Нашрияи Омӯзгор

Гул кун ба бахти мо, Ватан!

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 265        Шарҳ: 0

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.

Тоҷикистон, Ватан, зодгоҳ калимаҳои зебо ва хуҷастаеанд, ки бо шуниданашон хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар падид меоянд.

Педагоги машҳур В.А.Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «инсон»,  «маънои зиндагӣ», «қарзи фарзандӣ», «оила», «забони модарӣ», «муҳити табиат», «садоқат» алоқаманд мекунад.

Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, барои идомаи зиндагии рангин имкон фароҳам овардааст.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.

Ҳама сар ба сар сар ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора, аз шири поки модар донистааст:

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,

Ватан хушномию фирӯзии мост.

Дар олам чанд муқаддасоти ҷовидонӣ ва беназир мавҷуд аст ва Модару Ватан аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳисси волои ватандӯстӣ то дараҷаест, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон

хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бармеояд, ки Ватан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд.

Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобас-та аст. Агар Ватан орому осуда бошаду дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон гардад, нозу неъмат фаровон мешаваду муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт устувор набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.

Муҳаббат ба Ватан, асосан, дар давраи кӯдакӣ зуҳур меёбад ва мнбаъд дар заминаи тарбият ва омилҳои дигари муассир  ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ватандӯстӣ волотарин хислати инсон аст, он ифодагари садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.

Ифтихори мо, омӯзгорон аст, ки шогирдони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба марзу буми ниёгон тарбия намоем. Онҳоро ончунон ба воя расонем, ки шиори ҳамешагии зиндагиашон чунин бошад:

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,

Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.

 

Фирӯза Бабаханова,

Наврӯзбӣ Фаттоева


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш