Нашрияи Омӯзгор

Забондон ва ҳамқадами ҷаҳони муосир

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 167        Шарҳ: 0

 

Қабули «Барномаи такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  (аз 02.12.2003, № 508) аз он шаҳодат медод, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии  хонандагон ва сифати таълиму тарбия дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Аммо таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин самт дастовардҳо қонеъкунанда нестанд.

Аз ин рӯ, омӯзгорони коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор пайваста кӯшиш менамоянд, ки диққати донишҷӯёнро бештар ба  омӯзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ ҷалб намуда, сатҳу сифати таълимро  беҳтар намоянд.  Таълими забони англисӣ, маъмулан, бо забони русӣ сурат мегирад. Омӯзгорон  дар рафти машғулиятҳо ба донишу таҷрибаи донишҷӯён такя менамоянд, то онҳо тавонанд дар  муддати солҳои донишҷӯйӣ бо ин забонҳо озодона ҳарф  зада, тарҷума карда тавонанд.  Хурсандиовар аст, ки донишҷӯён аксар дастурҳои методӣ, қиссаву ҳикояҳо ва  «Афсонаҳои халқи тоҷик»-ро бо забони англисӣ тарҷума карда, тарҷумаи осори адабиёти ҷаҳониро дар нақша доранд. Аксар вақт дар рафти машғулиятҳо якчанд лаҳзаи ҷуфти дарсӣ  ба гурӯҳҳои  дунафарии донишҷӯён ҷудо карда мешавад. Дар ин лаҳзаҳо донишҷӯён метавонанд дониши азбаркардаи якдигарро таҳлил карда, дараҷаи муоширати худро бо забонҳои хориҷӣ баҳогузорӣ намоянд.  Ин усули таълим имкон медиҳад, ки донишҷӯён ҳарчӣ зудтар забонҳои хориҷиро омӯзанд. Донишҷӯён  бо компютер ва тахтаи электронӣ  хуб кор карда метавонанд. Дар китобхонаи омӯзишгоҳ низ адабиёти зиёде оид ба забонҳои англисӣ ва русӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯён аз он самаранок истифода намуда, савияи дониши худро  баланд мебардоранд. Рағбати донишҷӯён ба китобҳои электронӣ  бештар аст. Донишҷӯён  аксар вақт бо забонҳои хориҷӣ муошират мекунанд. Синфхонаҳои омӯзишгоҳ низ бо тамоми воситаҳои техникиву аёнӣ таҷҳизонида шудаанд, ки дар раванди машғулиятҳо ба донишҷӯён ёрии амалӣ мерасонанд. Худи донишҷӯён низ дарк намудаанд, ки дар замони муосир бе донистани забонҳои хориҷӣ  зистан мушкилиҳои зиёдеро ворид месозад. Забондонӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти замони бозаргониву ҷаҳони муосир ба шумор меравад.  Ба замми он, Тоҷикистони офтобрӯяи мо, ки табиати нотакрору манзараҳои афсункор дорад, кишвари сайёҳӣ эълон карда шудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар сокини солимфикри кишварро  лозим меояд, ки сайёҳони хориҷиро бо забони худашон хуш пазироӣ карда, ба саволҳои онҳо ба қадри имкон ҷавоб дода тавонанд. Меҳмони хориҷӣ миллати моро на танҳо аз рӯйи табиату ободиву озодагии кишвар баҳо медиҳад, балки фарҳангу маърифат, рафтору кирдор ва муоширатро низ бар мизони ақл бармекашанд. Муаррифи Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо шаҳрвандони бонангу ор, маърифатпарвару фарҳангдӯсти он мебошанд. Миллате, ки фарзандони барӯмандаш  онро дар  арсаи ҷаҳон метавонанд муаррифӣ намоянд, шикастнопазиру бегазанд буда, ҳеҷ гоҳ завол намеёбад. ҳамчунин, тоҷикон метавонанд дар хориҷ аз кишвар бо дониши хубу сатҳи забондонии худ обрӯйи миллати хешро баланд бардоранд ва ба ҳеҷ мушкилие гирифтор нашаванд.

    

Қиматой Сатторова,

мудири  кафедраи фанҳои

гуманитарии  коллеҷи омӯзгории  шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш