Нашрияи Омӯзгор

Ҷилои тозаи «Адаб»

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 180        Шарҳ: 0

 

Дар арафаи соли нави мелодӣ шумораи тозаи  маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва таълимию методии «Адаб» бо мундариҷаи ғанӣ ва ороишоти ҷолиб ба нашр расид.  Дар бахши аввали он «Аз Рӯдакӣ то имрӯз» нигоштаи саршори меҳри нависандаи маъруфи туркман қосим Нурбодов «Вопасин каломи Лоҳутӣ» ҷой дода шудааст, ки аз боби лаҳзаҳои  охирини умри абадзиндаи шоири инқилобии  тоҷик ҳикоят мекунад. Бахши «Инсон ва озодӣ»-ро матлабе таҳти унвони «Маҳатма Ганди ва муборизаи бидуни хушунат» зеб медиҳад. Дар қисмати «Машриқу Мағриб» мақолаҳои нависанда ва муҳаққиқи пурталошу санҷидагӯ Абдуқодири Рус-там «Милорад Павич   - навҷӯю тозагӯй» ва омӯзгор Хайринисо Элбоева «Тарҷумаи осори Михаил Шолохов ба забони тоҷикӣ» манзури хонандагон гардидаанд.

Соли 2018 ба ҷурми ахлоқии иддае аз аъзои Академияи Шветсия дар бахши   адабиёт машҳуртарин мукофоти адабии ҷаҳон – ҷоизаи Нобел ба касе супурда нашуд.  Соли 2019  ҷоизаи мазкур, ҳамзамон, ба ду нафар нависандаи  машҳури Аврупои Марказӣ Олга Токарчуки поляк (ҷоизаи соли 2018) ва Петер  Ҳандкеи австриягии  муқими Фаронса (ҷоизаи соли 2019)  тақдим гардид.  Маҷаллаи «Адаб» чун анъана дар бахши «Сеҳри қалам» барои аввалин бор рӯзгору осори ин адибони маъруфро барои хонандагони тоҷик ба таври муфассал муаррифӣ  намудааст.

Зери рубрикаи  «Дарси маҳорат» мақолаи назарияпардози маъруфи адабиёт  Борис Эйхенбаум – «Назарияи «равиши суратгароӣ» дар тарҷумаи доктори илмҳои филологӣ Шодимуҳаммад Сӯфизода чоп шудааст, ки мутолиаи он барои донишмандону муҳаққиқон басо судманд хоҳад буд.  Соли гузашта ба зодрӯзи донишманди машҳури гурҷӣ, эроншиноси маъруф ва дӯсти самимии тоҷикон Александр Гвахариа навад сол пур шуд. Дар мақолаи муҳаққиқ Шодӣ Шокирзода «Гавҳари тобони илм» корномаи илмии ин марди фарзона ба силки таҳрир даромадааст.

Бахши “Тарҷума ҳам эҷодкорист”-ро “Лаҳзаҳои баёдмонданӣ аз ҳаёти тарҷумонҳо”, қисмати “Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон”-ро се ҳикояи нависандаи ҳақиқатнигори озарбойҷонӣ Ҷалил Мамедқулизода “Қуттии почта”, “Кӯдаки ришдор” ва “Хоб” ороиш дода, зери рубрикаи “Арзишдоварӣ” матлабе таҳти унвони “Тасаввуф ба ривояти Гулпинорли” чоп шудааст.

Илму адабиёти тоҷик дар семоҳаи охири соли гузашта талафоти калон дод: донишманди шинохта, узви ҳайати мушовараи маҷаллаи “Адаб” Валӣ Самад ва адиби пуркору пурталош Мирзо Боқизода ҷаҳони фониро падруд гуфтанд. Меҳрномаҳои  профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдуллоҷон Неъматов “Турфа шогирд, турфа муҳаққиқ, турфа соҳибдили миллатпарвар!” ва рӯзноманигор Нурбахши Ҷаҳонгир “Сухангустаре ҷовидном” зикри хайре аз  рӯзгор, осор ва шахсияти нотакрори ин ду чеҳраи саршиноси илмиву адабӣ мебошанд.

 

Н.ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш