Нашрияи Омӯзгор

Заминаи рушди тафаккури техникӣ

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 120        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба хотири  боз ҳам  беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст.

Воқеан ҳам ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҷумҳурии мо аҳамияти зарурӣ дода мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ якчанд пажӯҳишгоҳ ба тадқиқи масоили гуногуни илмҳои мазкур машғуланд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба ҳамаи соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мутахассисону  бакалаврҳо ва магистрҳои замонавӣ тайёр карда мешаванд. Дар пажӯҳишгоҳҳою донишгоҳҳои ҷумҳурӣ доир ба соҳаҳои гуногуни  илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (физикаи ҷисмҳои сахт, физикаи полимерҳо, лазерҳо, физикаи назариявӣ, физикаи гармӣ, физикаи молекулӣ, спектроскопия, химия, биология, физиология, геология, минералогия, астрофизика, биофизика, математика, механика ва ғайра) мактабҳои илмӣ таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо номзадҳо ва докторони илм ва фаъолият машғуланд.

Тадқиқотҳои  олимони тоҷик, махсусан, дар соҳаи астрофизика дар арсаи байналхалқӣ маълуму машҳуранд.

Қайд кардан лозим аст, ки як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба тайёр кардани бакалавру магистрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисодиёт  машғуланд.

Барои ҳамаи ихтисосҳои иқтисодӣ нақшаҳои таълимӣ дар қатори фанҳои риёзӣ-математикаи олӣ, математикаи дискретӣ, назарияи эҳтимолият, математикаи иқтисодӣ, математикаи молиявӣ, методҳои математикаи  тадқиқи амалиёт дар иқтисодиёт, эконометрика, инчунин, фанни консепсияҳои  табиатшиносии муосирро дар бар мегиранд.

Вақте ки бакалаври соҳаи иқтисодиёт дар солҳои аввали хониш бо донишҳои математикию фанҳои табиатшиносӣ мусаллаҳ мегардад, ба ӯ  аз бар намудани маводи фанҳои дигар, аз ҷумла, фанҳои ихтисосӣ осон мегардад.

Бинобар ин, ҳангоми таълими  фанҳои риёзию табиатшиносӣ диққати асосиро  ба тарбияи  иқтисодии бакалаврҳою магистрҳо - мутахассисони ояндаи соҳаи иқтисодиёт  равона намудан лозим аст.

Дар машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва мустақилона аз фанҳои риёзию табиатшиносӣ лаҳзаҳои асосии машғулиятҳоро ба ҳалли  масъалаҳои тавсифи  иқтисодидошта равона кардан ба мақсад мувофиқ мебошад.

Таълими фанни консепсияи табиатшиносии муосир низ дар тарбияи  иқтисодии  бакалаврҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ саҳми калон дорад.

Ин фанро омӯхта, бакалавр-иқтисодчии оянда доир ба ҳодиса ва қонунуҳои табиат маълумоти зурурӣ пайдо менамояд.

Ба манфиати инсоният истифода бурдани ҳодисаҳои табиат ва қонунҳои он аҳамияти калони иқтисодӣ дорад.

Фанни «Консепсияи табиатшиносии муосир» асосан масъалаҳои табиатшиносиро, ки ба соҳаҳои физика, астрофизика, космология, биология, химия, экология ва геология тааллуқ доранд, дар бар мегирад. Дар замони ҳозира ин илмҳо дар табиатшиносӣ нақши  ҳалкунанда мебозанд ва  консепсияи инкишофи табиати зинда ва ғайризинда, имкониятҳои  табдилдиҳии табиат, инкишофи прогресси илмӣ-техникӣ ва таъмин намудани  аҳолии Замин бо маҳсулоти ғизоӣ ва ғайраҳо ба дастовардҳои ин илмҳо асос доранд.

Ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои  алоҳидаи фанни Консепсияи табиатшиносии муосир дар машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва мустақилона ба бакалаврҳо аҳамияти иқтисодии онҳоро фаҳмондан лозим аст.

Масалан, ҳангоми гузаштани мавзӯи “Қонунҳои бақо” ба бакалаврҳо фаҳмондан лозим аст, ки ин қонунҳо қонунҳои  фундаменталии табиатанд, ҳам барои  макроолам ва ҳам барои микроолам татбиқшавандаанд, аҳамияти калони илмӣ, амалӣ ва иқтисодӣ доранд. 

Масалан, мувофиқи “Қонуни бақо ва табдилёбии энергия” мошин аз ҳисоби табдилёбии энергия кор мекунад. Дар мошин энергияи аз ҳисоби сӯхтани сӯзишворӣ ҳосилгардида ба кори  механикӣ сарф мегардад. Дар неругоҳҳои барқӣ оби энергияи электрӣ аз ҳисоби энергияи потенсиалии оби ба баландӣ бардошташуда ҳосил карда мешавад. Ҳангоми ҷоришавии об аз баландӣ энергияи потенсиалии он ба энергияи кинетикӣ табдил меёбад ва аз ҳисоби ин энергия генератор энергияи электрикӣ ҳосил мекунад. Баъд энергияи электрикӣ  дар истеъмолкунандаҳо ба дигар намудҳои энергия-рӯшноӣ, гармӣ ва механикӣ табдил меёбад.

Ҳамин тариқ, бакалаврҳо мефаҳманд, ки қонунҳои бақо дар баробари аҳамияти илмӣ аҳамияти иқтисодӣ низ доранд.

Қонунҳои дигари физика, аз ҷумла, қонунҳои ҷараёни доимию тағйирёбанда, ҳодисаҳои электрикӣ ва электролиз татбиқи васеи амалӣ ва аҳамияти калони иқтисодӣ доранд.

Бинобар ин, дар машғулиятҳо, махсусан, дар машғулиятҳои амалию мустақилона ба бакалаврҳо фаҳмондани тариқи татбиқи васеи амалии қонунҳои физика ва аҳамияти иқтисодии онҳо тарбияи иқтисодии онҳоро такмил мебахшад.

Пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва техникаю технологияи муосир, фарҳанги техникии шаҳрвандон низ ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ робитаи зич дорад.

Рушди бавусъати кишвар аз маърифати техникии шаҳрвандон вобаста мебошад.

Дар инкишофи  фарҳанги техникӣ фанни физика нақши  пешбар мебозад ва он яке аз  илмҳои асосӣ оид ба табиат ба шумор меравад. Зиёда аз 80 дар сади асрори ҳодисаҳои табиат  дар заминаи илми физика ошкор мешавад.  Маҳз тавассути  ин илм инсон  дар  назди ҳодисаҳои фавқулода оҷиз намемонад, онҳоро меомӯзад,  қонунҳояшро муқаррар мекунад ва ба манфиати худ истифода мебарад. Тамоми техникаи муосир ба татбиқи қонунҳое, ки олимон дар соҳаҳои гуногуни физика кашф намудаанд, асоснок шудааст. Физика аз муҳимтарин риштаи  илмҳои табиатшиносӣ ба шумор меравад, ки сабабҳои ба амал омадани  ҳодисаҳоро маънидод намуда, робитаи байни онҳоро муқаррар месозад.

Бо инкишофи техника лабораторияҳо бо асбобҳои  наву ҳассос муҷаҳҳаз мешаванд ва ҳалли масъалаҳои соҳа осон, сатҳи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва саҳеҳии ченкуниҳо баланд мегардад.

Дар  ин замина, албатта, барои баланд бардоштани маърифати техникии ҷомеа пеш аз ҳама, дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ шароити мусоид фароҳам овардан зарур мебошад. Аз солҳои 90-уми асри гузашта  дар кишвари мо лабораторияҳои омӯзиши  фанҳои  табиатшиносӣ бо асбобу  дастгоҳҳои таҷрибавии замонавӣ ва маводи химиявӣ таъмин нестанд. Дастрасии асбобу дастгоҳҳои  таҷрибавӣ  доир ба фанҳои табиатшиносӣ душвор аст ва барои ин маблағи хеле зиёд мебояд. Имрӯз лабораторияҳои илмӣ-тадқиқотии муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ доир ба тадқиқи соҳаҳои гуногуни табиатшиносӣ ба дастгоҳҳои таҷрибавии замонавӣ ниёз доранд. Дастгоҳҳои таҷрибавии мавҷуда аз сабаби ба анҷом расидани  муҳлати  истифодаашон аз кор баромадаанд ё куҳна гардидаанду ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд.

Ин норасоиро  дар шаҳри Душанбе ташкил намудани фурӯшгоҳи асбобу дастгоҳҳои таҷрибавӣ доир ба таълими фанҳои табиатшиносӣ ва  баргузории корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ҳаллу фасл менамояд.

Барои баланд бардоштани маърифати техникии хонандагони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд марказ ва маҳфилҳои  ихтироъкорон, касбомӯзон, техникҳои ҷавон дар  зерсохторҳои  шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо амал кунанд ва ба кори онҳо мутахассисони  варзида ҷалб гарданд.

Бар асари набудани лабораторияҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва таълими сатҳии мавзӯъҳо доир ба фанҳои табиатшиносӣ айни замон дар ҷомеа шахсонеро дучор меоем, ки ҳатто қоидаҳои истифодаи асбобҳои барқиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд. Аз истифодаи  нодуруст  онҳо зуд аз кор мебароянд ва ба буҷаи оила ва корхона зарар мерасад.

Барои баланд бардоштани  маърифати техникии тамоми ҷомеа вақти он расидааст, ки дар телевизиони   ҷумҳурӣ студияи таълимӣ (мисли то солҳои 90-уми асри гузашта) ташкил карда шавад ва дар он дарсҳои  намунавии омӯзгорону устодони пешқадами  ҷумҳурӣ барои муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумӣ, касбии умумӣ ва олии касбӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, техникаву технологияи муосир намоиш дода шаванд.

Азбаски на дар ҳамаи муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ барои  корҳои лабораторӣ дастгоҳҳои  таҷрибавӣ ва асбобҳои зарурӣ мавҷуданд, усули виртуалии гузарорнидани  корҳои лабораториро истифода бурдан ба манфиати  кор аст. Ҳоло дар мактабҳои таҳсилоти умумии Россия барои гузаронидани ҳама намуди дарсҳо аз фанҳои  таълимӣ аз дискҳои таълимӣ истифода мебаранд. Матни ин гуна дискҳоро ба забони тоҷикӣ  тарҷума намуда, аз  онҳо истифода бурдан мумкин аст. Барои истифодаи ин дискҳо лабораторияҳо ё синфхонаҳо бояд бо техникаҳои зурурӣ таъмин бошанд.

Дар ҷумҳурии мо баҳри баланд бардоштани фарҳанги техникӣ бояд аз роҳбари корхонаю муассисаҳо то кормандони одӣ сафарбар шаванд. Инчунин, ба кормандони  корхонаю муассисаҳо бояд фаҳмонд, ки асбобу таҷҳизот ва мошинҳои  корношоямро дар партовгоҳҳо напартоянду барои ҳосил кардани маҳсулоти хом ба истифода диҳанд.

Дар ҷумҳурии мо қариб 300 рӯз офтобист. Истифодаи энергияи афканиши Офтоб манфиати зиёд меорад.  Энергияи афканиши  Офтобро бо роҳи хеле осон ба  энергияи электрикӣ табдил додан мумкин аст. Барои ба энергияи электрикӣ табдил додани энергияи афканишоти Офтоб панелҳои махсус (батареяҳои офтобӣ) ихтироъ карда шудаанд.

Барои истифодаи самарабахши ин неру дар ҷумҳурӣ сохтани танҳо як заводи хурди  истеҳсоли батареяҳои офтобӣ кофӣ мебошад.

Сатҳи дониши хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон аз фанҳои табиатшиносию риёзӣ беҳбудӣ мехоҳад.

            Барои ин норасоиро барҳам задан, пеш аз ҳама, мактабҳоро аз фанҳои табиатшиносию риёзӣ бо  омӯзгорони варзида таъмин кардан лозим аст.

Омӯзгорӣ аз фанҳои табиатшиносию риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ заҳмати зиёд талаб мекунад. Ба ивази заҳмати пурмашаққат  имрӯз омӯзгорони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маоши хеле кам мегиранд.

Барои он ки хатмкардаҳои беҳтарини мактабҳо ҳуҷҷатҳои худро ба ихтисосҳои  табиатшиносию риёзӣ ва техникӣ зиёдтар супоранд, маоши омӯзгорони фанҳои табиатшиносию риёзиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи зурурӣ баланд бардоштан лозим аст.

Умуман, барои  талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф”-ро ҳаллу фасл намудан, пеш аз ҳама, сифати тайёркунии омӯзгорони фанҳои табиатшиносию риёзиро дар сатҳи зарурӣ баланд бардоштан лозим мебошад.

                                                

Ҳамид Маҷидов,

Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики

Академияи муҳандисии байналхалқӣ, доктори илмҳои техникӣ,                                                               профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш