Омӯзгор бояд худомӯз бошад

Воқеан, нақши омӯзгор дар таълиму тарбия муҳим мебошад, зеро нури маърифатро дар дили шогирдон меафрӯзад. Ҳунари муаллим дар рангин баргузор намудани дарс ифода меёбад.

Муаллим бояд дар доираи ихтисосу касби худ маҳдуд нашуда, дониш ва маҳораташонро мунтазам такмил диҳад.
Одоби ҳамидаву дониши амиқ, гуфтори ҷозибу фасеҳ, донишмандиву хиради волои муаллим меҳру таваҷҷуҳи шогирдонро ба омӯзиш бештар менамояд. Аз ин рӯ, муаллим бояд ҳамеша ба худомӯзӣ машғул шавад ва дар раванди дарс аз усулҳои ҷолиб истифода кунад.
Омӯзгорони зиёде ҳастанд, ки ба сайқал додани маҳорати педагогии худ мекӯшанд, ки дар онҳо шавқ, хоҳиш ва талабот ба омӯзиш ва меҳнати педагогӣ хуб ташаккул ёфтааст.
Барои шавқовар шудани дарс, инкишофи нутқи хонандагон ва афзудани дониш, маҳорат ва малакаи онҳо муаллим метавонад аз чистону зарбулмасал ва дигар методҳои бозӣ истифода барад. Ҳангоми гузаронидани чунин бозиҳо хонандагон ба дарс ҳавасманд шуда, барои тайёр кардани дарс ва аз худ намудани дониш бештар кӯшиш менамоянд.
Дар дарс бештар талаба бояд сухан гӯяд, муаллим гӯш кунад, ба фикру андешаҳои шогирдон ба тарзи баёни онҳо диққат диҳад. Дар ин ҳолат, фаъолнокии муаллим ба хонанда мегузарад.
Ба ибораи дигар, муаллим дар интихоби метод озод аст. Ҳоло аксари муаллимон аз методи фаъоли интерактивӣ пурсамар истифода мебаранд. Дар зимн, бояд нақшаи дурусти мувофиқро ба ҳар як соати дарсӣ омода намуд ва ба сифати баланд гузаронд.
Вазифаи мо-омӯзгорон тарбия намудани шогирдон дар руҳияи худогоҳии миллӣ, созандагӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Мо бояд шукронаи истиқлол ва сулҳу субот намуда, дар таълиму тарбияи шогирдон бо масъулияти баланд муносибат намуд, хонандагонро дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем.
Зебинисо ХУДОЙБЕРДИЕВА,

омӯзгори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода

Добавить комментарий