Нашрияи Омӯзгор

Туҳфа ба хонандагон

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 28        Шарҳ: 0

Рӯзи байналмилалии саводнокиро аҳли омӯзгорон ва хонандагони гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо чорабинии идона пешвоз гирифтанд. Ҳамчунин, дар ин рӯз аз тарафи ҳамоҳангсозони лоиҳаи ЮСАИД “Ҳамроҳ бихонем” китобҳои бадеӣ ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ тақдим гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонон аз барномаи лоиҳаи ЮСАИД “Ҳамроҳ бихонем”, сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева, китобдорони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд.

Нахуст, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода қайд намуд,ки китоб дар ҳар давру замон қадру манзалати худро гум накардааст ва намекунад. Мавсуф аз хонандагону омӯзгорон хоҳиш намуд,ки аз китобҳои ба онҳо тақдимгашта самаранок истифода баранду дониши худро васеътар намоянд. Сипас, тибқи барномаи лоиҳаи ЮСАИД “Ҳамроҳ бихонем” 84 номгӯи китоби бадеӣ ба 200 муассисаи таълимии шаҳру навоҳии вилоят тақдим карда шуд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш