Роҳбарият

САРМУҲАРРИР

ШАРИФЗОДА МАҲМАДАЛӢ ШАРИФ 

30 январи соли 1980 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Соли 1987 таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Фархор оғоз намуда, соли 1997 онро хатм кардааст. Ҳамон сол ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2001 бомуваффақият ба итмом расонидааст.

Фаъолияти меҳнатии худро соли 2001 дар дар Идораи барномаҳои иқтисодии Муассисаи давлатии «Телевизиони Тоҷикистон» оғоз намуд. Соли 2004 фаъолияти касбии худро дар Идораи барномаҳои иттилоотӣ идома дода, соли 2005 дубора ба Идораи барномаҳои иқтисодӣ баргашт.

Солҳои 2006-2015 дар Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири варзида фаъолият кард. Солҳои 2015-2017 вазифаи котиби масъули телевизиони мазкурро ба уҳда дошт. Дар давраи солҳои 2017-2022 фаъолияти худро дар Идораи барномаҳои иттилоотӣ ҳамчун муҳаррири варзида ва сармуҳаррир идома бахшид.

Солҳои 2022-2025 сармуҳаррири Идораи барномаҳои илм ва маърифати «Телевизиони Тоҷикистон» буд. Соли 2025 ба Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба вазифаи сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ таъин шуд.

Аз 4 ноябри соли 2026 ба вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор»—и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Шарифзода Маҳмадалӣ Шариф дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи меҳнатӣ ва эҷодии худ дар рушду инкишофи соҳаҳои телевизион, журналистика ва фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба ва дорои маҳорати баланди касбӣ дар самти таҳия, омодасозӣ ва пешниҳоди барномаҳои телевизионӣ фаъолияти пурсамар намуда, бо донишу таҷриба ва масъулиятшиносии худ дар ғанӣ гардонидани муҳтавои барномаҳои телевизионӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ нақши муассир гузоштааст.

Мавсуф барои хидматҳои шоиста ва фаъолияти пурсамар бо як қатор ҷоизаю мукофотҳои соҳавию давлатӣ қадрдонӣ шудаанд. Аз ҷумла, бо нишони сарисинагии «Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишонҳои «Аълочии фарҳанг», «Аълочии матбуот», Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.

Шарифзода Маҳмадалӣ Шариф фаъолияти касбии худро бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба касби пуршарафи журналистӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ ба роҳ монда, дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Ӯ дар фаъолияти рӯзноманигории худ ҳамеша ба инъикоси воқеъбинонаи рӯйдодҳои ҷомеа, бозтоби муҳимтарин масъалаҳои рӯзмарра ва тарғибу таҳкими арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бо масъулиятшиносӣ, маҳорати касбӣ ва талоши пайваста дар рушди фазои иттилоотии кишвар саҳми арзанда мегузорад.

ҶОНИШИНИ САРМУҲАРРИР

///