Нашрияи Омӯзгор

Шамими атр

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 130        Шарҳ: 0

 

Биё, Наврӯз, бар домони саҳро,

Шукуфон чеҳраи гирёни саҳро.

Ғами яксоларо аз дил бадар кун,

Бихандон дилбари ҷонони саҳро.

 

Биё, Наврӯз, эй осоиши ҷон,

Биё, файзи ту беҳтар аз зимистон.

Гулистон аз қадамҳои ту сабз аст,

Гулистонтар шавад ин дашту майдон.

 

Ғанимат бишмарам як лаҳзаи ту,

Гули савсан шавам дар қабзаи ту.

Биё, Наврӯз, оғӯшат бигирам ,

Биосоям даме дар сабзаи ту.

 

Сабо бӯи гули рӯйи ту дорад,

Дилам майли сар кӯи ту дорад.

Баҳорон бо ҳама ҳусну ҷамолаш

Шамими атри гесӯи  ту дорад.

 

Биё, соқӣ, бигардон даври обе,

Ҳамон обе, ки бошад аз шаробе.

Чаро хобам барад дар иди Наврӯз?!

Рубоб овар маро баъди кабобе.

 

Сано бар ту, сано, Наврӯзи олам,

Ки айшу нӯшро кардӣ фароҳам.

Туро чун Тоҷикистон дӯст дорам,

Барои мо азизиву мукаррам.

 

Фурӯзон аст аз нав шамъи Ҷамшед,

Фалак хамёза кард аз чатри хуршед.

Қадам бинҳод Наврӯзи муборак

Дилангезу дилафрӯзи муборак.

 

Раҳо бинмой моро аз зимистон,

Сахо бахшой, эй фасли баҳорон.

Ба хуршедат сано бифрист аз мо,

Зи нураш гарм созад Тоҷикистон.

 

Ба истиқболи борон меравам ман,

Сари фасли баҳорон меравам ман.

Барои дидани Наврӯзи олам

Ба сайри Тоҷикистон меравам ман.

 

Ҷӯрабек  МУЪМИН

 

 

Гулафшонӣ

Дар чаман шав, соқиё, айни гулафшонӣ бувад,

Сабзаву хуршеду гулро рӯзи меҳмонӣ бувад.

Бодаи гулгун намову ҷоми мо лабрез кун,

Тозаву тар ҳар дарахте рӯзи боронӣ бувад.

Дар лаби ҷӯ бо гуландомеву бо мутрибу  май

Маҳфили риндонаи мо айши султонӣ бувад.

Рушд дорад санъату шеъру сухан дар мулки мо,

Бас ҷилову нуру рангаш даври сомонӣ бувад.

Дида тинҷиву амониро, бигӯяд ҳар касе,

Кош, сад соли дигар даврони раҳмонӣ бувад.

Рашиди ҚОДИРИЁН,

ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

 

Ангораҳои наврӯзӣ

Бархез, дило, бурун шав аз хонаи хеш,

Пайвандӣ ба Наврӯз биёб аз ҳама беш.

Ин боғу чаман, ба чашми таҳқиқ нигар,-

Ороста зи Наврӯзи нави покманиш.

 

Наврӯзи куҳан гоми ҷавонӣ дорад,

Расму амалаш васли замонӣ дорад.

Бар рағми ҳама ҷабру ҷафои таърих,

Бишкуфта зи нав зеби ҷаҳонӣ дорад.

 

Шоҳаншаҳи идҳои ҷаҳон аст Наврӯз ,

Афсунгари  ҳусни ин замон аст Наврӯз .

Худ з-аҳди куҳан, валек симояш бин;

Озодаманишу дилҷавон аст Наврӯз .

 

Дар дасти гулат дастаи гул механдад,

Пешоқадамат растаи гул механдад.

Дар печу хами кокулу зулфони каҷат

Бофида гулу бастаи гул механдад.

 

Саъдулло Ҳайдарӣ,

устоди ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш