Нашрияи Омӯзгор

Гавҳари дониш

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 195        Шарҳ: 0

 

Китоб калиди хазинаи илму маърифат, таҷрибаю дониши беинтиҳои инсоният мебошад. Китоб аҳамияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дорост. Вобаста ба ин, китобдорӣ аз касбҳои пуршараф буда, танҳо шахсони бофарҳангу илмдӯст ин пешаро интихоб мекунанд.  ҳаётро бе дониш, ки аз китоб сарчашма мегирад, тасаввур кардан мумкин нест. Китоб барои мо дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, рафиқи беғараз ҳамдаму ҳамсуҳбати мувофиқ ва ниҳоят, сарвати гаронбаҳо аст. Китобхонӣ дар тарбияи насли наврас нақши созанда дорад.

Миллати хирадпарвари мо аз қадим ҳамдамӣ бо китоб доштааст:

Баргу сози мо китоб ҳикмат аст,

Ин ду қувват эътибори  миллат аст.

Бузургон мегуян, ки “ хонаи бе китоб мисли рӯзи бе офтоб аст”. Оре, китоб падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ муҳтоҷиву ғаму дард ва нотавонӣ озод мегардад. Дар ҳаёт тамоми бузургони олам, чун Арасту, Афлотун, Хайём, Саноӣ, Рудакӣ, Саъдӣ маҳз тавассути мутолиаи ин маъхази бузург ба ҷое расидаанд. Онҳо ҳама  аз рӯйи мақоли бузурги“ Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй” амал кардаанд.

 

Уснибегим АБДУЛЛОХОНОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш