Нашрияи Омӯзгор

Вожаи ноби тоҷикӣ

Сана: 2019-11-28        Дида шуд: 206        Шарҳ: 0

 

Вақте ки 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ-Парчами давлатӣ гардид, вакилони мардумӣ (дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои ифодаи номи ин рамз аз байни як силсила номвожаҳои муродифӣ маҳз вожаи қадимию тоҷикӣ-парчамро шоистаи пазириш донистанд ва воқеан ҳам, дуруст рафтор карданд.

Қаблан муродифи дигари парчам-вожаи байрақ, ки баромади туркӣ дошт, маълум буд.

Фарҳангҳои муътабар гувоҳ бар онанд, ки вожаи парчам ба маънӣ аз вожаҳои дирафш ва аламу ливо андаке дигаргуна аст ва дар адабиёти классикии мо хоса ба маънии дирафш (алам) корбаст нашудааст. Дар «Ғиёс-ул-луғот» ин вожа (парчам) чунин тавзеҳ пазируфтааст: «чизест, ки аз абрешими сиёҳ тайёр сохта бар сари алам банданд».

Муаллифи «Бурҳони қотеъ» - Муҳаммадҳусайни Бурҳон низ наздик бар ҳамин маънӣ ишора мекунад: «парчам чизе бошад сиёҳу мудаввар, ки бар гардани найза ва алам банданд».  Устод Айнӣ вожаи мавриди назари моро ба гунаи ниёгони суханшиноси хеш тафсир бахшидааст: «парчам шилшилаест, ки бар гардани байрақ ва найза банданд». Маъникушоии вожаи парчам дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба гунаи зер сурат гирифтааст: пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови кӯҳӣ (қутос), ки ба нӯги байрақ ё найза мебастанд». Яъне, ҳама уқдакушоёни маънӣ бар онанд, ки парчам на дирафш (алам, ливо...), балки матои шилшилагунаи дарозест, ки дар нӯги дирафш ҳамоил созанд. Ва дар иртибот ба ин маънии парчам ба тариқи маҷоз сухантирозон зулфи ёрро парчам гуфтаанд.

Тафовути маъноии парчам ва пиво (дирафш, алам) дар байти зерини Мавлоно Ҷомӣ басо равшан ба мушоҳида мерасад:

ҷаъди ломаш чу зулфи

хубон хам

Бар ливои зафар бувад

парчам.

Аз ин ҳама тобишҳои дигаргунаи вожаи парчам муҳим он аст, ки ин вожа соф тоҷикист ва бо дирафш иртиботи қавӣ дорад, аз ибтидо як ҷузъи такмилбахши дирафш будааст ва ин иртиботу такмилбахшӣ то ба ҳадде расида, ки тадриҷан вожаи парчам ифодагари маънии дирафш (алам, ливо...) гардидааст ва имрӯз, хушбахтона, муродифҳои туркию арабии худро мағлуб намуда, ба пирӯзии комил расидааст. Чунин ҳодиса (домангустарии маънии вожаҳо) дар таърихи забони мо ҳодисаи маъмул аст, то ба ҳадде ки баъзан ин ё он вожа бо мурури замон маънии аслии худро тамоман фурӯ гузошта, маъние мепазирад, ки ба тамом дигар аст ва ҳеҷ пайванде, ҳамоҳангие бо маънии асл надорад.

Яқин, бо назардошти ҳамин таҳаввули маъноии вожаи парчам мураттибони тозатарин фарҳанги забонамон - «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Душанбе - 2008,ҷ. 2, саҳ. 80) ин вожаро ба тариқи зайл тафсир бахшидаанд: 1. Байрақ, ливо. 2. Пӯпаки абрешимин, ки ба байрақ баста мешавад.

Ҳамин тавр, вожаи парчам дигар ифодагари комили маънии дирафш (ливо, алам...) гардидааст ва аз ин ҷост, ки яке аз рамзҳои давлатии тоҷикон расман чунин ном гирифта: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Таҳмина Рауфова,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш