Нашрияи Омӯзгор

«Саразм - оғози тамаддуни халқи тоҷик»

Сана: 2020-01-31        Дида шуд: 195        Шарҳ: 0

 

 

       24-уми январи соли равон бо ташаббуси раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саразм - оғози тамаддуни халқи тоҷик» вохӯрӣ доир карда шуд, ки дар он мудири шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ Файз Гулмадов ва омӯзгорону хонандагони мактаби номбурда иштирок  доштанд.

Файз Гулмадов дар мавзӯи «Саразм -  сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷикон» маърӯза намуда, қайд кард, ки Саразм ёдгории беназир ба ҳисоб меравад, ки дар худ пайванди фарҳангии халқҳои гуногуни Осиёи Марказиро таҷассум намудааст. Бино бар маълумоти мудири Бюрои Осиё ва Океания дар ЮНЕСКО Джованни Бокардо Саразм ба рӯйхати осори умумиҷаҳонӣ аз он ҷиҳат ворид гардидааст, ки он дар як давраи муайян макони инъикоскунандаи табдили фарҳанги барҷаста ба ҳисоб мерафт. Вай чор ҳазор сол пеш аз солшумории мелодӣ яке аз марказҳои бузурги савдо ба ҳисоб мерафт. Ҳафриёт дар ин ёдгории таърихӣ ва бозёфти баъзе ашёҳо аз эҳтимол дур нест, ки нақши ин маконро дар доду гирифт ва савдои минтақаҳои гуногун, аз ҷумла, Туркманистони ҳозира, Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ бозгӯӣ намояд. Ин аввалин натиҷаи қабули Саразм ба номгӯи умумиҷаҳонии осори фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Таърих шаҳодат медиҳад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ маркази тамаддуни ҷаҳонӣ ба шумор мерафт. Айни замон дар мамлакат зиёда аз 2900 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуд аст. Дар ин самт, Саразм, ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти бузурги илмӣ, таърихӣ ва байналхалқӣ дорад. Ин яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

 Инчунин, дар ҷамъомад омӯзгорони таълимгоҳ дар бораи ёдгории Саразм ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ  маълумот доданд. Хонандагони муассисаи таълимии мазкур низ дар бораи таърих, пайдоиши ҳунару ҳунармандӣ, расму оин, маданият, шаҳрдориву шаҳрсозӣ, зисту зиндагонии мардуми Саразм фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш