «Рӯдакишиносӣ дар Эрон», Зуҳро Ғуломова «Шеъри Рӯдакӣ дар Олмон», Шуҳрат Муродқулзода «Рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон», А.Одинаев, И.Давлатов ва С.Зиёев «Ашъори Рӯдакӣ дар тарҷумаҳои арабӣ», Мирсаид Раҳмонов «Шинохти Рӯдакӣ дар Покистон»… хеле равшан эҳсос мешавад.

Ба нашр расидани китоби  арзишманду бузургҳаҷми «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…»-ро метавон чун ҳодисаи марҳилавию фараҳбахш дар рӯдакишиносии тоҷик тавсиф бахшид. Ин китоб, ки ба зоти худ камназир аст, хирмани донишро мемонад, чун  хиттаи  муаттари адаб ба назар менамояд ва гулдастаест фароҳамомада аз гулҳои димоғпарвар. Аҳли илму таҳқиқ, омӯзгорон, ҳаводорони адабиёт, донишҷӯён ва кулли алоқамандони каломи бадеъ метавонанд бо мутолиаи  ин китоб сатҳи маънавияти хешро болотар баранд, устоди назми ҷаҳон ва ифтихори тоҷиконро бештар бишносанд, бори дигар эътимод бибанданд, ки «соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист» ва устод ҳамоно онест, ки «гунбади чарх аз суханаш пурсадост».

Мураттибони китоби «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…», воқеан ҳам, хидмати  шоиставу мондагореро бо камоли ҳиммату ғайрат ва аз сари ихлосу муҳаббат нисбат ба ниёгони суханофаринамон фарҷом бахшида, анҷуманҳои илмию адабии рӯдакишиносонро ба ҷилди китоб кашидаву доираи онҳоро вусъатманд сохтаанд ва ба ин васила, теъдоди иштирокдорони он анҷуманҳоро ба маротиб афзудаанд.

Бо мутолиаи маърифатафзои ин китоби хирадгустар ҳар хонандаи ҳушманд бо ҳисси волои ифтихор ин қитъаи машҳури устод Гулрухсорро зери лаб тараннум хоҳад кард:

Атри Ҷӯи Мӯлиёну накҳаташ

Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯидаем.

Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,

Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯидаем.

 

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш