Дар ҷаҳони муосир масоиле мавҷуданд, ки дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисод ва пешрафти тамоми соҳаҳо нақши ҳалкунанда доранд. Таваҷҷуҳ ба ин масъалаҳо метавонад кишварро ҳамаҷониба рушду такомул бахшад ва ба марҳалаи нав ворид намояд, чунки таҷрибаи зиндагӣ, пешрафти босуръати ҷаҳон ва дигаргуниҳои куллие, ки ҳамарӯза ба вуқуъ меоянд, гувоҳ аз онанд, ки агар ҳар чи бештар ба соҳаи маориф ва ба илму дониш рӯй биорем, омили шукуфоии бавусъати мамлакат мегардад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ маориф ва илмро ба сифати соҳаҳои афзалиятнок пазируфта, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои мазкур тадбирҳои мушаххас меандешанд. Имрӯз соҳаи маорифи кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид гардидааст ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот шароити мусоиди таълим фароҳам оварда шудааст. Яке аз муҳимтарин иқдомоти Пешвои миллат иштирок ва суханронии пурмуҳтаво дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ мебошад, ки ҳамчун барномаи амал ба аҳли маориф ва илм хидмат мекунад.
Мусаллам аст, ки таҷлили Рӯзи дониш дар оғози соли нави хониш маънои амиқ дошта, дар он тамоми фаъолияти аҳли маориф бозтоб гардидааст, зеро муваффақият ва пешрафти соҳаҳо аз донишу ҷаҳонбинии фарохи мутахассисони варзида сарчашма мегирад. Оне, ки ба омӯзиш машғул ва соҳиби донишҳои замонавӣ мегардад, албатта, дар пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар нақши бориз мегузорад. Ба ин мазмун, дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (30.08.2025) ба таври амиқу ҳаматарафа масъалаҳои умдае дар назди аҳли маориф, хонандагону донишҷӯён ва кормандони соҳаи илм гузошта шуданд, ки татбиқи амалии онҳо қадами устувор дар рушди маорифи миллӣ хоҳад гардид. Дар оғози суханронии Пешвои миллат мафҳуми дониш ба таври мухтасар, вале амиқу фарогир ва дар заминаи асарҳои мутафаккирони тоҷику форс шарҳу тавзеҳ бахшида шуд. Сарвари давлат таваҷҷуҳи рӯзафзун ба илму донишро аз муҳимтарин омилҳои муваффақияти насли наврасу ҷавон донистанд.
Маълум аст, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҳамарӯза ҳодисаҳои зиёде ба вуқуъ мепайванданд, ки инсони тафаккурманду солимфикрро бетараф гузошта наметавонанд ва ин ҳолат ҳамеша хатар ба амнияти давлату миллатро ба миён меорад. Дарку маърифати замон, хулосаи дуруст баровардан ва аз ҳаводиси манфури таърихӣ, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба сари мардуми тоҷик омаданду ҳанӯз ҳам таъсири он дар ҳаёти мо эҳсос мешавад, муҳим мебошад. Бинобар ин, расидан ба қадри сулҳу субот, дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва шукргузор будан аз фазои амн ва истиқлоли миллӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон вазифаи калидии устодону омӯзгорон ба шумор меравад. Ба ин маънӣ, ҷомеаи маънавибунёду маърифатманд ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳову созмонҳои иртиҷоӣ намегардад. Бинобар ин, зарур аст, ки раванди тадрис дар кулли таълимгоҳҳо ба таври амиқу фарогир ба роҳ монда шавад, ба муҳассилин вазъи ҷаҳони муосирро тавзеҳ бахшида, онҳоро бо донишҳои муосир мусаллаҳ бояд гардонид, то ба қадри сулҳу субот ва истиқлолу озодӣ бирасанд ва дар роҳи таҳкими ин неъматҳои бузурги зиндагӣ талоши бештар намоянд.
Мусаллам аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама беш ба соҳаи маориф диққат медиҳанд ва ҳамеша бо аҳли илму маориф мулоқоту суханронӣ мекунанд ва дар меҳвари суханрониҳояшон як ҳадаф қарор дорад: боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, рушди неруи инсонӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ қарор додани ин соҳаи ҳаётан муҳим.
Дар ҷаҳони муосир тамоми соҳаҳо босуръат рушду инкишоф меёбанд ва як лаҳза фориғболӣ моро солҳо ба ақиб мебарад. Дар суханронии Президенти кишвар дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ то ибтидоиву миёна ва олии касбӣ вазифагузорӣ карда шуд. Заминаи асосии баланд гардидани сифати таҳсилот ба рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ иртиботманд аст. Муҳимтарин масъалае, ки таъкид шуд, то соли 2030 фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабиро то ба 50 фоиз расондан ба ҳисоб мерафт. Бояд гуфт, ки дар ин самт аллакай корҳои зиёде анҷом дода шудаанд ва роҳҳои гуногуни фарогирӣ ба ин зинаи таҳсилот фароҳам оварда мешавад. Бо иқдоми мазкур кӯдакон зуд ба олами дониш ворид мегарданд ва лаёқатмандӣ дар онҳо инкишоф меёбад.
Дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таҷдиди назар намудани стандарту барномаҳои давлатии таҳсилот, баланд бардоштани сифати таълим ва таълифи китобҳои насли нав аз муҳимтарин масъалаҳо ба шумор мерафт. Китобҳои дарсӣ низ бояд ҳамаҷониба ба андешаву тафаккури хонандагон таъсири мусбат расонанд, то онҳо аз вазъи ҷаҳон ба таври бояду шояд бархӯрдор шаванд. Такмил бахшидани педагогикаи миллӣ ба шинохти бештари арзишҳои миллию давлатӣ ва ба устуворӣ дар бархӯрдҳои замон ҷиҳати ҳифзи истиқлол ва сулҳу субот мусоидат мекунад. Бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон роҳандозии меъёри ягонаи арзёбии таҳсилот ва гузаштан ба низоми баҳогузории бисёрхола, дар асоси Стратегияи миллии арёзбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 таъсис додани махзани ягонаи арзёбии сифати таҳсилот ва тақвияти маҳорату малакаи муҳассилин тавассути технологияи рақамӣ, ворид гардидан дар арзёбиҳои байналмилалӣ ва дар асоси натиҷаи мониторинг андешиданаи тадбирҳои суманд ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи амиқ ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳо мегардад. Қабули Барномаи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф аз умдатарин иқдомот дар ин самт маҳсуб ёфта, раванди босуръати технологияи навин тақозо мекунад, ки хонандагон ба омӯзиши фанҳои бунёдӣ бештар машғул шаванд.
Касбомӯзии шаҳрвандони кишвар аз муҳимтарин масъалаҳо ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки бо хониши хубу аъло насли наврас ва ҷавонон соҳиби касбу ҳунар гарданд. Аз ин рӯ, раванди таълимро дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба замон мутобиқ намуда, онҳоро бо технологияи навин ва озмоишгоҳҳои таҷрибавии муосир таъмин ва барои ҳалли мушкилоти норасоии дастуру китобҳои таълимӣ талоши бештар кард.
Ба зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар суханронии Пешвои миллат диққати махсус дода шуд. Таҳсилоти олӣ дар замони истиқлол ба таври чашмрас пешрафт кард. Ба ин маънӣ, дар мактабҳои олӣ таваҷҷуҳи асосиро ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия равона намуда, бояд кадрҳоеро омода кард, ки аз як тараф, мутахассиси варзида бошанд, аз ҷониби дигар, ба рушди илми тоҷик нақши муҳим гузоранд. Ҳамчунин, тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва мавқеъ пайдо намудан дар радабандиҳои байналмилалӣ аз роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолияти бештарро тақозо менамояд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат баҳри баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Соли гузашта Сарвари давлат дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дастур доданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия карда шавад. Ин санади муҳим таҳия ва аз ҷониби Пешвои миллат пазируфта шуд ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардид. Бо тасдиқи ин ҳуҷҷати муҳим ҷойгоҳи омӯзгорон боз ҳам қавитар мешавад. Соли равон баҳри бартараф намудани эҳтиёҷоти кадрӣ таҳияи Барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ ба миён гузошта шуд. Гумон мекунем, ки он омили асосии бартараф гардидани мушкилоти мазкур хоҳад гардид. Ин нукта ба он маъност, ки дар асоси барномаи мазкур ба таври мушаххас тамоми корҳое, ки дар ин ҷода иҷро мегарданд, нишон дода мешаванд ва дар омода гардидани омӯзгорони лаёқатаманду дорои ҷаҳонбинии пешрафта такони ҷиддӣ мебахшанд.
Дар замоне ки ҷаҳон ба марҳалаҳои хатарбори нооромиҳо расидааст, моро зарур аст, наслеро ба камол расонем, ки ба қадри сулҳу озодӣ, ки бузургтарин дастоварди миллати мо мебошанд, бирасанд, бо омӯзиши илму дониш дар ҷараёни бунёдкориву созандагии кишвар саҳм гузошта, дар ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ талош намоянд.
Хулоса, суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми зинаҳои таҳсилот буда, дар он ба таври амиқ масоили соҳа мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтааст. Мо, аҳли маорифро зарур аст, ки фаъолияти хешро густариш бахшида, барои мутобиқ гардидан ба низоми маорифи ҷаҳонӣ талош кунем. Устодону омӯзгорон бояд бо масъулияти баланд фаъолияти хешро идома бахшида, ҳамагуна машғулиятҳояшонро бо шогирдон рангину ҷолиб ба роҳ монанд, то шавқу рағбати муҳассилин ба омӯзиш бештар гардад. Арзишҳои давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, сулҳу субот ва истиқлоли миллӣ бояд дар меҳвари фаъолияти тамоми аҳли маориф ва ҷомеа қарор гирад, зеро пешрафти бомаром ва ҳифзи давлатдории миллӣ бо таҳкими истиқлол ва сулҳу субот имконпазир мегардад.
Насриддин ОХУНЗОДА,