Нашрияи Омӯзгор

Закариёи Розӣ ва илми кимиё

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 153        Шарҳ: 0

 

Муҳаммад Закариёи Розӣ олим, файласуф, табиб, педагог, математик, кимиёшиносу табиатшиноси машҳури асрҳои IX-X – и форсу тоҷик ба шумор меравад.

Дар Ғарб ӯро бо номи Розес мешиносанд.

Эҷодиёти Розӣ беш аз 200 асари хурду калонро дар бар мегирад. Ӯ оид ба кимиё 26 китобу рисола таълиф намудааст, ки дар байни онҳо «Китоб-ул-асрор», «Китоб сирр-ил-асрор» муҳимтарин ба шумор мераванд. Ин асарҳо бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва нашр шудаанд.

Закариёи Розӣ асосгузори реаксияҳои баргарданда ва барнагарданда мебошад. Дар бораи Муҳаммад Закариёи Розӣ кимиёгарони англис менависанд, ки лабораторияи Розӣ, баъди ҳазор сол, аз лабораторияи ҳозира фарқи куллӣ надошт. Зеро ҳамон қайчӣ, буттаҳо, косачаҳо, тарозу, қаппакҳое, ки ӯ истифода мебурд, ҳоло ҳам дар лабораторияи муосир кор фармуда мешаванд.

Ӯ моддаҳоро ба 3 гурӯҳ тақсим намудааст:

1). Моддаҳои минералӣ, растанигӣ ва ҳайвонотӣ.

Закариёи Розӣ маҳорати бузурги духтурӣ доштааст. Осори бойи абадзиндаи илмиаш на танҳо дар пешрафт ва равнақи тибби форсу тоҷик, балки дар инкишофи илми тиббу табиатшиносии олам саҳми ниҳоят бузург дорад. Ӯ дар таъриху илму маданияти ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Розӣ нахустин табибе буд, ки ҳангоми ташхиси беморӣ ва муолиҷаи он мушоҳидаи ҳаррӯза ва таҷрибаи кории табибро дар мадди аввал мегузошт.

Дар таърихи илми тиб ва умуман, дар таърихи тафаккури тамаддуни ҷаҳонӣ номи табибони забардасти форсу тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва Муҳаммад Закариёи Розӣ дар қатори асосгузорони илми тиб бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.

Аз ҳамин лиҳоз, бояд омӯзгори кимиё дар мавзӯи «Саҳми олимони  гузашта ва муосири тоҷик дар инкишофи фанни кимиё» каме ҳам бошад, оид ба ҳаёту фаъолияти Закариёи Розӣ маълумот диҳад.

Дар муддати 5-7 дақиқае, ки омӯзгор онро нақл мекунад, хонандагон дар бораи ин олими забардасти асрҳои IX-X-и форсу тоҷик маълумоти ҷолиб пайдо намуда, нисбат ба гузаштагонамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.

 

Баҳодур Зиёев,

омӯзгори химия аз шаҳри

Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш