Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технология ва тағйирёбии арзишҳои иҷтимоӣ нақш ва мавқеи омӯзгор беш аз ҳар вақти дигар сарнавиштсоз гардидааст. Агар дар гузашта омӯзгор танҳо манбаи асосии дониш ба ҳисоб мерафт, имрӯз ӯ роҳнамо, мураббӣ, ташаккулдиҳандаи тафаккур ва созандаи шахсияти насли нав мебошад.
Истиқлоли давлатӣ имконияти васеъ барои дастгирӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорро фароҳам оварда, ҳуқуқу уҳдадориҳо, принсипҳои фаъолият, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар самти муносибатҳои омӯзгоронро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва ҳифз намуд. Қабул ва амалӣ гардидани консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлативу соҳавӣ заминаи хуб барои таъмини шароити мусоид барои таълимдиҳандагон гардид. Дар замоне ки иттилоот фаровон ва дастрас аст, нақши омӯзгор ҳамчун роҳнамо дар интихоби дурусти маълумот ва таҳлили интиқодӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Маҳз ба ҳамин хотир, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия ва қабул гардид. Меҳвари асосии ин қонунро рушди маънавиёти ҷомеа ва шукуфоии имрӯзу фардои кишвар ташкил медиҳад, зеро омӯзгор ба сифати неруи созандаву ободкор дар сиёсати давлат шинохта мешавад. Моҳияти қонун дар он ифода ёфтааст, ки омӯзгор на танҳо тарбиятгару роҳнамои насли нав аст, балки поягузори шуур ва худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мавқеи омӯзгор бояд аз ҷониби давлат ва ҷомеа кафолат дода шавад. Фаромӯш набояд кард, ки дар таърихи соҳаи маориф бори аввал мафҳуми мақоми омӯзгор ба таври ҳуқуқӣ муайян шуда, шарту шароити касбӣ, таълимӣ ва иҷтимоии ӯ бо дарназардошти талаботи замон танзим мегардад.
Қадршиносӣ, дастгирии моддӣ ва маънавӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти эҷодӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон аз омилҳое мебошанд, ки ба болоравии сифати таълим мусоидат мекунанд.
Рисолати омӯзгор дар заҳматҳои шабонарӯзӣ ва садоқати пайвастаи ӯ зоҳир мегардад. Дар баробари ин, вай бояд пайваста дар ҷустуҷӯи такмили дониш ва маҳорати касбӣ бошад. Иштирок дар семинару конференсияҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва истифодаи усулҳои инноватсионӣ аз талаботи замони муосир маҳсуб меёбанд.
Моҳшариф ШОАХМЕДОВА,
директори литсейи давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ













