Нашрияи Омӯзгор

Муаллим

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 178        Шарҳ: 0

 

Яке аз рӯзҳои баҳор хеле бевақт ба ҷустуҷӯи ӯ рафтам. Дари таълимгоҳ баста буду сафокорони муассиса беруни биноро поккорӣ мекарданд. Аз  онҳо  суроғаи сарвари муассисаро пурсон шудам.

Гуфтанд:

-Директор ним соат пеш аз дарсгоҳи физика шогирдонашро ҷавоб доду ба хонааш рафт.

Азбаски ӯро ҳатман дидан мехостам, рӯ ба сӯйи хонааш ниҳодам.

Муаллим дар замини наздиҳавлигияш миёни ҷӯяҳои картошкаи навсабзида машғули кор буд. Чун маро дид, зуд корро як сӯ гузошту ба наздам омад. Баъди чанд дақиқа суҳбат ӯ маро ба назди модари қариб навадсолаи хеш- Муҳайё Тағоева, ки фарзандони зиёдеро ба воя расондааст, даъват намуд. Чун чашми модар ба ман афтод, хеле хурсанд шуд ва гуфт:

- Хайрият, ки «Муаллим»-ро суроғ карда омадию туро дидам.

(Модар фарзанди хешро бо эҳтиром «Муаллим» ном мебарад.)  Ман фарзанди зиёдеро ба камол расондам, вале ҷои Муаллим ҷудост, чунки то вопасин рӯзҳои ҳаёти падараш дар бари ӯ буду имрӯз пайваста дар бари ман аст. Дар давоми солҳои зиёд рӯзе нашудааст, ки бе дуои ман ба кор рафта бошад. Ҳамеша аз ҳолам хабардор асту тамоми хоҳишҳоямро иҷро мекунад. Беҳтарин нуқли бозорро бароям муҳайё месозад. Ман хушбахттарин модари оламам, чунки Худованд барои ман дар қатори фарзандони дигарам Муаллимамро додааст. Ӯ ҷавони ҳамакора; дар маъракаҳо ровис-ту дар мусибатҳо дилбардору маслиҳатомӯзи хурду калон.

Абдулаҳад Наврӯзовро на танҳо дар деҳаи Косатарош, балки дар тамоми шаҳри Панҷакент чун устоди барӯманди фанҳои математикаю физика мешиносанд. Кулли ҷавонони шаҳраки Суғдиён, деҳаҳои Филмандару Косатарош (солиёни зиёд дар чор муассисаи ин мавзеъҳо дар вазифаҳои масъул кор кардаасту аз фанҳои физикаю математика таълим додааст) ӯро бо ифтихор «Устод» мегӯянд.

Мардуми Косатарош, асосан, ба забон ва адабиёти тоҷик бештар рағбат доранд. Аз ин рӯ, бисёр соҳибмаълумотони деҳа дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик ё риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил кардаанд. Нависандаи соҳибистеъдод Эҳсон Субҳон, нависанда Шафеъ Шариф, шоирони ҷавон Саид Ризо, Иброҳим Мирмуҳаммадзода, Ибод Раҷабӣ, рӯзноманигорони ҷавон Шоҳин Шариф, Ифтихор Юсуфӣ, Муҳаммадамини Одина ва дигарон дар ин деҳа  ба воя расидаанд.

Абдулаҳад аз нахустин касонест, ки бо вуҷуди аслан ба адабиёт дилбаста буданаш, барои идомаи таҳсил факултаи физикаю математикаро интихоб кардааст. Ӯ аз соли 1982 то соли 1987 дар факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил намуд.

Корро аз мактаби миёнаи рақами 25-и деҳаи Филмандар оғоз кард. Дар рӯзи нахустини кор писанди шогирдон гашт ва дар як моҳ даҳҳо шогирди муассиса ба назди ӯ меомадагӣ шуданд ва ин боис гардид, ки омӯзгор дар муассиса маҳфилҳои «Физикони ҷавон» ва «Математикони ҷавон»-ро ба роҳ монад.

Солҳои тӯлонӣ дар мактабҳои деҳаи Косатарош ва шаҳраки Суғдиён ҳамчун ҷонишини директор кор кард.

Шогирдони зиёдаш дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои сазоворро ишғол карданд.

Бо ибтикори Пешвои миллат солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Ин ташаббусро Абдулаҳад бо камоли мамнуният пазируфт.

Дар муассиса дарсгоҳҳои алоҳидаи фанҳои физика ва математикаро ташкил ва дар сатҳи баланд муҷаҳҳаз намуд. Ҳамакнун, ҳамарӯза соатҳои бардавом дар ин дарсгоҳҳо бо шогирдони хеш ва омӯзгорони ҷавони ин фанҳо кор мебарад.

Ҳолдонҳо мегӯянд, ки дар мактабшиносӣ касе дар Панҷакент бо ӯ баробар шуда наметавонад.

Чанд сол пеш Абдулаҳадро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90-и деҳаи Косатароши Поён директор таъйин намуданд. Дар соли аввали сарвариаш бо пешниҳоди ӯ омӯзгори ҷавони биология, ҳоло номзади илмҳои биологӣ ва аввалин олим аз деҳаи Косатарош Хусравбек Усмонов дар озмуни «Муаллими сол» ширкат варзид ва дар вилояти Суғд ҷойи сеюмро ишғол кард.

Ҳангоме ки Абдулаҳад дар мактаби рақами 90  ба кор омад, дар муассиса таълиму тарбия ҷиддӣ набуд. Ҷавонҳо чандон майли кор кардан надоштанд. Нахустин коре, ки ӯ анҷом дод, ин буд, ки нависанда Эҳсон Субҳон, омӯзгори собиқадори биология Ҳабибулло Ёров ва нависанда Шафеъ Шарифро ба муассиса овард. Бо омадани ин шахсиятҳои шинохта кор дар таълимгоҳ ранги дигар гирифт.        Мактаби мазкур дар заминаи кӯдакистони мавсимии таъмирталаби солҳои шастуми асри гузашта сохташуда ташкил ёфтааст. Ҳукумати вилояти Суғд чанд сол пеш барои сохтани мактаб дар ин деҳа иҷозат дод, вале бо фиреби чанд роҳбари ҳамонвақтаи шаҳри Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ (он ҳам бо маблағи худи аҳолӣ) сохта шуду бас.

Ин чор синфхона талаботи 380 нафар хонандаро бароварда намекард. Аз ин рӯ, А. Наврӯзов аҳолии деҳаро ҷамъ ва арзи матлаб кард.

Сокинони ҳимматбаланди деҳа розӣ шуданд, ки ба тариқи ҳашар дар назди муассиса бинои дуошёнае созанд. Яке бо пули нақд, дигаре бо семент ва сеюмин бо хишт ба сохтмон ёрӣ намуд. Ҳашарчиёнро аҳли деҳа бо навбат бо хӯроки гарм таъмин намуданд.

Ниҳоят, сохтмони шаш синфхонаи замонавӣ ба охир расид. Рӯзе раиси раёсати молияи Панҷакент Раҳимҷон Каримов ва мудири шуъбаи маориф Махсатилло Шарифов ба муассиса ташриф оварданд. Азми халқ онҳоро ба шавқ овард ва бо ёрии бевоситаи онҳо ба маблағи 50000 сомонӣ кабинети физика бунёд карда шуд.

Раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода синфхонаҳоро бо дару тиреза таъмин намуд. Дар нимаи соли хониши 2019-2020 бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва раиси шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода синфхонаҳои иловагӣ барои истифода супурда шуданд.

Ҳоло дар ду баст дар муассисаи мазкур 380 нафар толибилм таҳсил мекунанд ва онҳоро 25 нафар омӯзгори соҳибмаълумот таълиму тарбия медиҳанд.

А.Наврӯзов дар доираи тадбирҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷавонмардони саховатманду дилсӯзи деҳа Ҳабиб Алиев, Олим Қурбонов ва чанде дигарон маслиҳат орост, ки деҳаро дар ҳамдастӣ бештар обод намоянд. Дар андак муддат аз ҳисоби ин ҷавонмардон ва ҷавонони деҳа роҳи марказии деҳа, ки хеле тӯлонист, пурра чароғон карда шуд. Корҳои созандагӣ идома доранд.

Ашхосе чун Абдулаҳад Наврӯзов ба гунае сарвати ҳар деҳаанд. Онҳо баҳри рушди маънавию маърифатӣ ва пешрафти иқтисодию маъмурии деҳот нақши сазовор мегузоранд, фарзанди барӯманди мардуманд.

Исмоил Зарифӣ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш