Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоии миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30.08.2025 зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бевосита бо чанд нафар аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, суҳбат анҷом доданд.
Яке аз онҳо Рухшона Одиназода-донишҷӯи тоҷик мебошад, ки тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар донишгоҳи бонуфузи Британияи Кабир – MPW Birmigham аз рӯйи барномаи академии «A IeveI» таҳсил мекунад. Ин комёбии як нафар ҷавондухтари тоҷик хонандагони нашрияи «Омӯзгор»-ро низ бетараф нагузошт ва онҳо бо мо дар тамос шуда, хостори он шуданд, ки хуб мешуд, мавсуф аз ин хусус доир ба рӯзгор ва фаъолияти хеш бештар ба онҳо маълумот медод. Мо ин хоҳиши муштариёни нашрияамонро ба эътибор гирифта, бо Рухшона ҳамсуҳбат гардидем.
Чунонки Рухшона Одиназода иттилоъ дод, вай сокини ноҳияи Муъминобод буда, дар ҳафтсолагӣ бо аҳли оилаашон ба шаҳри Душанбе кӯчидаанд. Ба литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дохил гардида, онро соли 2022 бо медали тилло (аттестати аъло) хатм намуд. Чун шавқу завқаш ба касби духтурӣ зиёд буд, ба факултети кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳуҷҷат супорида, аз панҷсад холи ниҳоӣ 497 холро соҳиб гардида, таҳсилро дар шакли буҷавӣ шуруъ кард. Азбаски забони англисиро дар литсей хуб азхуд намуда буд, бе ягон дудилагӣ таҳсилро ба забони англисӣ интихоб кард. Пас аз як соли хониш барои дохил шудан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ ҷиҳати соҳиб гардидан ба стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» ҳуҷҷат супорид. Дар имтиҳон низ аз 100 холи ниҳоии пешбинигардида ҳамаашро ба даст оварда, ҳуқуқи ҳуҷҷат супоридан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷаро ба даст овард. Ниҳоят Рухшона ба Донишгоҳи Британияи Кабир — MPW Birmigham шомил ва донишҷӯи ин донишгоҳи бонуфузи байналмилалӣ гардид.
– Ин донишгоҳ,-мегӯяд Р. Одиназода, – дар Британияи Кабир аз муассисаҳои таълимии пуррақобаттарин аст. Барои шомил шудан ба донишгоҳи боз ҳам пурнуфуз ин ҷо ҳатман ду сол таҳсил кардан лозим меояд. Хуллас, ду соли таҳсил ҳам дар ин ҷо ба итмом расид ва натиҷаи имтиҳони супурдаам 14-уми августи соли ҷорӣ (аз шаш имтиҳон) маълум гардид. Хушбахтона, аз ҳамаи шаш имтиҳон баҳои «аъло» гирифтам.
– Тибқи низомномаи ин донишгоҳ,-гуфт Рухшона, — натиҷаи имтиҳонҳои супурдаам имкон медиҳад, ки дар яке аз панҷ мактаби олии Аврупо – Фаронса, Италия, Испания, Юнон, Белгия вобаста ба интихоби худам таҳсилро идома диҳам, вале донишгоҳи Британияи Кабирро интихоб намудам, зеро дар дунё ин донишгоҳ муассисаи таълимиест, ки аз рӯйи ихтисоси интихобкардаам бемисл ба шумор меравад. Ҳамчунин, бо холҳои бадастовардаам метавонистам, ки яке аз ҳафт муассисаи таҳсилоти олии касбии Англияро низ интихоб мекардам.
Рухшона, тибқи иттилои худаш, ба қарибӣ ба Британияи Кабир парвоз карда, ҳамчун донишҷӯи курси сеюми муассисаи таҳсилоти олии касбии Saint George University таҳсилро бо ихтисоси ҷарроҳи пластикии рентгении рейтиналии чашм идома медиҳад. Ҳоло боз мувофиқи ихтисоси интихобнамудааш панҷ соли дигар бояд таҳсил намояд.
– Ҳеҷ гап не,-мегӯяд Рухшона, — солҳо зудгузаранд, аммо кӯшиш менамоям, ки рӯзҳову солҳои сипаришавандаро пурсамар истифода намоям. Дар вохӯрӣ бо Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам гуфтам, ки дар муқоиса бо донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитамон хеле мусоид ва беҳтар аст. Дар хориҷа, масалан, он ҷое, ки ман таҳсил мекунам, масъулият бештар ба зиммаи донишҷӯст. Фақат ҳамин ки он ҷо имтиҳонҳо ба таври пӯшида ҷараён мегиранд. Албатта, ин хеле муҳим аст, зеро масъулиятро барои донишҷӯ афзун карда, бештар дар ҷустуҷӯ буданро тақозо мекунад ва ба ин баҳона маълумотҳои зиёдеро ҷамъ овардаву китобҳои зиёдеро бояд мутолиа намоӣ.
Р. Одиназода ба саволи мо, ки оё дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриамон барои ӯ таҳсил кардан магар осон набуд, бо байти устод Мирзо Турсунзода иброз дошт:
Рӯйи олам дидан одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.
– Ин дар омади гап, — гуфт ӯ. Ба ҳар ҳол, донишгоҳеро дар хориҷа интихоб кардам, ки дипломаш дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидааст. Сабаби дигар он аст, ки хоҳарам Меҳрона, ки дар синфи 11-ум мехонд, ба устухондард гирифтор шуд. Ӯро барои муолиҷа ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бурданд. Бо хеле душворӣ муолиҷа ёфт. Ҳамон ҳангом ҳаво сард буд, пеш аз муҳлати табобат ба Ватан баргашт. Дар роҳ ва дар хона бо таъсири ҳавои сард шушаш иллат пайдо кард. Ӯ аз ман боз ҳам зирактару бо ҳушу гӯш буд ва дониши фарох дошт, аъло мехонд. Омӯзгорону аҳли оила аз ояндаи Меҳрона умеди калон доштем. Афсӯс, ки моҳи марти соли гузашта дунёро падруд гуфт.
Бинобар он, азм кардам, ки ҳатман дар хориҷа таҳсил карда, аз навигариҳои илму техникаи олам бархӯрдор шуда, мутахассиси дараҷаи олӣ шуда, ба Ватан бармегардам.
Воқеан ҳам, дар ҳоли ҳозир навъҳои ҷарроҳиҳое ҳаст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам амалӣ карда намешаванд. Бинобар ин, корафтодагон ба хориҷа мераванд: ҳам маблағ ва ҳам вақт сарф мешавад. Ва ин ба буҷаи мамлакат ҳам зарар ворид мекунад, зеро маблағ аз ҷумҳурӣ ба берун мебарояд. Агар имрӯз ҷавонони мо ҳамаи илмҳои замонро дар хориҷа азхуд карда, ба Ватан баргашта, дар хидмати халқ бошанд, нуран алонур мешавад. Ба тарҷумон ҳам эҳтиёҷ намемонад, зеро барои дар хориҷа рафта ба муолиҷа шуруъ кардан, ба тарҷумон низ маблағи муайян (хеле гарон аст) додан лозим меояд. Мо, ҷавонон, бояд чунон донишҳои замонавиро азхуд карда, онро пурсамар ва ҳадафмандона истифода намоем, ки хориҷиҳо, баръакс, ба мамлакати мо омада худро табобат кунанд.
Рухшона Одиназода аз он меболад, ки дар ҳама комёбиву муваффақиятҳояш кумаки падаронаи Пешвои миллатро эҳсос менамояд. Маблағи таҳсил, хобгоҳ ва дигар масъалаҳои молиявӣ зери назорати бевоситаи худи Ҷаноби Олист.
– Ҳар моҳ,-мегӯяд ӯ, — ҳамчун идрорпулӣ 500 доллар (аз моҳи сентябр бо иловаи 20 фисад) 600 доллар идрорпулӣ мегирам. Агар маблағи солонаашро бо дарназардошти дигар маблағҳо ба ҳисоб гирем, панҷоҳ ҳазор доллар мешавад. Аз ин рӯ, бояд шукронаи чунин Роҳбари ғамхору илмпарварамон намоем. Ҷавобан ба ин гуна ғамхориҳо вазифаи ман ва дигар ҳаммаслакони мо, ки дар хориҷ аз мамлакат таҳсил менамоянд, ба боварии Роҳбари мамлакат сазовор шуда, ҷумҳуриамонро бо донишу ақлу заковати худ ободтар гардондан мебошад.
Р. Одиназода, ҳамчунин, иброз дошт, дар донишгоҳе, ки ӯ таҳсил менамояд, намояндагони беш аз 40 давлати ҷаҳон таҳсил доранд. Аз дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна низ донишҷӯён ҳастанд, аммо дар ин донишгоҳи бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистонро танҳо ӯ муаррифӣ менамояд. Бино ба гуфти Рухшона, расми ӯро ҳамчун донишҷӯи фаъол дар қатори дигар донишҷӯёни аз нигоҳи дониш, илму ахлоқ намуна дар тахтаи фахрии донишгоҳ овехтаанд.
– Ман бо либоси миллӣ дар машғулиятҳо ширкат мекунам. Дар бораи идҳои миллӣ – Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон ба аҳли донишгоҳ маълумот медиҳам. Онҳо ба фарҳангу урфу одат ва анъанаҳои миллии мо мароқ зоҳир мекунанд, ки ин боиси ифтихори ман аст.
Рухшона аз падару модари хеш низ розист, ки ӯро барои идомаи таҳсилаш, хосса, дар хориҷи мамлакат иҷозат доданд. Падараш ҳуқуқшинос аст ва айни замон ҷойе фаъолият надорад. Модараш-хонашин. Додаронаш Абдуҷалил-хонандаи синфи 11 ва Абдураҳмон-хонандаи синфи 7-и литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбеянд. Ҳарду ҳам дар гурӯҳҳои англисӣ таҳсил карда, иштирокчии чандин олимпиадаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошанд. Ҳарду ҳам бештар ба фанҳои техникиву дақиқ таваҷҷуҳ доранд.
Воқеан ҳам, Рухшона Одиназода бо ҷасорату матонат ва донишу салиқаи беназири худ метавонад дар оянда бо истифода аз донишу таҷрибаи худ мушкили ҳазорон гирифтори бемориҳои узви босираро дар Тоҷикистон осон гардонад. Ба ӯ саломатӣ, комёбӣ ва таҳсили аълоро таманно дорем.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»













