Нашрияи Омӯзгор

Мафҳуми «гендер» ва моҳияти он

Сана: 2019-12-05        Дида шуд: 211        Шарҳ: 0

 

Яке аз мафҳумҳои илмӣ  зимни таълими фанни ҳуқуқи инсон (барои синфи 11) «гендер» мебошад, ки зарурат ба шарҳу тавзеҳ дорад.

Ҷоизи зикр аст, ки илми ҷомеашиносии муосир маф-ҳуми ҷинс ва гендерро (gender-англисӣ - ҷинсияти грамматикӣ) аз ҳам ҷудо мекунад. Мафҳуми ҷинс фарогири хусусиятҳои анатомию физиологӣ, ки  одамонро ҳамчун мардону занон аз ҳам фарқ мекунонад, мебошад, аммо дар байни одамон ба ғайр аз фарқиятҳои биологӣ, дар тақсимоти нақшҳои иҷтимоӣ, шаклҳои фаъолият ва  хусусиятҳои рафтор низ тафовутҳо вуҷуд доранд.

Маҳз дар ҳамин асос, олимони улуми антропология,  мардумшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ  нисбӣ будани тасаввуротро дар бораи рафтору корҳои «хоси занон» ва «хоси мардон» чунин муқаррар менамоянд: ҳар он чизе, ки дар як ҷомеа рафтор, хислат ва кори мардона маҳсуб дониста мешавад, дар ҷомеаи дигар  метавонад хоси занон бошад. Хуллас, ҷинси биологӣ набояд сабабгори фарқияти  нақшҳои иҷтимоии занону мардон дар ҷомеаҳои гуногун бошад. Аз ин ҷост, ки назарияи гендерӣ хулоса мекунад:  хусусиятҳои равонӣ, тарзи рафтор, шаклҳои фаъолият ва касбу кори мардону занонро на ҷинсияти биологии онҳо, балки меъёрҳои иҷтимоию фарҳангӣ муайян мекунанд. Гендер аз тарафи ҷамъият чун қолаби иҷтимоии занону мардон, ки мавқеъ ва нақши онҳоро дар ҷамъият ва сохторҳои он (оила, сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва ғайра) муайян менамояд, ба вуҷуд оварда мешавад. Моҳият ва вазифаи муносибати гендерӣ омӯзиш ва аз байн бурдани зиддиятҳои мавҷудаи ҷинсҳо мебошад.

Омӯзгор бояд қайд кунад, ки аз аҳди қадим то ба имрӯз дар байни мардумони олам, аз он ҷумла, халқи мо, тақсими ҷомеаи суннатӣ аз рӯйи нишонаҳои ҷинсӣ, синнусолӣ ва шаклу намудҳои гуногуни қолабҳои рафтор дар ҳаёти ҳаррӯза ба назар мерасад. Ҳамаи ин дар шакли қолаб (стереотип, аз забони юнонӣ - «чизи шахшуда»), ки ҳамчун нақши маъмулии устувор дар бораи ин ё он падидаи иҷтимоӣ ё объект фаҳмида мешавад, дар шуури аҳли ҷомеа қарор мегирад.

Қолабҳо (стереотипҳо)-и гендерӣ - тасаввурот, ё маҷмӯи тасаввуротест, ки дар ҷомеаи мушаххас дар шакли нақш, ҳамчун меъёри устувор қабул шудааст ва он чӣ гуна рафтор кардани занону мардон, вазифа, нақшҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти онҳоро муқаррар менамояд. Онҳо  умеду ормонҳои гендериро ташаккул медиҳанд. Дар заминаи онҳо раванди қолабсозӣ ба вуҷуд меояд. Ҷойи таассуф аст, ки қолабсозӣ дар заминаи хурофот ва тарсу ҳароси баъзе гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки нисбат ба сатҳи гурӯҳи пешбар ҳамчун қисмати дуюмдараҷа ё сатҳи пасттар қабул карда мешаванд, сурат мегирад. Яъне, ба одамони алоҳида аз рӯи чунин қолаб, вобаста ба мансубияти гурӯҳии онҳо, баҳо дода мешавад.

Аз ин нуқтаи назар, бо қаноатмандӣ бояд таъкид намуд, ки даврони Истиқлолияти давлатӣ барои аҳли ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам як давраи қолабшиканӣ дар муносибат ба ҳаллу фасли масъалаҳои гендерӣ мебошад.

Таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувори  қонунгузории чунин дарҳамшикании қолабҳо аз тариқи қабулу мавриди татбиқ қарор гирифтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 6 ноябри соли 1994, ки  тибқи моддаи 17-и он таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои баробар, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон ва дин кафолат дода мешавад, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», соли 1999,  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001, «Дар бораи Барномаи давлатии Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид  ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», соли 2006, «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», соли 2008, «Дар бораи грантҳои Президентӣ оид ба  фаъолияти соҳибкории занон», Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», соли 2013, Нақшаи миллии чорабиниҳо дар бораи иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон ба маърӯзаи даврии муттаҳидшудаи чорум ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2014, Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба иҷрои Қатъномаҳои №1325 ва №2122 Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид аз 23 июли соли 2014 ва чандин ссанадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар ҳаллу фасли масоили гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занону духтарон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистони навин нақши муассир доранд.

Ба вуҷуд овардани асосҳои қонунгузории ҳаллу фасли масоили гендерӣ ва фароҳам сохтани муҳити комилан созгор барои таҳсил, фаъолияти кории озодона ва самарабахши занону духтарон, омилҳои асосии тақвиятбахшии нақши онҳо дар ҷомеа маҳсуб меёбанд.

 

Мавҷуда БАИРОВА,

омӯзгори ҳуқуқи инсони

гимназияи №74-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш