Нашрияи Омӯзгор

Равшангарони рӯзгори мо

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 70        Шарҳ: 0

Паёми табрикии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаи маориф!

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр чун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар тамоми мамлакат Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад, ин пеш аз ҳама, далели эҳтирому эътиқоди аҳли ҷомеа ба кормандони ин соҳаи тақдирсоз мебошад.

Дарвоқеъ, ба соҳаи маориф ва аҳли он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихор ва сипосмандист. Дар ин замина омӯзгорон рӯз то рӯз дар ҷомеаи мо мақоми бештар болову волоро соҳиб мешаванд. Агар мо ба саҳифаҳои гузаштаи таърих назар афканем, эҳтироми азалии мардумро ба муаллим баръало эҳсос карда метавонем. Ин муҳаббат гувоҳи он аст, ки мардуми фарҳангдӯсти мо табиатан ба ҳар фарде, ки ба таълим ва илму адаб шуғл дорад, арҷ мегузорад, эҳтиромашро нисбат ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа бештар ба ҷо меорад ва дар симои ӯ маслиҳатгару раҳнамои худро мебинад.

Дар ҳақиқат, омӯзгор ба маънии томаш равшангари рӯзгори мост. Ин хислати азалии омӯзгорро ҳанӯз чанд аср пеш Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба риштаи назм кашида, ба эҳтирому эътимод таъкид карда буд:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Омӯзгор бо масъулияти хеш дар назди ҷомеа рисолати бузургро бар дӯш дошта, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу ваҳдат, тарғиби дӯстии тамоми тоҷикистониён, таъмини осоиштагӣ ва дар маҷмӯъ, тарбияи ҷомеаи солим аз муҳимтарин вазифаҳои ӯ ба ҳисоб меравад. Ба истилоҳи дигар, омӯзгор тарғибгари рӯзгори обод буда, дар тамоми лаҳзаҳо аз манфиатҳои умум дифоъ мекунад ва роҳи ҳалли мушкилотро ба миён мегузорад, чароғи фардоро мунаввар месозад.

Бо шарофати соҳибистиқлолии давлатӣ Тоҷикистон дар кору фаъолият ва афкори омӯзгорон мустақилият ворид гашт, омӯзгор дарси худро бо дастоварду андешаҳои миллӣ созгор намуд ва дар тарбияи худшиносии шогирдон имконияти бештар ба даст овард. Маҳз иҷрои вазифаҳои бузург мақоми ӯро дар назди ҷомеа болотар намуд ва меҳнати ӯ дар назди давлат эътибори бештар пайдо кард. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Барномаи давлатии таълиму тарбияи насли наврас, стандартҳои таҳсилот барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ: томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла, роҳандозии низоми таълими босалоҳият, бунёду азнавсозии мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, ҳавасмандгардонии онҳо дар робита бо ҳамкориҳои солими падару модар ва ҷомеа, қадршиносии онҳо бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки дар ислоҳоти соҳаи маориф ва илм мусоидат хоҳанд кард.

Аз беҳтарин воситаҳои ҳавас-мандгардонии аҳли таълиму тарбия ва дастгирии онҳо давра ба давра зиёд шудани маоши омӯзгорон бо иқдоми Сарвари давлат мебошад.

Барои мо ифтихор аст, ки Президенти маорифпарварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадбунёди хеш ба соҳаи маориф афзалияти бештар дода, пешаи омӯзгориро «муқаддастарин касби рӯи олам», омӯзгорро «шоҳсутуни низоми таълиму тарбия» ва нақши ӯро дар рушду шукуфоии имрӯзу фардои кишвар муҳиму меҳварӣ арзёбӣ менамоянд.

Омӯзгорони арҷманди мо илова ба фаъолияти пурсамарашон дар таълимгоҳҳо дар татбиқи сиёсати давлат, амалисозии чорабиниҳо вобаста ба Солҳои рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва амсоли инҳо мавқеи фаъолу устувор доранд. Ҳоло тамоми ҷидду ҷаҳди аҳли маорифи кишвар ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Президенти кишвар зимни яке аз вохӯриҳояшон бо устодону хонандагон аз ояндаи дурахшони Тоҷикистон ҳарф зада, аз ҷумла, чунин гуфтанд: «Дар баробари таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба таълиму тарбия омӯзгорон бояд диққати ҷиддиро ба баланд бардоштани сатҳи малакаву дониши толибилмон, махсусан, ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи муосир равона созанд».

Пешвои миллат дар бораи махсусиятҳои асри 21, ки онро асри тараққиёт ҳам мегӯянд, сухан карда, донишомӯзонро ба дарки бештари масоили сиёсиву иқтисодӣ, аз худ кардани технологияи навтарин ва донистани забонҳои хориҷӣ водор намуданд: «Акнун нафаре босавод шуморида мешавад, ки на танҳо хонда ва навишта тавонад, балки маҷмӯи донишҳои муназзами замонавӣ дошта, забони давлатиро дар сатҳи «аъло» донад, инчунин, як ё ду забони хориҷӣ ва тарзи дурусти истифодаи технологияи имрӯзаро аз худ карда бошад».

Омӯзгорони муҳтарам!

Замони муосир дар назди ҳар кадоми мо вазифаҳои боз ҳам ҷиддитарро мегузорад. Моро зарур аст, ки ҳамқадами он бошему барои таъмини иштироки мактаббачагон дар озмунҳои гуногун, баланд бардоштани низоми такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, пешниҳоди дастурҳои методӣ ва дар тайёр кардани мутахассисони ояндаи мусаллаҳ бо донишҳои технологӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот масъулияту заҳмати бештар дошта бошем. Зеро он чунон ки Сарвари давлат зикр менамоянд: «… дар оянда маҳз дониши баланди муосир бақои ҳар миллату давлатро таъмин менамояд».

Бо ин ҳама ниятҳои нек шуморо – омӯзгорони  гиромӣ ва тамоми кормандони соҳаро, ки бо заковату фаросати хеш назди ҷомеа маҳбубияти аз ҳама бештар доред, ба муносибати фарорасии ҷашни касбиятон - Рӯзи омӯзгорон самимона муборакбод намуда, ба ҳамаатон саломатӣ, хушбахтӣ, пирӯзӣ ва рӯзгори ободу дастоварди эҷодӣ таманно дорем.

Ид муборак, омӯзгорони азиз!

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш