Тағйирёбии муҳити иттилоотӣ, ки дар натиҷаи рақамигардонӣ ва рушди босуръати технологияҳои зеҳнии рақамӣ ба амал омадааст, боис гардидааст, ки масъалаи истифодаи зеҳни сунъӣ дар низоми таълими журналистика ба як самти мустақили таҳқиқоти илмӣ табдил ёбад. Дар ин замина, зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи муассири навсозии муҳтавои таълим, такмили усулҳои омӯзиш ва рушди малакаҳои касбии донишҷӯён арзёбӣ мегардад. Чунин раванд таҷдиди усулҳои суннатии таълим ва мутобиқсозии он ба шароити муҳити рақамии муосирро тақозо менамояд.
Дар доираи ихтисоси веб-рӯзноманигорӣ, ки дар кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тадрис мешавад, ворид намудани зеҳни сунъӣ ба раванди таълим аҳаммияти калидӣ пайдо намуда, ба баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён, рушди қобилиятҳои таҳлилӣ ва мутобиқшавии онҳо ба муҳити зудтағйирёбандаи рақамӣ мусоидат мекунад. Дар ин робита, муҳаққиқи соҳаи журналистика М. Бобоҷонова таъкид менамояд, ки «технология метавонад восита бошад, аммо масъулияти ахлоқӣ ҳамеша бар дӯши журналист мемонад». Ҳамзамон, М. Муқимов дар таҳқиқоти худ оид ба рушди журналистикаи интернетӣ қайд мекунад, ки «тағйирёбии муҳити иттилоотӣ аз журналист малакаҳои нави рақамӣ ва қобилияти кор бо додаҳои калонҳаҷмро тақозо мекунад». Ин нукта ба он ишора мекунад, ки истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад имкониятҳои таҳлилӣ ва коркарди иттилоотро барои донишҷӯён густариш диҳад. Дар самти мултимедиасозӣ низ таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи абзорҳои рақамӣ, аз ҷумла, табдили матн ба навор ё эҷоди тасвир ба донишҷӯён имкон медиҳад, то форматҳои гуногуни муҳтаворо санҷида, самаранокии онҳоро дар байни аудитория муайян намоянд. Ба гуфтаи муҳаққиқ М. Муродов, «рақобат дар фазои рақамӣ на барои иттилоот, балки шакли пешниҳоди он ҷараён дорад». Аз ин рӯ, омӯзиши вокуниши аудитория ба форматҳои гуногуни мултимедиявӣ яке аз ҷанбаҳои муҳимми омодасозии мутахассиси муосири соҳаи журналистика ба ҳисоб меравад. Масъалаи ахлоқ ва масъулияти касбӣ дар шароити густариши технологияҳои рақамӣ дар меҳвар қарор мегирад. Татбиқи зеҳни сунъӣ ба фаъолияти журналистӣ ва раванди таълим тақозо менамояд, ки муносибат ба он бо дарназардошти меъёрҳои касбӣ ва масъулияти иҷтимоӣ анҷом дода шавад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, зеҳни сунъӣ бояд ҳамчун воситаи ёрирасон дар раванди эҷодӣ истифода гардад. Муҳаққиқ Илҳоми Ҳамидиён низ таъкид менамояд, ки: «рақамисозӣ раванди бозгаштнопазир аст».
Бо дарназардошти ин асосҳои назариявӣ, дар доираи татбиқи усулҳои таҳлили амалӣ дар фанни «Технологияҳои муосири расонаҳои интернетӣ» фаъолияти блогерони фазои рақамии тоҷикӣ ҳамчун объекти омӯзиш интихоб гардид. Аз ҷумла, фаъолияти Наргис Қосимова ва Нигорахон Алимова бо назардошти фарқияти форматҳои пешниҳод – муҳтавои иҷтимоӣ-ҳикоявӣ ва муҳтавои визуалӣ-амалӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шуд. Ин интихоб имконият фароҳам овард, ки ҷанбаҳои гуногуни таъсири муҳтаво, шакли пешниҳод ва сатҳи ҷалби аудитория дар заминаи таҳлили далелнок баррасӣ гарданд. Дар доираи таҳқиқ 2-3 аз ҳар саҳифа ролики кӯтоҳ, видеонавори марҳалавӣ ва пости тавсифӣ интихоб гардида, аз рӯйи меъёрҳои зерин таҳлил карда шуданд: ғоя ва ҳадафи иртиботӣ, сохтори пешниҳод, оғоз, инкишоф, ҷамъбаст, шеваи муроҷиат ба аудитория ва сатҳи фардисозӣ, унсурҳои визуалӣ ва сифати иҷрои техникӣ, нишондиҳандаҳои интерактивӣ, бозбинӣ, лайк, шарҳ, бознашр, хусусияти вокуниши аудитория.
Коркарди додаҳои оморӣ ва таҳлили миқдорӣ бо истифода аз абзорҳои зеҳни сунъӣ анҷом дода шуд. Донишҷӯён тавассути воситаҳои таҳлилӣ сатҳи ҷалби аудиторияро ҳисоб намуда, таносуби вокунишҳоро муайян карданд, мазмуни шарҳҳоро гурӯҳбандӣ намуданд ва тамоюлҳои рафтори корбаронро ошкор сохтанд.
Бо такя ба таҳлили додаҳои рақамӣ ва истифодаи абзорҳои зеҳни сунъӣ, донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки робитаи миёни формати муҳтаво ва вокуниши аудиторияро ба таври далелнок арзёбӣ кунанд. Ин раванд ба рушди тафаккури таҳлилӣ, саводи рақамӣ ва малакаҳои касбии арзёбии муҳтавои онлайн мусоидат намуд.
Дар маҷмуъ, ҳамгироии зеҳни сунъӣ ба соҳаи журналистика ва низоми таълим ҳамчун марҳалаи нави таҳаввули муҳити рақамӣ арзёбӣ мегардад. Ин раванд бо тағйироти сохторӣ дар тавлид, коркард ва паҳнсозии иттилоот иртибот дошта, аз мутахассисон сатҳи баланди саводи рақамӣ ва қобилияти таҳлили додаҳоро тақозо мекунад.
Самаранокии истифодаи зеҳни сунъӣ ба омодагии касбии омӯзгорон ва журналистон, асоснокии методӣ, инчунин, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва масъулияти иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Шаҳноза ЗАРИПОВА,
дотсенти кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров