Нашрияи Омӯзгор

Аз ҳар чӣ мерасад, сухани дӯст хуштар аст

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 184        Шарҳ: 0

 

Яке аз иқтисодшиносони маъруфи кишвар, олим ва устоди варзида, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ, профессор, академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ Зариф Шарифов ба синни мубораки 70 расиданд. Устод солҳои бардавом дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ заҳмат кашида, ҳамзамон, асарҳои зиёди илмӣ офаридаанд. Муаллифи беш аз 40  китобу дастури илмӣ ва беш аз 250 мақолаву рисола мебошанд. Барои хидматҳои бардавому пурбаракаташон дар соҳаҳои илму маорифу сиёсат бо ордени «Шараф», медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва як силсила ҷоизаҳои дигар мукофотонида шудаанд. Устод Зариф Шарифовро ба ифтихори солгарди мубораки умри пурборашон табрик гуфта, ҳамчун гулдастаи меҳру ихлос аз нигоштаҳои  дӯстону шогирдон ва ҳампешаҳояшон баргузидаеро ба нашр мерасонем, зеро хеле хуб фармудаанд, ки «Аз ҳар чӣ мерасад, сухани дӯст хуштар аст».

Абдурауф Муродӣ, адиб ва рӯзноманигор: - Аслу насаби кас дар муайянсозии шахсияти ӯ нақши муҳим дорад ва аз ин ҷост, ки чун ҷавононро ба дурустӣ шинохтанӣ мешаванд, мепурсанд, ки «падарат кисту аз кадом авлодӣ?» Гузаштагони Зариф Шарифов одамони хоксору меҳнатқарин ва хушсирату некмазҳар будаанд ва умре бо меҳнати ҳалол ва бо дасту дили пок зистаанд. Ҳамдеҳиён, шиносону наздикон ва хешу ақрабо нисбат ба онҳо эҳтирому эътиқоди самимӣ доштаанд ва дар ҳама кор маслиҳат бо эшон мекардаанд. Падари бузургвораш - Шариф Раҳмоновро мардум «ҳайкали ору номус ва чанори устувор» меномиданд. Воқеан ҳам, ӯ марде коргар, қавибозую хушпайкар ва ҷасоратманду накуиродае буда.

А.Салимзода, ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, узви вобастаи АИКТ, У. Маҳмадёрзода, ноиби ректор, профессор: - Агар зиндагиномаи устод Зариф Шарифовро варақгардон намуда, корҳои бузурги басомонрасонидаи он касро номбар намоем, якчанд китоб иншо метавон кард. Чанд паҳлуи фаъолияти устодро номбар мекунем: иншои асарҳои илмӣ; тарбияи насли наврас; ба роҳи илм ҳидоят намудани шогирдон; машғулият ба корҳои илмии тадқиқотӣ; таҳияи дастуру қонунгузориҳои соҳаи маорифи кишвар; ташкили мактаби илмӣ…

Корманди шоистаи Тоҷикистон Зариф Шарифов дар омӯзиши илм равия ва мактаби худро дошта, инсони комил ва олими навҷӯ мебошанд. Вақте ки кас бо ин шахс мусоҳиб мегардад, аз лафзи ширину гуфтори пандомезашон як ҷаҳон лаззат мебарад ва ба худ гавҳари маънӣ дармеёбад.

Х.Бобиев, устоди ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, дотсент: - Устод Зариф Шарифов дар баробари олими донишманд буданаш як инсони заминиву хоксор аст ва на фахре аз донишмандиаш мекунад ва на аз соҳибвазифа буданаш, ҳарчанд дар вазифаҳои сатҳи баланд фаъолият намудааст. Барои устод фарқе надорад, ки дар пешорӯяш кист ва аз кадом минтақа аст, доро аст ё фақир, вазир аст ва ё гадо, ба ҳама бо як чашм менигарад ва бо самимияти хос сухан мегӯяд, бузургонро ҳамчун бародар ва хурдсолонро ҳамчун фарзанд эҳтиром мекунад. Устодро метавон як фарди ватандӯсте муаррифӣ намуд, ки ба хотири рушди кишвари азизамон – Тоҷикистон, хусусан, соҳаи маориф хизматҳои шоистаеро ба фарҷом расондааст.

Шодӣ Раҷабзод, адиб ва рӯзноманигор: - … Саҳифаи охирини китоби тозанашри устод Зариф Шарифовро мепӯшаму ба андеша меравам. Ба кадом олам афтодам, чӣ нуктаву мафҳумҳоро дар илми иқтисодиёт баҳри худ кашф кардам? Рӯшан аст, ки барои нахустин бор иттилои зиёде аз иқтисодиёт ва назарияи  илмии ин фан омӯхтаву аз худ кардам ва беихтиёр ин байт дар сафҳаҳои хотиротам равшан шуд:

Нигоранда бошад, агар ҳушманд,

Суханҳо бигӯяд саҳеҳу баланд.

Хуш ба ҳоли олиме, ки асарашро дар силки осори бадеӣ мутолиа намоянд. Магар саодату хушбахтӣ аз ин зиёд шуда метавонад?!

Насриддин Охунзода, унвонҷӯи ДМТ: - Фаъолияти профессор Зариф Шарифовро метавон ба 3 самт тақсим кард. Якум, омӯзгорӣ. Ӯ дар фаъолияти худ зимни чандин вазифа ҳеҷ гоҳ аз омӯзгорӣ дур нарафтааст, зеро омӯзгорӣ дар сиришти ӯст ва таълиму тарбияро меҳвари ҳамешагии кори худ қарор додааст. Дуюм, роҳбарӣ. Зариф Шарифов дар доираи вазифаҳои раиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, муовини вазири маориф, ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва вазифаҳои дигараш корҳои зиёди судмандро анҷом додааст. Ӯро ҳамчун роҳбари ғамхору меҳрубон ва нисбат ба кор сахтгиру ҷиддӣ мешиносанд. Сеюм, пажӯҳиш ва таълифи осори таълимиву илмӣ. Устод ҳеҷ гоҳ аз омӯзишу пажӯҳиш дур набудааст ва асарҳои зиёди таълимиву тадқиқотӣ таълиф намудааст, ки имрӯз қисме аз онҳо ҳамчун дастури таълимӣ дар макотиби олии кишвар истифода мешаванд.

Муҳаммад Лутфуллозода, академик:

- … Он солҳо ӯ дар Вазорати маориф банда дар Академияи таҳсилот кор мекардем. Аз рӯи зарурат ҳафтае ду-се бор вомехӯрдем, дар мушовара, маҷлису суҳбатҳои гуногун иштирок мекардем. Зариф Шарифов ҳар гоҳ  ба минбар мебаромад, аҳли толор гӯшу ҳуш мешуданд. Кӯтоҳ мегуфт, хубу пурмазмун мегуфт, бо далелу рақамҳо мегуфт. Зарур омад, ки таҷибаи маблағгузории сарикасиро дар кишварҳои дигар омӯхта, дар шароити мактабҳои Тоҷикистон эҷодкорона татбиқ намоем. Иқтисоддони тавоно ва моҳир ин кори пурмасъулиятро ба зимма гирифт ва ба охир расонд. Агар аз ман пурсанд, ки ташаббускори маблағгузории сарикасӣ дар Тоҷикистон кист, ҷавоб медиҳам, ки Зариф Шарифов.

Марҳабо Олимова, муовини аввали  раиси кор бо занон ва оилаи  назди Ҳукумати ҶТ: -  Боре ҳама гуна таъкиду панду насиҳати роҳбаронро қатъи назар карда, донишҷӯдухтаре аз факултаи физикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ барои қатъи идомаи таҳсилаш дар донишгоҳ ва гирифтани ҳуҷҷатҳояш ба ректор Зариф Шарифов муроҷиат мекунад. Устод пас аз шунидани арзи духтар ба ӯ хеле самимонаю меҳрубонона муроҷиат менамоянд: - Эҳ, духтарам, духтарам, умеди мо аз ту ин набуд, мо ифтихор доштем, ки аз як ноҳияи дурдаст – Кӯҳистони Мастчоҳ як духтари ҷасуру диловаре тамоми монеаҳоро бартараф карда, ба пойтахт омадаасту азми омӯзгор шудану минбаъд дар деҳоти кӯҳистон чароғи маърифатро бештар фурӯзон кардан дорад. Ман дар ҳама ҷо бо сари баланд туро таъриф мекардам, ту бошӣ… Сари маро хам макун, духтарам! Босабру таҳаммул бош. Агар мушкиле дорӣ, ҳал мекунем. Пул надорӣ, меёбем, падару модарат, зодгоҳатро пазмон шудӣ, чанд рӯз ҷавоб медиҳем.., лекин азмшиканӣ накун, духтарам, донишгоҳро партофта равӣ, ҳамдиёронат, дугонаҳоят, ҳамқишлоқиёнат чӣ мегӯянд, нашавад, ки зери таъна монӣ…

Пас аз ин суҳбати ректор он духтар аз азмаш гашт, балки бо тамоми неру ба хондан «часпид», аз донишҷӯёни фаъол шуд, дигар ба устод Зариф Шарифов «падари азиз» гӯён муроҷиат мекард.

Ҳилола Муродова, омӯзгори литсейи ДСХТ:

Ба роҳи илм пайваста равонӣ,

Дар  ин раҳ мисли марди паҳлавонӣ.

Ба ҷуз хизмат ба аҳли миллати хеш

Ту азми дигаре ҳаргиз надонӣ.

 

Ба ҳар ҷое азизу дилписандӣ,

Зи файзи илму дониш арҷмандӣ.

Талоши мансабе ҳаргиз накардӣ,

Фақат одамгариро меписандӣ.

 

Бимонӣ дар канори мо ҳамеша,

Мадору такядори мо ҳамеша,

Саломат бош умре, устодо!

Чунин бошад шиори мо ҳамеша.

Таҳияи М.Абдурауф


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш