Нашрияи Омӯзгор

Таълими “Сурӯши Сталинград”

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 181        Шарҳ: 0

 

Барои таълими эҷодиёти Муъмин Қаноат дар синфи 11 4 соат ҷудо шудааст. Эҷодиёти М. Қаноат аз достонҳои баландмазмун ва доманадоре таркиб ёфтааст, ки дар дили хонандагон ҳиссиёти ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ ва масъулиятшиносиро тақвият мебахшанд.

Устод М. Қаноат дар достонсароӣ аз шоирони тавоно буд. Эҷодиёти ӯ ба беш аз 15 забони ҷаҳон тарҷума гардидааст. Хонандаи мактаб бори аввал бо эҷодиёти устод М.Қаноат дар синфи 6-ум ошноӣ пайдо менамояд ва аз таъсиру фалокати ҷанг дар достони “Мавҷҳои Днепр” воқиф мегардад. Минбаъд ин мавзӯъ шеъри “Гули Бодом” ва достони “ Китобҳои захмин” вусъат меёбад. Яке аз достонҳои пурмазмуни устод, ки корнома ва қаҳрамониҳои халқи Шӯравиро дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон инъикос намудааст, “Сурӯши Сталинград” мебошад. Вақте ки муаллим ба шарҳи мавзӯи достон сар мекунад, бояд, пеш аз ҳама, доир ба муҳорибаи Сталинград маълумоти мухтасар дар ҳаҷми 4-5 дақиқа пешкаши хонанда гардонад ва таъкид созад, ки ҷанги Сталинград бузургтарин муҳорибаест дар таърихи инсоният. Ин ҷанг аз аввалин нишонаҳои мағлубияти армияи фашистӣ буд. Дар он аз ҳар ду тараф 2, 1 миллион одам иштирок карданд. Қувваи армияи ҳар ду тараф:

Армияи Шӯравӣ                                 Армияи Германия

187 ҳазор одам                                  270 ҳазор одам

2, 2 ҳазор силоҳ ва миномёт           3000 ҳазор силоҳ

ва миномёт

230 танк                                                250 танк

454 самолёт                                          1200 самолёт

Достони “Сурӯши Сталинград” дар заминаи алоқамандӣ ва ҳамгироӣ бо дигар фанҳо таълим дода мешавад. Устод М.Қаноат дар як нишаст изҳор намуда буд:”Чанд бор дар бойгониҳо кор кардам, таърихи ҷангро дарёфтам, бо онҳое, ки дар ҷанги Сталинград иштирок намудаанд, суҳбат оростам ва панҷ бор ба Волгоград сафар кардам, тӯлу арзи кӯчаҳо ва хонаҳоро қадам задам, муайян намудам, то ки ҳарфе хато наравад”.

Махсусиятҳои адабии асар:

Ремарка ё сарсатр - порчаи насрӣ, ки хотираи як сарбози немисро дар бар гирифта, бобҳоро бо ҳам устувор мекунад.

Монолог: мафҳумҳои замин, дарё, модар дар асар хеле пуртаъсир ифода ёфтаанд, ки ин ба оҳанг ва қироати шеъри хонанда таъсири мусбат мерасонад ва хонанда дар гуфтани порчаҳои достон кӯшиш менамояд, ки вазну тамкини суханаш таъсирнок бошад.

Драматизми фоҷиавӣ, ки асоси достонро ташкил намудааст, ба баландтарин нуқтаи худ расидааст. Мавзӯъ, воқеаю саргузаштҳо, манзара ва тақдиру қисмати одамон драмавианд. Образҳои Миша ва Матвей Путилов ба сужаҳои ҷолиб ҳамбастаанд ва муаллим метавонад онҳоро дар дарс бо хонандагон ба таври намоишнома нишон диҳад.

Ташхис: шоир заминро ба сухан даровардааст:

Маро гаҳвора мегӯянд, чун гаҳвораи заррин,

Вале ман модари бечораам, хокам.

Талмеҳ: Миёни модару аскар

 Силоҳи сард ҳамчун садди Искандар.

 Алоқамандии муҳтавои дарс бо математика:

Муҳорибаи Сталинград аз 17 июли соли 1942 сар шуда, 2 феврали соли 1943 ба охир мерасад ва шоир онро дар достон ҷанги 200-рӯза ном бурдааст.

1. Дусад рӯзу шаби мушкил,

 Ба ҳам пайваст чун занҷир.

2. Дар ин ҷо бист ёронем, ба як паймону имонем.

3. Гаҳе бо шеър, гоҳ бо тир ӯро алла мехонем,

 Наафтад то ки як мӯяш, сари як мӯй ларзонем.

4. Миёнаш аз миёни хонаи мардум гузар мекард,

Ҳазорон кӯдаконро бепарастору падар мекард.

5. Ки дар аҳди ту садҳо сарфарозон сарнагун гаштанд,

 Худоёни заминӣ ҳамчу ҳайкал вожгун гаштанд.

6. Агар пагоҳӣ 20 метр пеш равем, бегоҳ моро ақиб мепартоянд.

7. Панҷоҳу ҳашт рӯз барои як хона ҷонбозӣ кардем, барабас. .

 (аз рӯзномаи сарбози  немис)

 Алоқамандии муҳтавои дарс бо география

1. Зи Волга то ба Дон мерафт мавҷи ғаллазори ман.

2. Маро аз Ғарб бо таҳдиду хорӣ танг мекарданд.

3. Самои дудаолуда ба Қӯрғони Мамай ларзону овезон.

4. Туро дар ин садои тоза бишнидам, Ҳисори ман.

5. Ту фотеҳ будӣ, Сталинград, эй шаҳри ҷонбозӣ.

6. Даромадгоҳи Пантеон, зиёратгоҳи ҳар як зодаи инсон.

Достони “Сурӯши Сталинград” аз оғоз, 8 сурӯш ва сурӯши модарон иборат мебошад. Ҳар як сурӯш муҳтавои асарро такмил мебахшад. Ба омӯзгор лозим меояд, ки доир ба ҳар як образ ба хонандагон маълумот диҳад, то онҳо аз зиндагӣ ва корномаҳои қаҳрамонон ҳар чӣ амиқтар воқиф гарданд.

Равшанбек ПАЙШАЕВ,

омӯзгори забон ва адабиёти

тоҷики мактаб - интернати

ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш