Нашрияи Омӯзгор

“Аз Хуҷанд то Лоҳур”

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 241        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Хуҷанд тавассути нашриёти “Ношир” китоби адабиётшинос ва шоир, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод таҳти унвони “Аз Хуҷанд то Лоҳур” ба чоп расид. Дар ин китоб  ду сафарномаи муаллиф ҷой дода шудааст, ки яке “Баргу сози коинот аз ваҳдат аст” ва дувумӣ “Аз диёри Камол то Ватани Иқбол” унвон дошта, бардоштҳои ӯро аз ҷараёни ширкат дар ду ҳамоиши байналмилалӣ дар ин кишвари ба мо дӯст бахшида ба 140-солагии аллома Иқболи Лоҳурӣ фаро мегирад.

Ҳамзамон, дар ин сафаргуфта ҷараёни боздид аз марокизи илмиву фарҳангӣ, маконҳои таърихии кишвари Покистон, суҳбату мулоқот бо донишмандону муҳаққиқон, ошноӣ бо донишгоҳ ва китобхонаҳо, шеваи гуфтори мардуми Покистон ва қаробати он бо забони мардуми Тоҷикистон шарҳу тафсир ёфтаанд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш