Омӯзгорӣ касби пуршарафу масъулиятманд мебошад. Оне, ки ин ҷодаро интихоб мекунад, дар ҷомеа ҳамеша ҷойгоҳи шоиста дармеёбад. Омӯзгорон тарбиятгари насли наврасу ҷавон буда, ояндаи дурахшони кишвар аз фаъолияти бавусъати онҳо вобаста аст. Дар ҷомеаи мо омӯзгороне ҳастанд, ки бо фаъолияти хеш дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муассир гузошта, ҳамвора талош менамоянд, ки муҳассилин аз илмҳои замон ба таври амиқ бархӯрдор гарданд. Корномаи ин гуна омӯзгорон ҳамеша намунаи ибрат ва азхудгузаштанҳост. Хиробон Кирликова аз қабили ҳамин гуна омӯзгорон аст, ки тамоми ҳастии хешро ба таълиму тарбия бахшида, дунёи рангини кӯдаконро ҳамаҷониба дарк мекунад. Мавсуф соли 1961 дар ноҳияи Ёвон, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст ва муҳити хонаводагӣ, ки ҳамбаста ба китобу маънавият буд, аз хурдӣ дар дили ӯ орзуи мисли падари хеш омӯзгор шуданро бедор намуд. Аз ин ҷост, ки ӯ ба омӯзишу мутолиа диққати махсус медод ва бо роҳнамоии падараш асарҳои зиёдеро ҳанӯз дар давраи мактабхонӣ ҷиддию ҳаматарафа мутолиа мекард. Маҳз ҳамин ташаккули донишу ҷаҳонбинӣ ба ӯ имкон дод, ки зуд касби ояндаашро интихоб намояд ва дар ин замина ба таври амиқ омода шавад. Ҳамин шавқу рағбат ба пешаи омӯзгорӣ ӯро водор намуд, ки баъд аз хатми мактаб, соли 1978 ба факултети педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шавад. Баъди хатми ин боргоҳи маърифат фаъолияташро ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби №4-и ноҳияи Ёвон оғоз бахшид. Сипас бо амри тақдир ба омӯзгор Шарофиддин Талбаков ба шавҳар баромада, ба ноҳияи Дарвоз кӯч баст ва дар мактаби №2 17 сол ҳамчун омӯзгор кор кард. Соли 1999 ба ноҳияи Рӯдакӣ омада, дар мактаби рақами 14 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ таъйин мешавад. Аз соли 2005 то соли 2013 муовини директор оид ба таълим ва ҳоло чун омӯзгори собиқадор ба таълиму тарбия машғул мебошад.
Муаллима Хиробон Кирликова 43 сол боз дар соҳаи маориф фаъолият дошта, як лаҳзаи ҳаёти худро бе мактаб тасаввур карда наметавонад. Воқеан, омӯзгорӣ яке аз пешаҳои масъулиятноку душвор аст, вале агар онро дӯст доред, ҳеҷ мушкилиро эҳсос наменамоед. Муаллима ин касбро дӯст медорад ва ҳамеша дар фикри таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли созанда мебошад. Ӯ хуб медонад, ки зинаи аввали таҳсил давраи ташаккули шахсияти кӯдакон мебошад, зеро маҳз дар ҳамин давра хонандагон ба омӯзиш шавқу рағбат пайдо мекунанд, меҳри мутолиа дар ниҳоди онҳо бедор мешавад. Бинобар ин, масъулияти омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бештар мебошад ва кор бо ҳар як хонанда дар алоҳидагӣ аз омӯзгорон маҳорату малакаи педагогиву психологиро тақозо мекунад. Мавсуф кӯшиш менамояд, ки бо истифода аз воситаҳои аёнӣ ва методҳои муосири таълим ба муҳассилин хондану навиштанро биомӯзонад ва вобаста ба синну сол ба онҳо асарҳои ҷолибу тарбиявиро барои мутолиа пешниҳод кунад. Дар мактаби №14-и ноҳияи Рӯдакӣ аксари падару модарон кӯшиш мекунанд, ки фарзандашон дар гурӯҳи муаллима таҳсил намоянд, зеро, аз як тараф, таҷрибаи зиёди педагогӣ, аз ҷониби дигар, маҳорату малакаи кор бо кӯдакон ба ӯ имкон додааст, ки хонандагонро зуд ба дунёи рангини таълиму омӯзиш ворид намояд.
Ӯ зимни суҳбат аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ тамоми шароит барои омӯзиш ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Ҷойгоҳи омӯзгорон дар ҷомеа устувортар гардидаву имтиёзоти зиёде барои онҳо пешбинӣ шудааст. Дар зимн, пайваста маоши онҳо баланд мегардад ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои бунёдӣ бештар мешавад.
– Ин ҳама имконот ва дастгириҳо аз мо-омӯзгорон, тақозо менамояд, ки фаъолиятамонро тақвият бахшем ва ҳамвора талош намоем, ки аз зинаҳои аввали таҳсил хонандагон ба омӯзиш шавқманд гарданд. Дар баробари ин, роҳандозии озмунҳои бонуфузи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба рушди маънавияти аҳли ҷомеа, махсусан, муҳассилин такони ҷиддӣ бахшиданд, ба дарёфти лаёқатмандону ихтироъкорон ва тарбияи шоистаи онҳо мусоидат менамоянд. Дар заминаи озмунҳои мазкур дар дарсҳо кӯшиш менамоям, ки вобаста ба синну сол китобҳоро барои мутолиа пешниҳод кунам, зеро офаридани муҳити маънавӣ маҳз бояд дар зинаи аввали таҳсил ба вуҷуд оварда шавад. Инчунин, дар соли 2026 баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» муҳимтарин омили хештаншиносӣ ва ватандӯстии хонандагон хоҳад гашт. Шоҳасари Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» бузургтарин ҳамосаи безаволи ҷаҳонӣ мебошад, ки омӯзиши он дар замони муосир аҳаммияти ҳувиятхоҳона дошта, дар ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ такони ҷиддӣ мебахшад, – зикр кард ӯ.
Х. Кирликова ҳамеша баҳри такмили донишаш ба омӯзиш машғул гардида, бар он андеша аст, ки омӯзгор ҳамон рӯзе, ки аз мутолиа дур шуд, дигар ҳамқадами замон буда наметавонад. Аз ин ҷост, ки ба китобҳои дарсӣ иктифо накарда, аз адабиёту сарчашмаҳои иловагӣ фаровон дар дарсҳояш истифода мебарад, зеро китоби дарсӣ барои хонанда аст ва донишу ҷаҳонбинии омӯзгор бояд фаротар аз он бошад.
Дар давоми фаъолияташ ҳам ба сифати омӯзгор ва ҳам дар вазифаи ҷонишини директор, хонандагони мактаб дар олимпиадаҳои ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидаанд.
Шавҳараш Шарофиддин Талбаков низ соли 1980, баъди хатми ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 45 сол боз ба ҳайси омӯзгори география фаъолият дорад. Онҳо оилаи намунавии омӯзгорон буда, соҳиби 6 фарзанд мебошанд. Фарзандонашон низ соҳибмаърифатанду ҳамагӣ оилаи хушбахт доранд. Онҳо дар тарбияи фарзандон бо масъулият амал карда, хуб медонанд: он касе худшиносу ватандӯст мешавад, ки дониш ва маърифати баланд дошта бошад ва фарзандонашонро дар ҳамин руҳия тарбияву ба камол расонад.
Муаллима Х. Кирликова зикр намуд, ки дар дарсҳояш ҳамеша хонандагонро ба омӯхтани илмҳои бунёдӣ ва омӯзишу забонҳои хориҷиро талқин мекунад, чунки дар замони муосир танҳо бо омӯзиши бардавом ва фарогирии донишҳои замонавӣ инсон ба қуллаи мақсуд мерасад.
Муаллима аз он ифтихорманду сарфароз мебошад, ки шогирдони зиёдеро ба камол расондааст, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд. Иддае ҳамчун омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ ба тадрис машғул буда, барои шукуфоии бештари Ватани азизамон – Тоҷикистон хидмат мекунанд.
Ба омӯзгори собиқадору фидоӣ Хиробон Кирликова саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар ҷодаи масъулиятманди таълиму тарбия дастовардҳои бештарро таманно дорем.
Насриддин ОХУНЗОДА,